arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2022
2479

 

Ҳамал

Барои зодагони мучали ҳамал рӯзи мушкил аст, баҳсу мунозира ва муноқиша зиёд мегардад. Беҳтар аст, ки нерӯи манфии худро бо варзиш ва дигар корҳои ҷисмонӣ сарф намоед. Аз рафтори беандешаву бадҷаҳлона худдорӣ намуда, дамдузду кинагир нашаваед.

Савр

Имрӯз барои зодагони мучали савр чандон гуворо нест. Дар ҷодаи муҳаббат мушкиливу муноқиша имконпазир аст. Бо шахси дӯстдоштаатон забон ёфтану ба мувофиқа омадан душвор мегардад. Беҳтараш якравӣ накарда, роҳҳои ба созиш омаданро пайдо созед.

Ҷавзо

Барои нафароне, ки дар мучали ҷавзо тавлид ёфтаанд, рӯзи бобарору сермаҳсул меояд. Хушчақ-чақӣ, нерӯи зиёд ва заҳматписандӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Ҳамзамон барои варзиш ва корҳои ҷисмонӣ рӯзи мусоид аст.

 

Саратон

Нафароне, ки аввали моҳи июл тавлид ёфтаанд, аз бад шудани вазъи саломатӣ, хусусан бемориҳои дилу ҷигар азият мекашанд. Афроде, ки дар моҳи июн тавлид ёфтаанд, баръакс бо нерӯи тоза ба кор мечаспанд. Бонувони муҷаррад бахти худро тавассути интренет ё дар сафар пайдо карда метавонанд.

Асад

Нимаи аввали рӯз барои нафароне, ки бо тиҷорати мошин ё боркашонӣ машғуланд, бобарор меояд. Нафароне, ки дар моҳи июл тавлид ёфтаанд, эҳтимоли ба садама дучор шуданашон вуҷуд дорад. нимаи дуюми ҳафта эҳтимоли аз хӯрок заҳролудшавӣ дар назар аст.

 

Сунбула

Дар ин рӯз хеле серкор мешавед. Ошиқи хира ҳам ба муносибатҳои ошиқонаи нафарони муҷаррад дахолат мекунаду ҳам зарари худро ба оиладорон мерасонад. Барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан бо варзиш машғул шуда, витамин ва хӯроки серғизо истеъмол намоед.

Мизон

Фикрҳои мағшушро аз сар дур созед, вагарна руҳафтодагӣ боиси бемориҳои ҷиддӣ мегардад. Барои болида сохтани табъи худ сару либосатонро нав кунед ё бо таъмири хона машғул шавед. Зимни робита бо атрофиён ба дағалӣ ва танқид роҳ надиҳед. Барои истироҳати бофароғат вақту маблағи зиёдро дареғ надоред.

Ақраб

Тамоми уҳдадориҳоро ба дигарон бор карда, худатон истироҳат намоед. Муҳаббати ногаҳонӣ оқибати нек надорад. Барои он ки грипп нашавед, бо нафарони бемор робита накунед. Зодагони мучали ақраб бояд танҳо ба қувваи худ умед баста, ба касе чизеро ваъда надиҳанд.

 

Қавс

Бо вуҷуди пеш омадани монеаҳои ногаҳонӣ бояд ба пеш ҳаракат намоед. Руҳафтода нашавед, тамоми мушкилиҳо худ ба худ рафъ мегарданд. Дар сурати ҳис кардани камқувватӣ дар муҳити осудаву танҳоӣ истироҳат намоед. Дар ин рӯз пули худро барои хариди молҳои қиматбаҳо сарф накунед.

Ҷаддӣ

Вақти бештари худро барои муносибатҳои оилавӣ ё ошиқона сарф карданатон лозим меояд. Хусусан агар нофаҳмиҳои рӯзҳои ахирро рафъ сохтан хоҳед, бояд зудтар аз пайи ин кор шавед. Нисбати нафароне, ки бо шумо дӯстӣ кардан мехоҳанд, бо шубҳа нанигаред.

 

Далв

Дар ин рӯз диққати бештари худро барои ба даст овардани маблағи пулӣ барои ниёзҳои аҳли оила сарф мекунед. Дурӯягӣ ва сухани ноҷои яке аз дӯстонатон боиси он мегардад, ки дӯстиро қатъ намоед. Ҳангоми робита бо атрофиён роҳҳои бо ҳам созиш карда тавонистанатонро пайдо намоед.

 

Ҳут

Ҳодисаҳое, ки дар давоми рӯз рух медиҳанд, мушкилоти зиндагии шуморо рафъ месозанд. Муноқиша бо атрофиён ба саратон ташвиши зиёд меорад. Барои он ки гирифтори фишори руҳӣ нашавед, ба муноқиша роҳ надиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД