Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3211

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи маслиҳатомез рафъ намоед. Шумо метавонед ҳақ будани худро ба ҳама собит намоед, агар қаблан ба суҳбат омодагӣ дида, кӣ будани ҳамсуҳбати худро донед. Ҳолати рӯҳиятон бо шарофати вохӯрии ошиқона аз пештара беҳтар мегардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба нуқтаи назари нафаре гӯш надиҳед. Содагиву зудбовариятон боиси аз даст додани маблағи пулӣ ва азоби рӯҳӣ мегардад. Шиносоиҳои нав дар оянда боиси пешравиҳоятон мегарданд. Хабареро, ки имрӯз мешунавед, нағзакак санҷида бинед. Аз бемеҳрии наздикон хафа нашавед, ин ҳолат гузаранда аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз сари қарори муҳиме омаданро тавсия намедиҳем. Бо сабаби зудранҷӣ ва бадгумонӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон муноқиша мекунед. Ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед. Нисбати нафароне, ки ба наздикӣ шинос шудаед, бодиққат бошед. Нафаре дар зиндагии шумо нақши худро мегузорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хатарноку душвор аст. Табъи нозук ва дағалгуфториву сабукфикрӣ нисбати коре ба натиҷаи корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад ва боиси муноқиша бо шахси бароятон наздик мегардад. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна гирифтори нохушиҳо мегардед. Хароҷоти худро назорат кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Қабл аз он ки кӯмаки касбӣ ё молиявӣ мепурсед, нағзакак андеша намоед, ки шахси интихобнамудаи шумо дилпур аст ё не. Нафароне, ки асаби ҳассос доранду ҳолати рӯҳияшон бад аст, бояд хеле боэҳтиёт бошанд. Аз сафар худдорӣ намоед. 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Бонувон аз шавҳар ё шахси наздикашон меҳрубонӣ мебинанд. Дӯстону аъзоёни оила низ шуморо эрка мекунанд. Чанд мушкилии рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданашон шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира кардани пулро ёд гиред ва сарфи беҳуда накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Таъсири муноқишаҳои рӯзҳои пеш рухдода бартараф мегардад. Метавонед нақшаи кору истироҳати худро тартиб диҳед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаҳои гуворо рух медиҳанд. Маблағи пулиеро, ки айни замон дар даст доред, сарфакорона истифода бурданатон лозим меояд. Шом хабари хуш мешунавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аксарият ба дилхушиву хушҳолӣ майл пайдо мекунанд. Дӯстону хешовандон ба меҳмонӣ омада, хотиратон болида мегардад. Буридани дарахт ва истеъмол кардани гӯшти ҳайвонотро маслиҳат намедиҳем. Хобатон амалӣ мегардад. Хоб дидани оби рехта ё шир аз барбод рафтани орзуҳоятон дарак медиҳад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳангоми гуфтор аз чаҳорчӯбаи одоб берун набароед. Бештар гӯш кунеду кам гап занед. Аз ҳолатҳои моҷароомез дурӣ ҷӯед. Нисбати атрофиён дилхунукӣ ва шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ надиҳед. Дар ҳар нафари наздикатон душмани худро ҷӯё нашавед. Беҳтараш рӯзро дар танҳоӣ гузаронед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Нақшаҳои кашидаатон бо таъсири бегонагон, маслиҳатҳои нодуруст ва пешниҳодҳои ғалат барбод мераванд. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна гирифтори ғазаби нафаре мегардед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳам хастагиву дилмондагӣ ва ҳам шодиву нишот рух медиҳад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бештар дар фикри ба даст овардани маблағ бошед. Аз худнамоӣ кардан худдорӣ намоед. Бо нафарони бароятон азиз ба ҳеҷ ваҷҳ муноқиша накунед. Дар муносибатҳои ошиқона лаҳзаҳои хушу хотирмон рух медиҳанд. Агар дар ин рӯз бемор шавед, табобаташ тӯл мекашад. Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ташрифи дӯстону наздикон табъатонро болида мегардонад. Дилатон майли хурсандиву дилхушӣ мекунад. Баъди нисфирӯзӣ боэҳтиёт бошед, вагарна бо нафаре аз наздикон муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Рӯзро барои рафъи мушкилоти оилавӣ ва фарзандон бубахшед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД