Ҳамал
Дар ин рӯз саломатиятон ташвиш намедиҳад. Беҳтар мебуд, ки барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан кӯшиш ба харҷ дода, бо машқи бадан ва истеъмол намудани витаминҳои муфид машғул шавед. Барои табобати дандон ва гузаронидани амалиётҳои косметикӣ дар пӯсти рӯй рӯзи мусоид аст.
Савр
Эҳтимоли пастшавии масунияти бадан дар назар аст. Аксари саврҳо ба табиб муроҷиат мекунанд. Мушкилиҳои оилавӣ табъатонро хира месозанд. Агар дӯстони содиқи худро аз даст додан нахоҳед, виҷдонро нафурӯшед. Рафтори яке аз аъзоёни оила боиси рух додани низоъ мегардад.
Ҷавзо
Тағйиротҳои ҷиддие, ки дар зиндагиятон рух медиҳанд, нақшаву ниятҳоятонро барбод медиҳанд. Рафтори ногаҳонии шумо боиси хафа шудани дӯстонатон мегардад. Барои сайругашт дар ҳавои тоза, машқи бадан, хариди чизҳои қиматбаҳо ба ғайр аз ҷавоҳирот рӯзи мусоид аст.
Саратон
Дар ин рӯз агар реҷаи хобу меҳнатро дуруст ба роҳ монда, аз қаҳру ғазаб ва дағалӣ худдорӣ намоед, саломатиятон ташвиш намедиҳад. Бадбиниву душмании рақибонро оромона қабул намоед. Нисбати ёри худ меҳрубонии зиёд зоҳир намоед, вагарна оштӣ шуданатон кори душвор мегардад.
Асад
Саломатиятон дар ин рӯз нохуб гашта, гирифтори асабоният мегардед. Эҳсосоти худро идора намоед, вагарна нафарони зиёдеро меранҷонед. Масъалаҳои молиявӣ хуб анҷом намеёбанд. Ваъдаҳоеро, ки ба шумо дода буданд, хому фиреб мебароянд.
Сунбула
Шодиву нобарориҳо дар ин рӯз бо навбат ба саратон омада, мушкили зиёдеро рафъ кардан муяссаратон мегардад. Нисбати атрофиён меҳрубониву дилсӯзӣ зоҳир мекунед. Агар дар ин рӯз хатогиҳои гузаштаи худро дарк намоед, имкони аз онҳо халосӣ ёфтанро пайдо месозед.
Мизон
Дар ин рӯз мушкилоти пулӣ ташвишатон намедиҳад. Нимаи дуюми ҳафта эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ вуҷуд дорад. Барои он ки муносибати худро бо нафарони содиқу бовафое, ки дар лаҳзаҳои шодиву ғам дар баратон ҳастанд, вайрон насозед, аз доираи ҳасудону рақибон дурӣ ҷӯед.
Ақраб
Дар ин рӯз вазъи саломатиятон нохуб гашта, эҳтимоли пайдошавии бемории зуком ва бемориҳои музмин дар назар аст. Бештар маҳсулоти табиӣ ва шарбат истеъмол намуда, саломатиро барқарор сохта метавонед. Хабарҳои ногувор табъатонро хира месозанд.
Қавс
Дар ин рӯз бо маслиҳату миёнаравии дӯстону наздикон муваффақ мегардед. Уҳдадориҳои баногаҳ ба саратон боршуда боиси сард гаштани муносибат бо наздикон мегардад. Як ҳарфи ноҷо ё рафтори беандеша дӯстонро аз шумо ҷудо месозад.
Ҷаддӣ
Вазъи молиявиатон беҳтар шуда, робитаи дӯстонро бо шумо қавитар месозад. Ғуруру такаббур имкон намедиҳад, ки каме маблағи худро барои рӯзи мабодо захира намоед. Рафту агар пулро захира карда тавонед, мушкиле тавшишатон нахоҳад дод.
Далв
Кӯшиши ба даст овардани пули бе дарди миёнро накунед, вагарна обрӯятон рехта, аз мушкилиҳо амон намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Мушкилиҳои дар ҳаёти шахсӣ рухдодаро ба дил наздик қабул накунед. Суҳбати ошкоро бо шахсе, ки дӯсташ медоред, асабонияти шуморо рафъ месозад.
Ҳут
Эҳтимоли хуруҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Нохуб гаштани вазъи саломатӣ боиси ба таъхир гузоштани сафарҳоятон мегардад. Шифоёбии шумо аз тарзи ҳаётатон вобастагӣ дорад. Баъди нисфирӯзӣ ба кӯмаки молиявӣ ниёз пайдо мекунед.