Ҳамал (21 март-19 апрел)
Ин рӯз барои шумо хабарҳои ғайричашмдошт меорад, ки метавонанд нақшаҳоятонро тағйир диҳанд. Ҳушёр бошед. Дар ҷои кор ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, то аз хатоҳо пешгирӣ кунед. Бо ҳамкорон нофаҳмӣ ва муноқиша карданатон имконпазир аст, аммо шумо медонед чӣ гуна вазъиятро ором кунед. Бегоҳ вақти худро барои истироҳат ҷудо кунед. Фаъолияти ҷисмонӣ ба коҳиши стресс ва ором шуданатон мусоидат мекунад. Бояд хӯроки серкалория хӯред.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз масъулияти бештарро ба дӯш гирифтан лозим меояд. Шитоб накунед – вазъиятро бодиққат таҳлил кунед. Эҳтимол, ҳамкорон барои кумак муроҷиат мекунанд. Бегоҳ сайругашти кӯтоҳ ё сафари кӯчак ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Вақтатонро бо наздикон гузаронед, ин ба шумо оромӣ мебахшад. Аз муноқишаҳо канорагирӣ кунед, асабҳоятонро эҳтиёт намоед. Хоби имрӯз махсусан муҳим аст – кӯшиш кунед, ки барвақт хоб кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Панҷшанбе барои мулоқотҳо ва музокироти корӣ мусоид аст. Пешниҳодҳои ғайричашмдошт эҳтимол доранд, ки роҳҳои нави рушдро боз мекунанд. Аз ҳад зиёд серкор нашавед – барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Ба ҳиссиёти худ бештар диққат диҳед. Ин рӯз барои банақшагирии сафарҳои оянда муносиб аст. Эҳтимоли гирифтори зуком шуданатон зиёд аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Ин рӯз ба шумо имкон медиҳад, ки беҳтарин сифатҳои касбии худро нишон диҳед. Агар сабр кунед, роҳи ҳалли мушкилиҳоятонро хоҳед ёфт. Ҳамкорон садоқат ва дақиқкории шуморо қадр мекунанд. Вале дар бораи худ ҳам фаромӯш накунед – истироҳати кӯчак ба шумо кумак мекунад, ки қувват гиред. Бегоҳ машғул шудан бо кори дӯстдоштаатон, хоҳ эҷод бошад, хоҳ варзиш ё пухтупаз, ба шумо хушҳолӣ мебахшад. Бо наздикон вақти бештар гузаронед – ин муносибатҳои шуморо қавитар мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи самарабахш аст. Ба шумо лозим меояд, ки ташаббусро ба даст гиред ва масъалаҳои муҳимро ҳал кунед. Роҳбарият кӯшишҳои шуморо мушоҳида хоҳад кард, ки метавонад натиҷаҳои мусбат оварад. Вале аз худ зиёд талаб накунед – барои истироҳати кӯтоҳ вақт пайдо кунед. Бегоҳ барои вохӯрӣ бо дӯстоне, ки метавонанд шуморо дастгирӣ кунанд, муносиб аст. Фаъолияти ҷисмонӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки стрессро бартараф намоед ва бо нерӯи нав пур шавед. Имрӯз беҳтар аст, ки хароҷоти калон накунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз дар касбу кор ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонанд рух диҳанд, ки вокуниши зудро талаб мекунанд. Аз ҳад зиёд хавотир нашавед – оромӣ ба шумо кумак мекунад, ки дуруст амал кунед. Бегоҳ беҳтар аст, ки дар хона бо кори дӯстдошта машғул шавед. Ба саломатии худ диққат диҳед – эҳтимол ба истироҳати иловагӣ ниёз дошта бошед. Аз хӯрдани ғизои вазнин пеш аз хоб худдорӣ намоед – хоби шумо беҳтар хоҳад шуд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Панҷшанбе аз баҳсҳо дар ҷои кор худдорӣ кунед, вагарна дучори дағалӣ мегардед. Бегоҳ бо наздикон суҳбат кунед, аммо худро бо мушкилоти онҳо зиёд пурбор насозед. Китоб ва мусиқии оромкунанда хастагиатонро рафъ ва фикрҳоятонро ҷо ба ҷо мекунанд. Аз серкории аз ҳад зиёд худдорӣ намоед – он метавонад ба саломатии шумо таъсир расонад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз шумо бояд якбора якчанд вазифаро ҳал кунед. Бодиққат бошед, то ҷузъиёти муҳимро нодида нагиред. Тағйироти ғайричашмдошт дар нақшаҳо имконпазир аст – муқобилат накунед, балки мутобиқ шавед. Ба маслиҳати ҳамкорон гӯш диҳед, аммо қарори ниҳоӣ бояд аз худи шумо бошад. Дар ҳаёти шахсӣ аз суханҳои тунду тез худдорӣ кунед – баҳс метавонад тӯлонӣ шавад. Бегоҳ бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Бисёр гап назанед, ба майнаи худ истироҳат диҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои шумо имкониятҳои нав меорад, вале аз шумо ҷасорат талаб мешавад. Кӯшиш кунед, ки дар ҷои кор ташаббус нишон диҳед – роҳбарият фаъолиятатонро қадр хоҳад кард. Шиносоии ғайричашмдошт эҳтимолан дар оянда муфид хоҳад буд. Худро бо корҳои зиёде бор накунед – муҳим аст, ки барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Бегоҳро бо дӯстон ё оила гузаронед – он ба шумо неруи мусбат мебахшад. Агар хастагиро ҳис кунед, ба сайругашти кӯтоҳ равед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз аз шумо диққатнокии зиёд талаб карда мешавад. Шумо бояд масъалаҳои мураккабро муҳокима кунед – дониш ва таҷрибаатон барои комёбӣ кумак хоҳад кард. Вале аз ҳад зиёд кор накунед. Рӯз барои ҳалли мушкилиҳои молиявӣ ва пулӣ мувофиқ аст. Бегоҳ бо оила ё бо кори дӯстдошта машғул шавед. Сайругашти ором ба шумо дар коҳиши стресс кӯмак мекунад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз барои шумо пур аз муошират хоҳад буд. Кӯшиш кунед, ки ба баҳсҳо дода нашавед. Ба атрофиён бодиққат гӯш диҳед – маълумоти муҳим метавонад дар оянда ба шумо кумак кунад. Бегоҳ ба кори писандидае машғул шавед – тамошои филм метавонад шуморо ором кунад. Ба саломатии худ диққат диҳед – шояд организми шумо ба неру ниёз дошта бошад. Машқи сабук ва хӯроки шомии солим барои шумо муфид хоҳад буд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи панҷшанбе барои шумо пур аз эҳсосот хоҳад буд, аммо кӯшиш кунед, ки изтиробро аз худ дур созед. Аз овозаҳо ва маълумоти нодуруст эҳтиёт бошед – пеш аз хулоса баровардан далелҳоро санҷед. Дар ҷои кор метавонад ҳолатҳои ғайричашмдошт рух диҳанд, аммо таҳаммулпазирии шумо барои бартараф кардани онҳо кӯмак мекунад. Бегоҳ беҳтар аст, ки аз ҷойҳои серодам худдорӣ кунед ва барои худ вақт ҷудо намоед. Ҳаммоми оромбахш ё шоми оромона дар хона ба шумо кумак мекунад, ки қувваи худро барқарор созед.