Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3684

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба эҳсосот дода нашавед. Гумон накунед, ки нафаре ба додатон мерасад ё ба ҳарфатон гӯш медиҳад. Аз кори худу атрофиён қаноатманд намегардед. Ҳангоми сари қароре омадан ба шитоб роҳ надиҳед. Оромона ӯҳдадориҳои худро иҷро намуда, ба ободонии хонаву дар ва харид машғул шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи хубест барои истироҳати фаъол ва кор дар ҳавои тоза. Сафару саёҳат бобарор анҷом меёбад. Одати дамдуздиятонро партоед, вагарна муносибат бо атрофиён торафт сард мегардад. Ба саломатии худ ва наздикон беаҳамиятӣ зоҳир нанамоед, вагарна баъдан дер хоҳад шуд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпида, бурд мекунед. Бо корҳои майда-чӯйда машғул шудан намехоҳед, нияти ба даст овардани пули калон шуморо ба корҳои ҷиддитар водор месозад. Ҷидду ҷаҳдатон хуб аст, вале аз пайи кор шуда, саломатӣ ва дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои амалӣ кардани нақшаҳоятон. Имкони пайдо кардани шиносҳои нав вуҷуд дорад. Ин шиносоӣ баъдтар ба муносибати ошиқона мубаддал мегардад. Бадхоҳон дар фикри бадии шумо ҳастанд. Ба бехобӣ роҳ надиҳед, вагарна қобилияти кориятон паст мегардад ва дар ҷои кор азият мекашед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз саломатӣ ва қобилияти кориятон хеле хуб мегардад, вале асабониятатон зиёд мешавад. Аз оташ эҳтиёт шавед, имкони рух додани сӯхтор вуҷуд дорад. Хоби шаби гузашта дидаатон дар ҳамин рӯз амалӣ мегардад. Хушбахтона, дар хоб дидани мева аз шифо ёфтани бемориҳо хабар медиҳад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз касе маслиҳату кӯмак напурсед. Касе кӯмак намерасонад, вале зарари нафаре ҳатман мерасад. Ба атрофиён имкон надиҳед, ки ба корҳоятон бинӣ халонанд. Аз бадхоҳону ҳасудон эҳтиёт шавед. Беҳтараш дар танҳоӣ вақт гузаронида, мушкилиҳоро мустақилона рафъ кунеду ба таҷрибаи худ бовар кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ба вазъи саломатии худ диққати бештар диҳед. Мушкилиҳои хурди оилавӣ имкон доранд, ки бо гузашти вақт ҳалли худро меёбанд. Мушкилӣ ҳангоми робита бо наздиконатон боиси зиддияте мегардад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Беҳтараш олиҳимматӣ нишон дода, гузашт кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Хатари ҷароҳат бардоштану ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Аз роҳгардии босуръат, ашёҳои нӯгтезу бурранда, асбобҳои барқӣ ҳушёр шавед. Таъсири манфии бегонаҳо ё маслиҳати дурӯғомез боиси аз даст додани маблағ мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба сафару саёҳат баромаданро тавсия намедиҳем. Рӯзи орому бе ҳодиса аст. Нисбати худ таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира гашта, рӯҳафтодагӣ қариби бегоҳ ба дилатон лона мегузорад. Ба дунёи худ фурӯ наравед, наздикон ба суҳбати гарми шумо ниёз доранд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз нафароне эҳтиёт шавед, ки аз комёбиҳои шумо шабҳо хоб надоранд. Ба садои қалби худ гӯш дода, дӯстро аз душман фарқ кунед. Бо кори якрангу бемаънӣ машғул шудан намехоҳед. Аз моҷаро бо атрофиён дурӣ ҷӯед, имкони муноқиша вуҷуд дорад. Вохӯрии ошиқона фаромӯшнашаванда анҷом меёбад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда ба масъалаҳои молиявӣ рабт доранд. Аз ин рӯ, табъатон хеле хира мегардад. Ба баҳсу мунозира роҳ дода, бо сардор ё нафарони воломақом зиддият нишон надиҳед, дар ин рӯз ғолибият насиби шумо намегардад. Бонувон рӯзҳои наздик хабари хуш мешунаванд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дурушту дағал мегардед. Ҳатто камтарин эътирозро ба баҳсу мунозира кашида, ба ҳамсуҳбати худ фишор меореду маҷбур месозед, ки ба андешаи шумо розӣ шавад. Аз сабаби он ки нақшаҳоятон ногаҳон барбод мераванд, асабӣ мешавед. Бонувон бояд ҳушёр бошанд, нафари бадхоҳ дар фикри бадии шумо аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД