Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз кӯшиш кунед самимият нишон дода, эҳсосоти худро пинҳон накунед. Сардӣ метавонад муносибатҳои ошиқонаро вайрон кунад. Корҳои анҷом надодаатон боз ба ёд меоянд. Корҳои навро оғоз накунед, натиҷааш хуб намешавад. Аз бозиҳои пулакӣ дурӣ ҷӯед. Имрӯз шумо худро беҳтар ҳис мекунед. Рӯз барои корҳои ҷисмонӣ мувофиқ аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз рӯзи хуб барои сафар, шиносоии нав ва вохӯрии ҷолиб аст. Нафарони муҷаррад метавонанд дӯст ё ошиқи нав пайдо кунанд. Дар ҷодаи муҳаббат осудагӣ эҳсос мешавад. Агар дар ҷои кор касе бо шумо зид шавад, ором бошед ва ба созиш бирасед. Ростқавл бошед, подошашро мебинед. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, истироҳат кунед ва гиёҳчой бинӯшед, то нерӯятон барқарор шавад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯз барои муҳаббат ва шодмонӣ мусоид аст. Оиладорон бояд ба масъалаҳои пулӣ диққат диҳанд. Ба касе ки пеш бовар надоштед, метавонад ба шумо кумак кунад. Аз хариди ногаҳонӣ худдорӣ кунед, то пушаймон нашавед. Ба худ истироҳат диҳед, ба сайругашт бароед ё бо дӯстон мулоқот кунед, рӯҳатон болида мешавад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат оромиву гармӣ эҳсос мекунед. Муносибатҳои кӯҳна мустаҳкам мешаванд, муносибатҳои нав хушҳолӣ меоранд. Агар шумо оқилтар бошед, аввалин шуда, бо дӯстдоштаатон оштӣ шавед. Ба танқид сахт диққат надиҳед. Аз хариду шартномаҳои калон дурӣ ҷӯед. Бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт бошед, хатари осеб дидан вуҷуд дорад. Вақтро бештар бо наздикон гузаронед, то ором шавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз беҳтараш аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Ба худ ва имкониятҳои худ бовар кунед. Дар ҷои кор рӯз ором мегузарад, метавонед нақшаи ҳафтаи ояндаро омода созед. Пулро беҳуда сарф накунед, вақт барои сарфа кардан хуб аст. Имрӯз ҳолати саломатӣ тағйирёбанда мешавад, аз ин рӯ байни истироҳат ва фаъолият тавозунро нигоҳ доред. Бештар аз ҳавои тоза нафас гиред.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз қабл аз қабул кардани ҳар як пешниҳод хуб фикр кунед. Шитоб метавонад ба хато оварда расонад. Дар хона баҳс накунед, оромӣ нигоҳ доред. Агар хатоеро бинед, онро бо хубӣ дар танҳоӣ гӯед. Қаҳру ғазаби худро нишон надиҳед. Пеш аз харид ду маротиба фикр кунед. Аз хӯрдани зиёди шириниҳо худдорӣ намоед, сабзавот бихӯред ва об зиёд бинӯшед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз ихтилофи хурд бо наздикон имкон дорад, вале зуд ҳал мешавад. Кӯшиш кунед, ки фазои хонаатон ором монад. Шиносоии нав метавонад ба кори шумо фоида оварад. Бештар бо одамони фаъол ва муфид мулоқот кунед, имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Фикрҳои манфиро аз худ дур созед, ба чизҳои хуб диққат диҳед. Имрӯз оромӣ калиди муваффақият аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз муносибати шумо бо шахси дӯстдошта метавонад душвор шавад, вале сабру муҳаббат ҳама чизро беҳтар мекунад. Ба худ вақт диҳед ва ором шавед. Дар касбу кор муваффақият интизор аст, роҳбар метавонад шуморо таъриф кунад. Бо вуҷуди ин, аз бахиливу ҳасади дигарон эҳтиёт шавед. Вақтро бо китоб, мусиқӣ ё дӯстони наздик гузаронед, ин ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо фоида дорад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтараш шитоб накунед ва ҳар қарорро бодиққат гиред. Аз баҳс бо наздикон худдорӣ кунед. Ба худ вақт диҳед, агар имкон бошад, ба табиат ё деҳа бароед. Аз фахр кардан ва суханони зиёдатӣ парҳез кунед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед, қадамҳои хатарнок нагузоред. Имрӯз вақти хуб барои нигоҳубини саломатӣ ё ба назди духтур рафтан аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шояд касе нисбат ба шумо муҳаббат дорад, вале ҳоло онро намегӯяд. Шомро ба корҳои хона ва наздикон бахшед. Имрӯз метавонед корҳои деринтизори худро оғоз кунед, ҳамааш хуб мешавад. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт вуҷуд дорад, вале вазъи молиявӣ устувор мемонад. Энергияро беҳуда сарф накунед, онро барои корҳои муҳим истифода баред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз эҳтимол даъват ба сафар гиред, вале шояд ҳоло рӯҳияатон барои ба роҳ баромадан мувофиқ набошад. Дар муносибатҳои оилавӣ осудагӣ эҳсос мешавад, ғаразҳои кӯҳна фаромӯш мешаванд. Дар кор натиҷаҳои хуб ба даст меоред, агар бо масъулият амал кунед. Аз таъсири одамони бегона эҳтиёт шавед. Барои саломатӣ машқ кунед, бештар ҳавои тоза нафас гиред ва витамину мева бихӯред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шахси дӯстдоштаатон барои шумо сюрпризи гуворо дорад. Эҳсос мекунед, ки барои ӯ муҳим ҳастед. Шояд мушкили рӯзгор пеш ояд, ба таҷҳизоти хона диққат диҳед. Дар ҷои кор шумо роҳбар ё масъул мешавед, бо ҷасорат амал кунед. Имрӯз вақти хуб барои афзудани даромади пулӣ аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: машқ кунед ё парҳезро оғоз намоед.