Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз даромади ногаҳонии пулӣ шуморо хурсанд мекунад. Ҳамчунин, туҳфаву кӯмак имкон дорад. Орзуҳои наҷибтаринатон нисбати шахси дӯстдошта амалӣ мегарданд. Бо нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, як умр дар ҳаётатон боқӣ мемонанд. Хобҳоятон аз пешомаде гувоҳӣ медиҳанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Нимаи аввали рӯз барои хариди калон мусоид меояд. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пулатонро беҳуда сарф накунед, зеро аз пеш хариди калон карданатон лозим меояд. Рафтору кирдори шуморо наздиконатон хуб қабул намекунанд ва бо ин сабаб байнатон нофаҳмӣ ва муноқишаи на он қадар калон сар мезанад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи хатарнок аст. Хабарҳои ногувореро мешунавед, ки шуморо дар ҳолати ногувор мегузоранд. Орзуву умедҳои ошиқонаатон барбод мераванд. Руҳафтода нашавед, вагарна ба ҳолати яъсу номуедӣ гирифтор шуда, қаҳру ғазаби беасоси худро нишон медиҳед. Шом бе сарфи қувваву вақт мушкилиҳоро рафъ месозед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Мушкилоти вобаста бо касбу корро ба фардо нагузоред. Ба эътибор нагирифтани баъзе қоидаҳои назарногир, нафрат нисбати нуқтаи назари дигарон боиси нобарориҳо, зарар ва ақибнишинӣ мегардад. Аз рафтори шумо атрофиёнатон нороҳат мегарданд. Нақшаву ақидаҳоятон дастгирӣ намеёбанд.
Асад (23 июл-22 август)
Агар шумо дар ин рӯз бодиққатиро пеша намоед, дар корҳоятон муваффақ мегардед. Дар ҷодаи касбӣ ҳунару маҳорати даркориро аз худ намоед. Бегоҳирӯзӣ мушкилоти вобаста бо табобат ва хешу табори наздик имкон дорад. Дар симои яке аз аъзоёни оилаи худ душманро дида, сахт ғалат мекунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз аз кори душвор худдорӣ намоед, зеро аз ӯҳдаи кор ба хубӣ баромада, бо нафаре муноқиша мекунед. Шом рух додани ҳодисаи ногувор дар назар аст. Аз баҳсу муноқиша ва ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Дар муносибатҳои заношавҳарӣ бо сабаби маҳдуд сохтани озодии якдигар нофаҳмӣ сар мезанад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи пур аз ҳодисаҳои гуворо ва ногувор аст. Аз чизе наҳаросед, акнун шумо ҳамаи душвориҳоро паси сар мекунед. Бо қобилияти баланди корӣ ҳамкорони худро қоил мегардонед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринаатон вомехӯред. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ чанд муддат тӯл мекашад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи хатарнок аст. Кӯшиши яку якбора тамоми мушкилиҳоро рафъ кардан боиси ба ғалат роҳ додану ҷароҳат бардоштанатон мегардад. Аз баландиҳо эҳтиёт шавед, хатари афтиданатон вуҷуд дорад. Корҳои вазнини ҷисмониро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Хабарҳои ногувор нақшаҳоятонро барбод медиҳанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз хотиратон парешон ва душвориҳо садди роҳатон мегарданд. Хушбахтона, муносибатҳои оилавӣ ва ошиқонаатон хуб ҷараён мегиранд. Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз ҳолу аҳволи наздикони худ бохабар бошед. Сафару саёҳатҳо бобарор анҷом меёбанд, вале мушкилиҳои сарзадаро ба таъхир нагузоред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нисбати шиносон ва дӯстон бодиққат бошед. Вазъияти пурмоҷарое имкон дорад, ки оқибати ногувор ба бор меорад. Аъзоёни оила нисбати шумо беадолатиро раво мебинанд. Шумо низ зери таъсири нафарони бадкирдор монда метавонед. Дар ҳама ҳолат бо атрофиён меҳрубону пуртоқат бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Қабули меҳмонон, вохӯрӣ бо хешовандон ва дӯстони наздик боиси муноқиша ва нофаҳмӣ мегардад. Беҳтараш вазъиятро ҳамон лаҳза рафъ намуда, ба таъхир нагузоред. Хабари ногаҳоние, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, ба нақшаҳои кашидаатон нуқта мегузорад. Барои сафару саёҳат рӯзи мусоид аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз фаъолияти кориятон зиёд мегардад. Хусусан, барои тоҷироне, ки бо дигар ширкатҳо ҳамкорӣ мекунанд, рӯзи бобарор меояд. Хабарҳое мешунавед, ки шуморо дар ҳоли ногувор гузошта, нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Аз афтидан худро эҳтиёт кунед, лат хӯрдани устухонҳоятон имкон доранд.