Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2022
2930

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар корҳои зиёдатон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Бо нафароне, ки чанд муддат забон ёфта наметавонистед, ба ҳамдигарфаҳмӣ меоед. Нақшаҳоятон амалӣ мешаванд ё кӯшишу умедҳоятон бе натиҷа анҷом меёбанд. Дар сурати пеш омадани душвориҳо аз шахси бароятон наздик дастгирӣ мебинед.

 Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба ягон ғалати ҷиддӣ ё иштибоҳ роҳ намедиҳед. Ба ваъдаҳои бегонагон бовар накунед. Эҳтимол нафаре шуморо фиреб додану ба чашматон хок пошидан мехоҳад. Бештар бо рафъ кардани мушкили дигарон машғул шавед. Яке аз дӯстонатон шуморо ғайбату бадгӯӣ мекунад.

 Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо нафарони бегона муноқиша кардану ҷароҳат бардоштан ва қурбони ғоратгарон шуданатон имкон дорад. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем. Қабл аз сари қароре омадан вазъиятро нағзакак санҷиданатон лозим аст. Мушкилиҳои ҳаёти шахсиро бегоҳирӯзӣ ҳал мекунед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз агар табъатон зуд-зуд хира гашта, алами худро аз нафаре гирифтан хоҳед, оқибаташро андеша намоед. Барои вохӯриҳои нави ошиқона рӯзи мусоид аст. Агар чизеро дар ҳаёти шахсиятон тағйир додан хоҳед, вақтро аз даст надиҳед. Камгапӣ ва сабру таҳаммул шуморо ба қуллаи мурод мерасонад.

 

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи душвор аст. Дар ҳаётатон тағйиротҳои назарраси манфиву мусбӣ рух медиҳад. Муваффақ мегардед ё тамоми орзуҳоятон барбод мераванд. Болидаруҳӣ ва истодагарӣ нишон дода, ҳодисаҳои манфии рӯзро бартараф месозед. Зимни рух додани ягон муноқиша нафареро ҷонибдорӣ накунед.

 Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба саросемагӣ роҳ надиҳед. То даме, ки ба вазъият сарфаҳм наравед, ба касе чизеро ваъда надиҳед. Дар сурати рух додани муноқиша нафареро ҷонибдорӣ низ накунед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба майлу хоҳиши эшон эътибор диҳед, вале ҳеҷ гоҳ нозу нузи нафареро набардоред.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи фаъол аст. Барои рафъи мушкилоти молиявӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Ҳассосияти аз ҳад зиёд боиси асабоният ва рафтори беандеша мегардад. Хастагӣ ба вазъи саломатиятон беасар намемонад. Барои ба худ омадан бегоҳирӯзиро дар муҳити ором гузаронед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар фаъолияти касбиятон тағйиротҳои куллӣ рух намедиҳад. Ба нафароне, ки дӯсташон медоред, зарар нарасонед ва бо сабабҳои ночиз аз эшон хафа нашавед. Орзуву ниятҳое, ки дар дил нисбати шахси дӯстдоштаатон доред, амалӣ гардонед. Ба саломатии худу наздиконатон бодиққат бошед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар касбу кор муваффақ намегардед, вале ба натиҷаҳои хуб ноил мегардед. Уҳдадориҳои нафареро ба дӯш нагиред. Бо ин амали худ дар назди ҳамкорон ва роҳбарият обрӯ намеёбед. Бо шахсони бегона муноқиша имкон дорад, аз ғорат ва ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои зиёде боиси асабонияти шумо мегардад. Аз вазъиятҳои моҷароомез дурӣ ҷӯед, зеро дар баҳсу мунозира бурд намекунед. Вақти бештари худро бо шахси дӯстдошта ва дӯстон гузаронед. Бо ҳамкорон муноқиша имкон дорад, сардгуфтории шуморо баъзеҳо ғурур пиндошта изҳори норизогӣ мекунанд.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи душвор аст. Бо шахси дӯстдоштаи худ муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар сари қаҳр аз даҳонатон ҳарфи дағали зиёд баромада, ӯро сахт меранҷонед. Нуқтаи назари худро ба сари дӯстону ҳамкорон бор накунед. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар касбу кор ба макру фиреб даст назанед, бо роҳи рост рафта, муваффақ мегардед. Агар кор ва мавқеи доштаатон барои шумо азиз бошад, беҳуда таваккал накунед. Вақти бештари худро дар назди нафароне гузаронед, ки худро ҳамроҳашон роҳат ҳис мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД