Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
2607

Ҳамал

Агар нақшаи корҳоятонро тартиб диҳед, ба зудӣ ба мақсад мерасед. Ҳангоми робита бо нафарони ношинос андозаро нигоҳ доред. Баъзеҳо мақсади асабӣ сохтану ба ғазаб овардани шуморо доранд. Вазъи саломатиятон хуб нест, аз ин рӯ, пешакӣ чора андешиданатон лозим аст. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.


Савр

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна бегоҳирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Қисми авали рӯз барои истироҳат дар оғӯши табиат созгор аст. Тамоми сафару саёҳатҳо бобарор анҷом меёбанд. Барои бастани ақди никоҳ ва ҷашну маъракаҳо рӯзи бобарор аст.



Ҷавзо

Дар ин рӯз аз наздикон ва умуман аз зиндагӣ чӣ хостанатонро муайян созед. Дар ҳаёти шахсиятон низ бояд интихоби дуруст карда тавонед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, муносибатҳои самимонаатонро нигоҳ доред. Барои он ки бемориҳои куҳна аз худ дарак надиҳанд, саломатии худро эҳтиёт кунед.

Саратон

Имрӯз табъатон тамоми рӯз тағйир меёбад. Ҳолати худро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна вазъият бадтар мешавад. Бадгумониятон боиси пайдо шудани мушкили зиёде мегардад. Вазъият дар оилаатон чандон ором намешавад, аз ин лиҳоз бо наздикон баҳс накунед. Аз робита бо нафарони бадкирдор дурӣ ҷӯед.


Асад

Дар ин рӯз хотирпарешону хаёлӣ мегардед. Аз ин рӯ, чизеро ба нақша гирифтану кори наверо оғоз карданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш бо корҳои муқаррарӣ машғул шуда, аз пайи рафъи камбудиҳои хона шавед. Танҳо дар ҳамин сурат табъатон болида мегардад. Тамоми хабару маълумоти шунидаро тафтиш намоед.

Сунбула

Диққати худро ба корҳои оилавӣ ҷалб намоед. Эҳтимоли бо яке аз наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз ҳадди эътидол берун набароед. Агар маблағи дар даст доштаи худро беҳуда сарф кунед, вазъи молиявиатон хеле душвор мегардад. Дар ҳама кор тартиботро риоя намуда, муваффақ мегардед.

Мизон

Имрӯз кореро бояд ба анҷом расонед, ки аз натиҷааш бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаҷриба баҳс накунед. Агар ба камбудиҳои пешомада диққат надиҳед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рӯз барои эҷод, сохтмон, бастани ақди никоҳ ва истироҳат дар оғӯши табиат бобарор аст.


Ақраб

Наздиконатон пайваста аз шумо чизеро талаб мекунанд. Маҳз ҳамин чиз боиси асабоният ва ба ғазаб омаданатон мегардад. Нисбати нафароне, ки бо шумо меҳрубону самимиянд, муносибати хуб кунед. Саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед.


Қавс

Дар ин рӯз табъатон болида аст, вале на ҳамаи нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Вохӯрии тақдирсозе имкон дорад, ки фаромӯшнашаванда мегардад. Ба нафаре ошиқ шуда хеле хушбахт мегардед. Бо коре, ки дар он таҷриба надоред, машғул нашавед. Беҳтараш бо кори назарногир, вале фоидаовар машғул шавед.


Ҷаддӣ

Бо сабаби мушкилиҳои дар хонаатон сарзада зуд-зуд асабӣ мешавед. Нофаҳмӣ бо ҳамкорон боиси муноқишаи ҷиддӣ мегардад ва роҳбарият ба ин рафтори шумо бо назари танқид менигарад. Барои он ки гирифтори асабхаробӣ нагардед, дар ҳавои тоза сайругашт намуда, қабл аз хоб оббозӣ кунед. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Далв


Аз он ки аксари мушкилиҳоятон худ ба худ рафъ мегарданд, сидқан қаноатманд мегардед. Дар ҷойи коратон вазъияти душворе ба амал меояд, ки бемасъулиятӣ карданатон лозим нест. Нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон хунукназарӣ намуда сабабгори рух додани муноқиша мегардед.

Ҳут

Барои он ки муносибататон бо ҳамкорони тиҷоратӣ вайрон нагардад, табъи нохуши худро нишон надиҳед. Оромиро нигоҳ дошта бо корҳои муқаррарӣ машғул шавед, вагарна гирифтори нофаҳмӣ ва фишори руҳӣ гашта, дар натиҷа бемориҳои дил ва рӯдаву меъда хурӯҷ мекунанд. Уҳдадориҳои худро ба дӯши ҳамкорон бор накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД