ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1392

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз эҳтимол ба муҳаббати дӯстдоштаатон шубҳа пайдо кунед, аммо бе далели ҷиддӣ худро азият надиҳед. Беҳтараш ошкоро гап занед, эҳтимол хавотирии шумо беасос бошад. Имкони беҳтар кардани шароити зиндагӣ низ пеш меояд, ки ба муносибатҳо таъсири нек мегузорад. Дар касбу кор оромона ва бо эҳтиёт амал кунед. Рӯзи камфаъол аст, аммо кӯшишҳои шумо дер ё зуд натиҷа медиҳанд.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои шахсӣ мусоид аст. Агар фаъол ва ҳушёр бошед, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Дар муносибат бо наздикон аз интиқод худдорӣ кунед, то оромӣ дар оила ҳифз гардад. Имкони мулоқот бо шахсони нуфуздор пеш меояд, хислатҳои беҳтарини худро нишон диҳед. Имрӯз барои анҷоми корҳои муҳим ва ё гирифтани кумак аз дигарон муносиб аст. Ба саломатӣ низ аҳамият диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ба аломатҳои тақдир бодиққат назар кунед, эҳтимол шиносоии ҷолиб рӯй диҳад. Ба овозаҳо гӯш надиҳед, беҳтараш ба хирад ва таҷрибаи худ такя кунед. Дар касбу кор ба ҷузъиёти хурд аҳамият диҳед, онҳо муҳиманд. Бегоҳ вақти хубест барои харид кардан, шодиву манфиат меорад. Кӯшиш кунед, ки рӯҳбаланд бошед, зеро кайфияти шумо аз худатон вобаста аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар дӯстдошта доред, фишор ва исрор нишон надиҳед, сабру тамкин хуб аст. Барои бо оромӣ гузаштани рӯз муносибатҳоро бо атрофиён хуб нигоҳ доред. Имрӯз вақти кору вазифаҳои рӯзмарра аст, на истироҳат. Дар касбу кор диққат ва сабр лозим мешавад. Суҳбат бо дӯстони кӯҳна рӯҳбаландатон мекунад. Эҳтиёт шавед, дар нимаи рӯз эҳтимоли сар задани мушкили меъда вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Агар ҳанӯз муҷаррад бошед, ҳисси одамшиносиятон ба шумо кумак мекунад ва дар интихоби бахт хато намекунед. Бо фарзандон вақти бештар гузаронед, фазои оила гарм мегардад. Қобилияти роҳбарии шумо зуд зоҳир мешавад, аз он оқилона истифода баред. Фикрҳои манфиро дур созед, ҳама чиз аз нигоҳи мусбат оғоз мешавад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз эҳсосоти худро пинҳон накунед, ба дӯстдоштаатон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нишон диҳед. Муносибат бо наздикон тадриҷан беҳтар мешавад, танҳо вақт лозим аст. Аз дахолат ба корҳои дигарон худдорӣ кунед. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, хароҷоти беҳуда имкон дорад. Аз кори зиёди ҷисмонӣ ё фикрӣ худдорӣ намоед, то аз хастагӣ эмин монед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Агар ҳанӯз оиладор набошед, шиносоии ҷолиб эҳтимол дорад. Имрӯз ҳақиқат равшан мешаванд ва шумо бояд онро қабул кунед. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед, агар зарурат надошта бошед. Эҳтимоли баланд шудани фишори хун вуҷуд дорад, аз стрессу кори зиёд худдорӣ кунед. Нигоҳубини саломатӣ муҳим аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз барои эҳёи муҳаббат фурсати мусоид аст. Аммо эҳтиёт шавед: рашк ё нобоварӣ метавонад муносибатҳоро вайрон кунад. Барои оғоз кардани кори нав рӯзи хуб аст. Мардон метавонанд қобилиятҳои худро нишон диҳанд. Барои расидан ба ҳадаф сабр ва устуворӣ лозим аст. Аз стресс дурӣ ҷӯед, саломатии шумо айни замон ҳассос аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсосотро назорат кунед, беҳтараш ба асабоният роҳ надиҳед. Бо одамон муҳокима ё интиқод накунед, то баҳс пеш наояд. Агар роҳбар бо шумо розӣ набошад, аз гуфтани гапи дағал худдорӣ кунед. Эҳтимол мушкилоти молиявӣ пеш ояд, аммо муваққатист. Барои беморони қалб, фишор ва асаб истироҳат муҳим аст. Энергияи худро нигоҳ доред, рӯз зуд мегузарад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз бахт ба шумо рӯ меорад, махсусан дар ҷодаи муҳаббат. Агар танҳо бошед, имкони шиносоии нав ҳаст. Агар муносибатҳо сард шуда бошанд, вақти ислоҳ кардани хатоҳост. Дар касбу кор бо масъулият амал кунед, роҳбар инро қадр мекунад. Метавонед ба нақшаҳои дарозмуддат шуруъ намоед. Хастагиро ба бепарвоӣ табдил надиҳед, беҳтараш бо корҳои дӯстдошта машғул шавед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба суханҳои нохуш гӯш надиҳед, кӯшиш кунед, ки ором бошед. Барои ба муваффақият ноил шудан диққатнокӣ ва назорат лозим аст. Эҳтимоли гирифтани пули ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Ҳама корро бо муътадилӣ анҷом диҳед ва аз ҳаёт лаззат баред. Саломатиро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шиносоии ғайричашмдошт имкон дорад, шояд шахси ҷолиб бо шумо суҳбат оғоз кунад. Дар муошират эҳтиёткор бошед, на ҳама гап ҳақиқат аст. Имрӯз корҳои иловагӣ ё тиҷорати шахсӣ фоида меоранд. Даромади пулӣ аз чанд манбаъ зиёд мешавад. Ба ғизои худ диққат диҳед: аз хӯрокҳои равғанин ва шӯр худдорӣ намоед. Пеш аз хоб китоб нахонед ва телевизор тамошо накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД