Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки қарорҳоро аз пеши худ қабул кардан гиред. Агар ба сухани нафаре гӯш кунед, иштибоҳ хоҳед кард. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ҳамалҳоро сюрпризҳои ғайричашмдошт интизор аст. Муҳимтар аз ҳама самимӣ буданро фаромӯш насозед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз эҳсоси худро таҳти назорат бигиред. Бо садои баланд гуфтугӯ накунед. Эҳтимол, садои шуморо нафароне мешунаванд, ки аз онҳо хубиро интизор шудан ғайриимкон аст. Даврае фаро расидааст, ки аз гумроҳӣ азоб мекашед ва дар дилатон тарсу шубҳаҳои зиёд пайдо мешаванд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҷавзоҳои мағрурро дар ин рӯз мушкилиҳои зиёд дар пеш аст. Агар нияти ба қуллаи мурод расиданро дошта бошед, пас муносибатҳои худро таҳти назорат бигиред ва нагузоред, ки аз чорчӯба берун бароянд. Фитнаагезии бадхоҳон дар ин рӯз истисно нест, аз ин рӯ, бо нафарони бегона муошират накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ситораҳо дар ин рӯз пешгӯӣ мекунанд, ки ҳалли масъалаҳои муҳимро ё ба таъхир мегузоред ё онҳоро нафарони дигар ҳаллу фасл мекунанд. Бо онҳое, ки ҳуқуқ ва салоҳияти бештар доранд, баҳс накунед, зеро нерӯҳо нобаробар хоҳанд буд. Барои ошиқон давраи хуб аст. Вохӯриҳои ошиқона хуб мегузаранд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз асадҳо метавонанд, ки нафаси озод бикашанд, зеро ягон мулоқоту музокирти тақдирсоз дар назар нест. Ба баҳсҳои беҳуда роҳ надиҳед, хусусан, агар мавзӯи баҳс ба шумо дахл надошта бошад. Нисбати саломатии худ бетарафӣ зоҳир накунед. Занҳо ба кошонаи ҳусн бираванд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки агар мушкилиҳои оилавиро сари вақт ҳал карда натавонед, онҳо ҷиддитару мушкилтар хоҳанд шуд. Ба гузаштаи худ такя накарда, балки барои ояндаи дурахшон кор кунед. Дӯстдоштаатон ба шумо кори ҷолибтареро пешниҳод мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз қувваатонро на барои намоиш, балки барои ҳадафҳои созанда сарф намоед. Агар табъатон хира бошад, онро ба касе нишон надиҳед. Шитобкорӣ накунед, вагарна иштибоҳ мекунед. Ғамхор буданатон хислати хуб аст, аммо бодиққат буданро ҳаргиз фаромӯш насозед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар масъалаҳои муҳими корӣ фикри ҳамаро ба инобат бигиред. Қарорҳои ғайричашмдошт қабул карда метавонед, зеро вақташ фаро расидааст. Кӯшиш накунед, ки аз рақиби худ зирактар бошед, танҳо ба худ диққат диҳеду халос. Ба маслиҳати дӯстони наздик ниёз пайдо мекунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Вақти он расидааст, ки корҳои ба таъхир гузоштаатонро дар ин рӯз иҷро кунед. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои корӣ ба маслиҳати ҳамкасбони ботаҷриба гӯш диҳед. Ба онҳое, ки қаблан шуморо фиреб карда буданд, дубора бовар накунед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст. Зиёдтар об нӯшед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ситораҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз нафарони бегонаро ба корҳои худ ҳамроҳ накунед. Вақти он расидааст, ки қарорҳои муҳимро қабул кунед, то зиндагии худро тағйир дода тавонед. Бахт ба рӯйи шумо механдад, ба шарте ки ниятҳои баду ғаразноки худро аз сар дур кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Далвҳоро лозим аст, ки имрӯз ба касе гӯш надиҳанд, зеро баъзе нафарон монеи корҳои шумо шуда метавонанд. Нафароне, ки нуқтаи назари шуморо тағйир додан мехоҳанд, ба мақсад намерасанд. Дар нимароҳ суръатро суст накарда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш талош кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳар коре, ки аз дирӯз барои имрӯз боқӣ монда буд, то охири рӯз ҳалли худро меёбад. Аз оне ки дигарон андешаи худро кушоду равшан баён мекунанд, наҳаросед. Дили нафареро ба даст меоред, ки дербоз дӯсташ медоштед. Хотири ӯро бо туҳфаи гаронбаҳое шод намоед.