arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2022
2315

Ҳамал     

Агар нафаре аз шумо кӯмак пурсад, рад накунед ва нисбати заифиву гумроҳии дигарон босабр бошед. Илова бар ин, хеле эҳтиёткор бошед, дар ин рӯз бо сабаби шитобкорӣ ва беэҳтиётӣ хатари рух додани садама ва бардоштани ҷароҳат зиёд аст. Агар дӯстдошта дошта бошед, дар ин рӯз нисбаташ дағалӣ накунед. Талабу даъвои худро ба касе нагӯед, фаромӯш насозед, ки даҳони пӯшида тилло аст.

 

Савр

Худро бад ҳис карда, аз бемадориву беқувватӣ ба мақсад расида наметавонед. Тамоми корҳои худро як тараф гузошта, аз пайи беҳтар сохтани вазъи саломатиятон шавед, вақту қувваи худро беҳуда сарф накунед. Аз пурсидани кӯмак аз наздиконатон шарм надоред: дастгирии онҳо шуморо аз ғарқ шудан дар гирдоби мушкилиҳо наҷот медиҳад.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз ба ҳар коре даст назанед, коратон барор намегирад. Як корро чанд маротиба аз сари нав иҷро карданатон лозим меояд. Қуввату асаби худро муҳофизат намоед. Робита бо одамон боиси асабхаробии шумо мегардад, аз ин лиҳоз муоширатро кам кунед. Имкони бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад. Барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан кӯшиш ба харҷ диҳед.

 

Саратон

Дар ҷойи кору дар оила беҳтар шудани вазъиятро эҳсос мекунед. Дар ҳаёти шахсӣ росткору самимӣ бошед. Вақти пинҳонкориву гапҳои нотамом нест. Тавре рафтор намоед, ки нафари ба ҷону дил баробаратон ба муҳаббати шумо шакку шубҳа накунад.

 

Асад

Вазъи саломатиятон нохуб гашта, корҳоятон низ чандон хуб намешаванд. Аз ҷониби дигар саховатмандиву дилкушодии шумо диққати нафарони аҷибро ба шумо ҷалб месозад. Кӯшиш намоед, ки бо волидону нафарони калонсол баҳсу мунозира накунед. Беҳурматӣ нисбати калонсолон бар нафъи шумо нест.

 

Сунбула

Шуморо рӯзи аҷибу пурмаҳсул дар пеш аст. Аз масъулият доштану истифода бурдани шиносҳо ва ба дигарон таъсир расонидан натарсед, он гоҳ муваффақ мегардед. Ҳар хабаре ки мешунавед, сарчашмаи пайдоиш ва то кадом андоза дуруст буданашро нағзакак санҷида бинед, зеро хатари паҳн гардидани хабари дурӯғ зиёд аст.

Мизон

Аксари мизонҳо дар ин рӯз худро нороҳату бесарпаноҳ ҳис мекунанд. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, вагарна бо тарсу шакку шубҳаи нодаркор азият мекашед. Дар ин лаҳзаҳо дӯстону хешовандон дастгиратон бошанд, тамоми мушкилиро пас сар мекунед. Ба дӯстон қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна кор бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбад.

 

Ақраб

Дар ин рӯз вохӯриҳои зиёд ва сафар имкон дорад. Дар баробари ин, мушкилиҳо низ зиёд мешаванд. Миёнаи рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, бо истифода аз ақлу заковат ва истеъдод имкони ба даст овардани маблағи хуб фароҳам меояд. Хусусан нафароне, ки бо омӯзгорӣ машғуланд, муваффақ мегарданд.

Қавс

Барои хуб нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ бояд заҳмати зиёд кашед. Истироҳат кунеду қуввати худро барқарор созед, вагарна худро ба мисли лимуи ҷабида эҳсос мекунед. Ба кӯмаки атрофиён низ чандон умед набандед, айни замон дар танҳоӣ амал карданатон беҳтар аст.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз дар масъалаҳои кориву дар робита бо атрофиён мушкилӣ сар мезанад. Хушбахтона, шумо аз мушкилиҳо намеҳаросед ва омода ҳастед аз пайи рафъ карданаш шавед. Ин хислататон хуб аст, вале дар сари эҳсосот ба ғалат роҳ надиҳед. Ба хотири саломатии худ дар вақту соаташ истироҳат карданро фаромӯш накунед.

Далв

Дар ин рӯз аз меҳрубониву муносибати хуби аҳли оилаи худ ҳаловат мебардоред. Мутаассифона, на ҳамаи ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдода ба фоидаи шумост. Хабари дар охири рӯз ба гӯшатон расида шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад.

 

Ҳут

Қариб тамоми рӯз шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои иқтисодиро ҳал кунед. Шояд вақти ба куллӣ тағйир додани вазъият фаро расидааст? Баъзе ҳутҳоро мушкилоти пулӣ ба идораи суду судбозиҳо мебарад. Мушкилӣ зиёд мешаваду қувваву нерӯи шумо хеле кам. Худро эҳтиёт кунед, вагарна кор ба ҷое мерасад, ки гирифтори руҳафтодагиву яъсу ноумедӣ мегардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД