ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1300

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз тағйироти муҳим ба зиндагии шумо ворид мешавад. Шиносоӣ бо шахси ҷолиб имкон дорад, ки нақши калон дар тақдиратон мегузорад. Корҳои хона зиёд мешаванд, кумак пурсед, шуморо дастгирӣ мекунанд. Вақти хубест барои истифодаи истеъдод ва пайдо кардани роҳҳои нави даромад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, сайругашт дар ҳавои тоза ё истироҳат нерӯ мебахшад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз шиносоии нав метавонад ба муҳаббати самимӣ табдил ёбад. Хабари ногаҳонӣ метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад, ором бошед ва боақлона рафтор кунед. Ба эроди дигарон дар масъалаҳои корӣ диққати зиёд надиҳед. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳо эҳтиёт шавед, эҳтимол фиреб бошад. Машқи сабук ё сайругашт рӯҳияатонро боло мебарад. Имрӯз рӯзи орому мусоид аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Кӯшиш намоед муҳаббат ва ғамхориро дар муносибатҳои ошиқона нигоҳ доред. Имрӯз шояд бо наздикон нофаҳмӣ рух диҳад, аммо сабр ҳама чизро ҳал мекунад. Дар масъалаҳои молӣ қарз нагиред, беҳтараш ба хешу табор муроҷиат кунед. Аз кори зиёд ва асабоният худдорӣ кунед, саломатиятон нозук аст, ба худ истироҳат диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи хуб барои шиносоии нав аст, аммо ба одамони ношинос аз ҳад зиёд дар бораи худ маълумот надиҳед. Ба худ вақт диҳед, бештар бо корҳои шахсӣ ва омӯзиш машғул шавед. Агар зиёд кор кунед, ҳаққи худро талаб кунед. Аз амалиётҳои хатарнок наҳаросед, имкони бурд вуҷуд дорад. Дар роҳ эҳтиёт шавед, пиёда мегашта бошед ё агар мошин меронда бошед, ҳушёр бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои вохӯрии ошиқона вақти мувофиқ нест, вазъият метавонад монеа эҷод кунад. Баҳс бо ҳамсоя ё наздикон имкон дорад. Ба корҳои душвор даст назанед, беҳтараш онҳоро ба фардо гузоред. Рӯзи пур аз мулоқот ва гуфтугӯҳо аст. Имкони хуби ба даст овардани даромади пулӣ дар назар аст. Барои саломатӣ машқ, роҳгардӣ ва шиноварӣ фоидаовар аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар муносибатҳои ошиқонаатон сард шуда бошанд, сабаб на танҳо дар шахси дигар, балки дар талаботи зиёди худатон аст. Ба чизҳои хурд аҳамият надиҳед ва бахшиданро ёд гиред. Кори нав ё таҷрибаи дигар метавонад муваффақият оварад. Вақти хубест барои харид ё истироҳат. Агар соатҳои зиёд нишаста кор кунед, фитнес ё шиновариро оғоз намоед, саломатиятон беҳтар мешавад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Дар ҷодаи муҳаббат шитоб накунед, бигзор ҳама чиз табиӣ рушд кунад. Эҳсосоти шумо имрӯз қавӣ мешавад, беҳтараш вақти озодро ба кори дӯстдошта бахшед. Дар ҷои кор эҳтиёт бошед, эҳтимол санҷиш гузаронида шавад. Агар бо наздикон ихтилоф пайдо шавад, ором бошед, ҳамдигарфаҳмӣ муносибатро хуб месозад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз эҳтимол муносибати ошиқонаатон хотима ёбад, вале ин ба фоидаи шумост. Мардон бояд байни хоҳиш ва зарурат дуруст интихоб кунанд. Дар ҷои кор бо одамони боистеъдод мулоқот мекунед, ин ба рушди шумо кӯмак мекунад. Дар масъалаи молиявӣ эҳтиёт кунед, тасмимҳоро бодиққат гиред. Аз кори зиёд худдорӣ кунед ва вақтро барои истироҳати хуб ҷудо намоед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз кӯшиш кунед бо шахси дӯстдоштаатон баҳс накунед. Эҳтимоли ҷанҷол карданатон зиёд аст. Рӯз пур аз рӯйдод хоҳад буд, вале корҳои калонро ба вақти дигар гузоред. Ба ваъдаҳои беандеша дода нашавед. Аз сарфу харҷи беҳуда худдорӣ кунед. Агар имконият бошад, аз роҳи ҳалол даромади иловагӣ ёбед. Дар машқ эҳтиёт кунед, ҳаракати зиёд хастагӣ меорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат кӯшиш кунед ҳамдигарфаҳмӣ бошад, саркашӣ танҳо мушкил меорад. Барои иваз кардани муҳит ё таъмири хона вақт хуб аст. Шояд роҳбар аз шумо ҳисобот талаб кунад, вале сабр ва оромӣ шуморо аз вазъият мебарорад. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, саросема қарор нагиред. Парҳезатонро назорат кунед, аз хӯроки зиёдатӣ худдорӣ намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Шиносоии нав метавонад ба дӯстии ҷиддӣ табдил ёбад. Бо наздикон шояд баҳси хурд рӯй диҳад, сабаб масоили хонаводагӣ аст. Ба гапи ҳамкорони ҳасудкор аҳамият надиҳед. Гарчанде вазъи молӣ ноустувор аст, сабр ва заҳмат онро беҳтар мекунад. Имрӯз рӯзи хуб барои нигоҳубини саломатӣ ва оромиш аст. Дар як вақт корҳои зиёд накунед, ором амал намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат шояд бахти худро наёбед, аммо рӯҳияи хубатонро нигоҳ доред. Эҳсосоти зиёдатӣ метавонад дар оила баҳс барангезад, кӯшиш кунед нарм рафтор кунед. Дар ҷои кор қобилиятҳоятонро нишон диҳед. Ба ғизо ва истироҳати дуруст аҳамият диҳед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД