Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2021
3158

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав, сайру саёҳат ва қабули меҳмон. Муносибати некатон нисбати атрофиён боиси комёбиҳо дар оянда мегардад. Парешонхотирӣ ва бо як кор машғул шуданро нахостанатон дар касбу коратон мушкилӣ меорад. Нӯшидани машрубот, чидани гул ва оташ афрӯхтанро маслиҳат намедиҳем. Дар атрофи ҷуй ё дарё сайр кардан хуб аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар оила ва корҳои шахсиятон тағйиротҳо имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёдӣ пулӣ ё обруву нуфузатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳое, ки кайҳо фаромӯш карда будед, аз нав рӯ ба рӯ мегардед. Акнун ин мушкилиҳо аз нав сар зада, табъатонро хира месозанд. Аз шиносоиҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз нобарориҳои рӯзҳои наздик халосӣ намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз муноқиша ва баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Бо касе шинос шудану оиладор шуданро маслиҳат намедиҳем. Агар имрӯз бо нафаре низоъ намоед, баъдан оштӣ шуданатон душвор ва ҳатто номумкин мегардад. Тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба саломатии нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, беасар намемонад.

 

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои гуворо ва шиносоии ногаҳонӣ рух медиҳанд. Тағйиротҳое, ки дар зиндагиятон рух медиҳанд, дар мадди аввал табъатонро хира месозанд, вале заррае набояд хавотир шавед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Барои оғози тиҷорат ва савдои хурд рӯзи мусоид аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хеле эҳтиёткор бошед, дар ягон кор ба ғалат роҳ надиҳед. Рафтори ғайриоддии шуморо атрофиён қабул карда наметавонанд. Одати аз пашша фил сохтан сабабгори хулосаҳои шитобкорона бароварданатон мегардад. Дар хона эҳтимоли рух додани муноқишаи калон вуҷуд дорад, босабру таҳаммул бошед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз нисбати волидон ва пиронсолони оилаатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Хислати шуморо атрофиён хеле бо душворӣ таҳаммул мекунанд. Фаромӯш насозед, ки рӯзе неши ақраб бар худаш низ таъсир мерасонад ва ҳама чизро барбод медиҳад. Беҳтараш аз пайи амалӣ сохтани нақшаҳое шавед, ки чандон хатарнок набошанд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз муноқишаву низоъ худдорӣ намоед. Ҳар қадаре шумо фаъол бошед, ҳамон андоза мушкилиҳоятон зиёд мегарданд. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, рӯдаву меъдаатон дар ин рӯз заиф мегардад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ. Кӯшиш намоед, қувваву пул ва вақти худро беҳуда сарф накунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Тамоми нақшаву ниятҳое, ки дар ин рӯз доред, амалӣ мегарданд. Эҳтимол барои ҷалб сохтани атрофиён андаке ба муболиға роҳ медиҳед, вале ақидаҳоятон самараи хуб медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Далвҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки ишқашон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва сайёҳат кардану қабули меҳмонон. Хушчақ-чақӣ, дилрабоӣ ва ақидаҳои беназиратон боиси муваффақиятҳо дар ояндаатон мегардад. Дар хоб дидани муноқишаву баҳс аз бурбдорӣ дарак медиҳад. Ба гапҳое, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Бо нафароне, ки ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд, аз он ҷумла бо волидон робитаи худро канда насозед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Бегоҳирӯзӣ нерӯятон дучанду табъатон болида мегардад. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад. Бо нафарони калонсоли оила гапатон мегурезад. Шумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред.

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз танҳо нақшаву ниятҳоеро ба дӯш гиред, ки аз уҳдааш мебароед ва онро то охир расонед. Гӯш кардани мусиқии таскинбахш, маҳси бадан ё дар ҳавои тоза сайр кардан руҳатонро болида мегардонад. Барои ба сафар баромадану қабули меҳмон рӯзи мусоид аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД