sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3171

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯзи зебои баҳорӣ табъатон хеле болида мегардад. Муҳимаш назди дӯстон худро зиёд таърифу тавсиф накунед. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед. Аз ҷониби яке аз наздикон туҳфа мегиред. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз бо маблағи калон кор карданро маслиҳат намедиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар масъалаҳои пулӣ ҳангоми нобарорӣ бурдборӣ низ насибатон мегардад. Аз харидани чизҳои қимматбаҳо худдорӣ намоед, вагарна тамоман бепул мемонед. Баъди нисфирӯзӣ нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад. Вохӯрии ошиқона зиндагиятонро тамоман тағйир медиҳад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст, онро барои рафъи корҳои нотамом истифода баред. Дар ҳаёти шахсӣ бомулоҳизаву эҳтиёткорона амал намуда, бурд мекунед. Агар муҷаррад бошед, сафи ошиқонатон зиёд мешавад. Рафту оиладор бошед, ба нафароне, ки васфи ҳусну ҷамолатонро мекунанд, диққат диҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз нерӯи худро сарф накунед, зеро рӯзи пур аз фиребу найранг аст. Пешакӣ кореро ба нақша нагиред, вагарна барор намегирад. Вазъи устувори молиявӣ боиси дилпур гаштанатон мегардад. Ба ҳар ҳол пулро зиёд сарф накунед. Вохӯрии ногаҳонӣ бо собиқ дӯстдоштаатон шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Бо ҳамкорон забон ёфтанатон муҳим аст, вагарна корҳоятон пеш намераванд. Аз ҷониби дӯсти наздикатон дастгирӣ эҳсос мекунед. Нафарони оиладор бояд аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта тавонанд, то ки зиндагияшон мустаҳкам гардад. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре аз наздикон муноқиша имкон дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода нашавед, хусусан, агар чунин рафтор табъи дили ёратон набошад, худро ба даст гиред. Ҳангоми суҳбат бо роҳбарият ошкоргӯӣ накунед, вагарна ба муноқиша гирифтор мешавед. Сунбулаҳои муҷаррад бахти деринтизори худро пайдо мекунанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳамагуна имкониятро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсии худ истифода баред. Босабр бошеду оқилона рафтор намоед, то ки нисбати шахси бароятон азиз беандешагӣ накунед. Дар саломатиятон мушкилӣ сар зада, эҳтимоли асабхаробӣ вуҷуд дорад. Аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт шавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз аз натиҷаи кори баъзе ҳамкороне, ки ба маслиҳати шумо гӯш намедоданд, рӯҳафтода мегардед. Сафари хизматӣ бобарор анҷом ёфта, имкониятҳои хуберо пеш меорад. Саломатиятон диққати махсусро металабад, аз ин рӯ, ба пурхӯрӣ ва истеъмоли нӯшоикҳои газнок роҳ надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нисбати худу атрофиён сахтгир нашавед. Шумо пайваста ҳама чизро назорат намуда, беҳбудиҳоро намебинед. Мушкилиҳои молиявии худро фавран рафъ созед, то ки дар кисаатон пул бошаду аз қарзҳо халос шавед. Аз пешниҳодҳое, ки имрӯз пайдо мешаванд, худро гум накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо тамоми ҳастӣ муҳити хонаводагиро хубу гуворо сохтан мехоҳед. Ҳатто муваққатан аз андешаҳои мағшуше, ки баъди ҷудоӣ бо дӯстдоштаатон шуморо раҳо намесозанд, халосӣ меёбед. Ҷаддиҳои муҷаррад ба доми ишқ меафтанд. Ғизоеро, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад, нахӯред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Фикру андешаҳои зиёд имкон намедиҳанд, ки бо мушкилиҳои рӯзгор машғул шавед. Парешонхотирӣ боиси ба ғалат роҳ додану ҷароҳат бардоштанатон мегардад. Агар дар ҳаёти шахсиятон сар задани мушкилиро намехоста бошед, ба дунё бо чашмони дӯстдоштаатон назар кунед. Волидонатон ба кӯмаки шумо ниёз доранд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Тамоми имкониятҳоро барои хубтар сохтани вазъи молиявӣ ё ҳаёти шахсӣ истифода баред. Рафтори беандеша нисбати дӯстдоштаатон оқибати ногувор пеш меорад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед. Беморие, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад, аз ин лиҳоз, худро эҳтиёт кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД