Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
1989

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо барои ҳар кори кардаатон бояд ҷавоб диҳед. Ҳама дар назди қонун баробаранд, бинобар ин, ҷиноятатон кӯчак ҳам бошад, зарари онро ҳатман пардохт кунед. Агар дар вазъиятҳои ногувор чӣ кор карданатонро надониста монед, ба мутахассисони соҳа муроҷиат намуда, аз онҳо кумак пурсед. Барои нафароне, ки аз чаҳорчӯбаи қонун берун нестанд, ягон ташвишу изтироб рух намедиҳад. Муҳим саломатиро эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Барои корҳои гурӯҳӣ рӯзи хубу бобарор аст. Робитаатонро бо ҳамкорон зичтар кунед, ин ба фоидаи кори шумо хоҳад буд. Дар муносибатҳои шахсӣ ихтилофот ба вуҷуд меояд. Агар зуд узр пурсед, моҷаро калон нашуда, хомӯш мешавад. Даромади пулӣ дар назар нест, бинобар ин, сарфакор бошед. Ба нафароне, ки дигаронро дар ҳузури шумо ғайбат мекунанд, дӯстӣ накунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои омӯхтани касби нав давраи хуб аст. Дар ин давра ҷаҳонбиниатонро васеътар карда, аз таҷрибаи дигарон самаранок истифода баред. Дар гирду атрофи худ нафареро пайдо карда наметавонед, ки ба кори шумо халал бирасонад. Бештар меваҷот ва сабзавотҳои тару тоза истеъмол намоед ва дар ҳавои тоза сайругашт намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои некӯаҳволии худ кӯшиш кунед ва ба ҳарфи дилатон гӯш диҳед, ки чӣ мегӯяд. Бемории худро ба гӯшаи фаромӯшӣ нагузошта, аз пайи табобат шавед, вагарна мушкилиатон дучанд зиёд мешавад. Кӯшиш кунед, ки худро зиёд асабӣ накунед ва аз суҳбати гурӯҳӣ худдорӣ намоед. Асабро эҳтиёт кунед, сари вақт табобат гиред.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ҳис мекунед, ки бисёриҳо нисбати шумо рафтори ноадолатона доштаанду ҳоло ҳам доранд. Гунаҳкори асосӣ худи шумоед, ки ба дигарон иҷоза медиҳед, то аз хубиву хоксории шумо истифода кунанд. Ба дигарон “не” гуфтанро омӯзед ва худро барои талаффузи ин калима маҷбур кунед. Эҳтимоли хуруҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст, беҳтараш сари вақт ба табибони касбӣ муроҷиат намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳолатҳои ғайричашмдошт ба вуҷуд омада, бархе аз нақшаҳои шуморо барбод медиҳанд. Агар корҳоятон ба таври дилхоҳ сурат нагиранд, рӯҳафтода нашавед, зеро дар ниҳоят онҳо ба анҷом мерасанд. Зиёдтар об нӯшед, вале нӯшидани обҳои сахтгазноккардашударо тавсия намедиҳем. Дар ҳавои сард либоси гарм пушиданро фаромуш накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз бо нафароне вомехӯред, ки аз онҳо маълумотҳои муфид мегиред. Агар хоҳед, ки ба шумо дағалӣ накунанд, дигаронро таҳти фишор қарор надиҳед. Нимаи дувуми рӯзро бо аҳли оилаатон паси сар кунед. Замоне фаро расидааст, ки бо ҳамсари худ ифтихор кунед ва ӯро бештар дӯст доред. Агар бахти худро наёёфта бошед, бодиққат бошед, имрӯз бо нафаре шинос мешавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба одамон аз ҳад зиёд бовар карда, сирру асрори худро фош насозед. Агар ба дастгирии дӯстона ниёз дошта бошед, бо нафарони эътимоднок суҳбат кунед. Бо дӯстдоштаатон ҷангу ҷанҷол накунед, балки созиш карда, дар бораи ояндаатон фикр кунед. Даромади пулӣ дар назар нест. Вале ин маънои бепул будани шуморо надорад. Меҳнат кунед натиҷаашро мебинед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои корҳое, ки чанде пеш иҷро карда будеду аз хотиратон баромада буд, мукофот мегиред. Дар он хусус, ки дигарон аз пасатон чӣ мегӯянд, беаҳамият бошед. Ба варзиши сабук ё йога машғул шудан барои шумо муфид аст. Ба реҷаи хӯрокхӯриатон низ диққат диҳед. Аз истеъмоли хӯроки серравған ва нӯшокии газнок худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои пеш рафтани кори худ ба дӯстон такя кунед, зеро онҳо омодаанд, ки ба шумо кӯмак расонанд. Худнамоии дигаронро дида, асабҳои худро беҳуда хароб накунед. Чӣ гунае ки шумо ба кӯмаки дигарон ниёз пайдо кардед, ҳамин тавр, дигарон низ аз шумо ёрӣ мехоҳанд. То қадри имкон ёрӣ расонед. Ба дӯстдоштаи худ туҳфа гирифта, шумо муносибатҳои худро ширинтар месозед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои таҳкими робитаҳои оилавӣ вақти мусоид аст. Хешовандони худро, ки муддатҳо надида будед, ба хабаргириашон биравед, аммо дасти холӣ рафтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Ба онҳое, ки дар ҳақиқат эҳтиёҷ доранд, дасти ёрӣ дароз кунед. Шом хабари хуш мешунавед. Нафарони муҷаррад бахти худро меёбанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар хоҳед, ки вазъи саломатиатон мӯътадил бошаду шуморо нороҳат накунад, муддате аз истеъмоли гӯшт даст кашед. Ҳангоми харид аз бозор ё мағоза ба санаи истеҳсоли ҳар молу маҳсулот диққат диҳед, зеро эҳтимоли харидани моли пастсифат вуҷуд дорад. Дӯстони худро, ки ба зиндагии мустақилонаи худ овораанд, танқид накунед. Ба хонаатон омадани меҳмон шуморо дар ҳолати ногувор мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД