Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2666

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз вохӯрӣ ва шиносоиҳои нав имконпазиранд, ки ҳаёти ояндаи шуморо куллан тағйир дода метавонанд. Бо атрофиён рӯ ба рӯ суҳбат кунед ва аз гуфтани ҳар сухани пасту баланд худдорӣ намоед. Агар соҳиби мошини шахсӣ бошед, танҳо барои имрӯз аз рондани он даст кашед, зеро ин ба фоидаи шумо хоҳад буд.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз аз ӯҳдаи ҳама корҳои худ баромада наметавонед ва маҷбур мешавед, ки як қисми коратонро бар дӯши ҳамкорон гузоред. Агар шумо яку якбора чанд корро иҷро кардан хоҳед, оқибат пушаймон мешавед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро бароятон тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Муваффақияти корҳоятонро дида, рӯҳбаланд мешавед ва минбаъд ҳар коратонро бо шавқи тамом иҷро мекунед. Барои ҷустуҷӯи кори нав, хариди хона ва дигар лавозимоти рӯзгор рӯзи бобарору муносиб аст. Аз истеъмоли қанди сафеду шакар худдорӣ кунед, зеро хатари сар задани мушкилӣ дар саломатиатон вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бинобар серкорӣ як чизи муҳимро фаромӯш карда метавонед. Барои оғози тиҷорат рӯзи мусоид аст. Худро мағлубшуда ҳис накунеду бо боварии том аз пайи коратон шавед. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед. Хӯрокҳои серғизо ва аз витаминҳо бойро истеъмол кунед, то масъуниятатон баланд шавад.

Асад (23 июл-22 август)

Аз ҳама кори душворатонро имрӯз ҳал кунед, зеро рӯз барои ин кор мусоид аст, аммо дар рафти ҳалли он муносибати оқилонаву ҷиддиро аз хотир набароред. Бо наздикони худ ба тамошо равед ва аз лаҳзаҳои нотакрори тобистон лаззат баред. Имрӯз ба шумо зиёд диққат медиҳанд, ки хушатон меояд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз вохӯриҳои корӣ, гуфтушунидҳо ва имзо кардани ҳуҷҷатҳо бидуни ягон қувваи иловагӣ ҳалли худро меёбанд. Ҳаёт шуморо дастгирӣ мекунад, ба шарте ки дар иҷрои корҳои ҳаррӯза бомулоҳиза ва ором бошед. Диққат диҳед, ки аз даҳонатон чӣ мебарояд, то баъдан пушаймон нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар худатон ба таври сунъӣ мушкилӣ эҷод накунед, пас рӯз бе ягон мушкилӣ ва масъалаҳои ҳалталаб паси сар мешавад. Барои васеъ кардани доираи дӯстон айёми мусоид аст. Дигарон мехоҳанд, ки шумо худро тағйир бидиҳед, аммо мо мегӯем, ки пеш аз иҷрои ин кор ба ҳарфи дилатон гӯш диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Пеш аз оғози ҳар кор бо нафарони рӯзгордидаву ботаҷриба маслиҳату машварат кунед. Шумо наметавонед, ки мушкилиҳоро ба нақша бигиред, зеро онҳо беогоҳӣ пайдо мешаванд. Дар хона ҳодисае рӯй медиҳад, ки боиси хурсандии шумо мегардад. Ба принсипҳои худ боварӣ дошта бошед, ҳатман ба мақсад мерасед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои муҳокимаи нақшаҳои дарозмуддат ва гуфтшунидҳои корӣ рӯзи бобарор аст. Дар ҷои коратон аз муноқиша ва задухӯрдҳо дурӣ ҷӯед, зеро эҳтимоли аз пушти кирдорҳои бади дигарон асир афтоданатон вуҷуд дорад. Имрӯз шумо ба “ишқ аз нигоҳи аввал” боварӣ ҳосил мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳои муҷаррад ва танҳоро имрӯз маҳфилҳои нави ошиқона интизор аст. Тавсия медиҳем, ки дар чунин масъалаҳо ҷиддӣ бошед. Ба лоиҳаи наве банд ҳастед, баро иҷрои он худро зиёдтар азоб диҳед. Ба наздикӣ аз ҷониби роҳбарият як пешниҳоди нав мегиред, ки аз фоидааш шумо ҳам бенасиб намемонед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Шумо кадри хуб ҳастед ва нафаре кӯшиш мекунад, ки шумо барин нафари арзандаро ба гурӯҳи кории худаш ҳамроҳ кунад. Ваъдаҳои зиёде, ки ба шумо медиҳанд, сабаб мешавад, ки шумо корҳоятонро бо суръати баланд ба сомон расонед. Шомро на дар хона, балки дар ягон макони фароғатӣ ё дилхушӣ гузаронед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки дар бораи ба даст овардани даромади иловагӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ фикр кунед. Шитоб накунед, танҳо аз рӯйи хоҳиши худ кор кунед. Пеш аз он ки ба иҷрои коре қадам мегузоред, боварӣ ҳосил кунед, ки дар охир пушаймон намешавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД