Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз нафаре ҷудо мешавед, ки дербоз ин корро кардан мехостед. Модоме ки сари чунин қарор омадед, баъди ҷудо шудан ӯро фаромӯш кунеду ба дил кина нагиред. Ба корҳое, ки муваффақият оварданашон дар гумон аст, машғул нашавед. Беҳтараш бо одамони кордон маслиҳат карда, аз пайи корҳои худ шаванд.
Савр (21 апрел-20 май)
Саврҳои муҷаррад ҳангоми вохӯри бо ҷинси муқобил бояд дилпурона амал кунанд, вагарна зиндагии худро сохта наметавонанд. Ситораҳо нӯшидани аз меъёр зиёди машруботро тавсия намедиҳанд. Ба хӯрокхӯрии худ аҳамият диҳед, зеро эҳтимоли ба дарди меъда гирифтор шуданатон вуҷуд дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ба ҳеҷ кори муҳиме даст назанед, зеро рӯз номувофиқ буда, ҳама бар зидди шумо амал мекунанд. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубону самимӣ бошед ва танҳо дар ҳамин ҳолат нофаҳмиҳоро рафъ карда метавонед. Ба умеди даромади муфт шуда, ба корҳои ғайриқонунӣ даст назанед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳо аз субҳи барвақт асабӣ шуда, ҳатто ба сари аҳли оилаи худ садо баланд мекунанд. Бо вуҷуди он ки ҳолатон хуб нест, ба сайругашт баромада, дар ҳавои кушод қадам занед. Дар ҳаёти шахсӣ сари ягон қарори муҳим наоед. Дар бораи дӯстдоштаатон ягон фикри бад накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Давоми рӯз донишу малакаи худро зиёд кунед. Ба ғайбату бадгӯиҳое, ки дар ҳаққи шумову дӯстонатон мегӯянд, аҳамият надиҳеду аз онҳо шубҳа ҳам накунед. Вазъи молиявиатон дар нимаи дувуми рӯз хуб мешавад ва имкон пайдо мекунед, ки чизҳои лозимиатонро харидорӣ намоед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз аз корҳое, ки боиси ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ гашта метавонанд, дур бошед, вагарна мавқеатон дар ҷомеа паст рафта, вазъи саломатиатон низ нохуб мешавад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва таҷҳизоти техникӣ боэҳтиёт бошед. Барои таъмири мошинатон маблағи зиёд сарф мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз аз субҳи содиқ худро ба кори хона андармон карда, корҳои дигаратонро фаромӯш насоезд. Ҳадди ақал ба зангҳои телефонӣ ҷавоб дода, масъалаҳои муҳимро ҳал намоед. Мулоқоти кориро ба таъхир гузошта, шом бо дастовези арзанда ба хабаргирии хеши беморатон равед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ҷои коратон рух дода гузаштанд, бори дигар мефаҳмед, ки дар интихоби касбу кор хато накардаед. Аз корҳои хатарнок худдорӣ кунед, вагарна вазъи молиявиатон даҳчанд бад шуда, дар вазъияти мушкил қарор мегиред. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ диҳед, беҳтараш ба бурдборӣ умед набандед. Дар оила аз пушти фарзандони хурдсолатон миёни шумову ҳамсаратон муноқиша сар мезанад. Рӯз барои нафароне, ки аз ташхис гузаштан, аз табибон машварат пурсидан ва ҷарроҳӣ кардан мехоҳанд, бобарор аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзатон ба оромӣ мегузарад, ба шарте ки худатон ягон тағйирот ворид накунед. Дар ҷои кор бо баъзе ҳамкорон ҷиддӣ муносибат карда, ҳурмату эҳтироми роҳбариятро ба ҷо ред. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим эҳтиёткор бошед. Шом дар ҷустуҷӯи тӯҳфа барои яке аз наздиконатон саргардон мешавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз танҳо аз рӯйи нақша амал кунед. Агар каме дигар кӯшиш кунед, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо мекунед. Дар маъракае хизмат карданатон лозим меояд. Таваккал карда, пулро зиёд сарф накунед, вагарна охири моҳ аз бепулӣ азият мекашед. Ҳангоми суҳбат бо сардоратон дағалӣ накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар ҷои кор аз таҳти дил кор кунед, вагарна вазъият душвор мегардад. Ҳамсаратон ниҳоят қаҳру ғазабашро ба сари шумо мерезад, зеро шумо мушкилиҳои оилавиро фаромӯш кардаед. Агар кӯмак лозим шуда монад, ба дӯстони наздикатон муроҷиат намоеду аз онҳо ёрӣ пурсед.