Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2985

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофиёни худ бодиққат назар намоед. Эҳтимол нафароне шуморо иҳота намудаанд, ки некиро аз эшон интизор шудан маънӣ надорад. Аз доираи ин нафарон мунтазам дур шавед. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Ба имкониятҳои нави пулкоркунӣ боэҳтиётона назар кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, ба муноқишаву дағалгуфторӣ роҳ надиҳед. Ба дарду ғами атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст, аз ин рӯ, саховатпешаву самимӣ бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо шумо баҳс кардан кори душвор мегардад, зеро нуқтаи назари худро пайгирӣ намуда, дар ҳама масъалаҳо якравӣ зоҳир мекунед. Бо ин сабаб муноқиша ба амал меояд. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, кӯшиш намоед, ба муноқиша роҳ надиҳед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубу сермаҳсул аст, барои фикрҳои мағшуш  вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед, он гоҳ коратон барор мегирад. Мушкили асосии рӯз буҳрони шадиди молиявӣ аст. Аксари саратонҳо қарзҳои куҳнаро бармегардонанду боз қарз мекунанд. Аз хароҷоти барзиёд ва хариди калон худдорӣ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бобарор аст. Ҳама гуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор ё масъалаҳои молиявӣ таҳдевори хуб мегардад. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро хариди кардаатон бебарор ва пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи корҳои нав баромада, қарзҳои куҳнаатонро месупоред. Ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андозед. Хусусан, дар ҳолатҳое, ки мустақилона аз ӯҳдаи коре намебароед, маслиҳати эшон айни муддао мегардад. Барои он ки ба доми ҳаннотон наафтед, тавассути телефон бо касе шинос нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бонувонро шиносоиҳои наву аҷиб интизор аст, эҳтимол ба нафаре дил мебандед, ки бо ҳам ҳамкорӣ мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъ намудани мушкилоти ҳаёти шахсӣ шаванд. То даме, ки барои хонуми худ тамоми шароитҳоро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди муносибати хуб доштани атрофиён аз ҳад зиёд содадил нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ шуда, боваратон намеояд, вале беҳуда кӯшиши гурехтанро накунед, ин муҳаббати асил аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз зудбоварӣ ва одамгурезӣ накунед, вагарна душвори мушкилиҳо дар ҷойи кор ва оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабиву дарундор гашта, табъатон бештар хира мегардад. Коре карда, ин ҳиссиёти манфиро аз худ дур созед, вагарна нафареро сахт меранҷонед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои бо нафаре муноқиша кардан ва рафъ намудани нофаҳмиҳо рӯзи созгор нест. Бо кӯмаки ҳамкорон ба муваффақияти молиявӣ ноил мегардед. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, бодиққат бошед. Барои расидан ба комёбӣ оромӣ ва сабру таҳаммул доштанатон лозим аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи серташвиш аст. Агар дар касбу кор тағйирот ворид карданӣ бошед, инро ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстон ва наздикон хушнудии зиёд ато мекунад. Барои он ки саломатиатон бад нагардад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва хасташавӣ худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯйхати чизҳои даркориро тартиб диҳед. Ба ҷои сарфи беҳудаи пул кардан беҳтараш муносибатҳоятонро бо атрофиён беҳтар ба роҳ монед. Нафаре кӯшиши ҷанг андохтани шумову шахси дӯстдоштаатонро мекунад, беҳтараш ба садои қалби худ гӯш андозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД