Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидану сари қарорҳои муҳим омаданатон лозим аст. Корҳои имрӯза аз шумо қувваи зиёдатиро талаб намекунанд. Баъди расидан ба қуллаи муваффақият аз пайи корҳои дигар шавед. Дар моҷарову нофаҳмиҳо ширкат варзиданро тавсия намедиҳем.
Савр (21 апрел-20 май)
Нисбати мушкиливу хоҳишҳои наздикон бодиққат бошед. Ба нафароне, ки ба шумо маблағи зиёду пешравиҳоро ваъда медиҳанд, дарҳол бовар накунед. Агар дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон нофаҳмӣ рух диҳад, саросемавор хулосабарорӣ накунед ва ҳатман каме андеша намоед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҳар нақшаву нияте, ки доред, боҷуръатона аз паяш шавед. Шахси дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ кардан мехоҳад. Бо дӯстони дерин вохӯрда, болидарӯҳ мегардед. Дар касбу коратон ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Эҳтимоли бо шахси дағал рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз дӯстону шиносон сабабгори рашки дӯстдоштаатон мегарданд, аз ин рӯ, бо нафаре чақ-чақу ширинсуханӣ ва сайру гашт накунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон каме нохуб мегардад. Агар ба назди духтур равед, беҳтар мешавад. Аз нӯшидани оби хунук ва хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Нисбати наздикони худ сабукфикрӣ накунед. Худатон нафаҳмида, нафареро сахт меранҷонед. Дар ҷодаи касбу кор яку якбора аз пайи иҷрои чанд кор нашавед. Кӯшиш намоед, ки ба касе пул қарз надиҳеду худатон низ қарз нагиред. Шомгоҳон қабули меҳмон табъатонро болида мегардонад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҳама гуна имкониятҳои истироҳаткуниро истифода баред. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пулро беҳуда сарф накунед. Рӯзи хубест барои ба тартиб овардани хонаву дар ва таъмиру ободонӣ. Ҷашну хурсандиҳои дар ин рӯз баргузоргашта то дергоҳ дар хотиратон нақш мебанданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад. Дарди сар, хастагӣ ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин аз эҳтимол дур нест. Ба хотири бадтар нашудани вазъи саломатиатон роҳҳои пешгирикунандаро истифода баред. Эҳтимоли бо шахси наздикатон моҷаро кардан вуҷуд дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар қадаре дар ин рӯз ташаббусро кам нишон диҳед, ҳамон андоза бурд мекунед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ доданатон имкон дорад. Бо вуҷуди пок будани нақшаву ниятҳо, натиҷаашон шуморо шод намесозад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан, нағзакак андеша кунед ва фикри дигаронро низ ба назар гиред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Вақту қувваи сарфкардаатон барҳадар намеравад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат нисбати шахси дӯстдоштаатон худхоҳӣ зоҳир накунед. Аз шӯхиҳои ноҷову гуфтори беандеша андаке худдорӣ намоед. Шом ба хабаргирии хеши беморатон биравед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Мушкиливу ташвишҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, ба зудӣ бартараф карда наметавонед. Аз муноқиша бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Беҳтараш хомӯширо пеша намуда, бо баҳсу мунозира табъи худу атрофиёнро озурда насозед. Саломатии нафароне, ки бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунанд, ташвиш намедиҳад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи душвор аст. Нақшаву ниятҳоятон ба таври ногаҳонӣ тағйир меёбанд. Вазъият ба хости дили шумо амалӣ намегардад. Эҳтимоли гум кардани пул, бемор шудан ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад, ба ҳамин хотир, тамоми рӯз боэҳтиёт бошед. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз мушкилии дигаронро аз мушкилии худ болотар гузоштанатон лозим меояд. Албатта, ин ҳолат табъатонро хира мегардонад, вале ба хотири ояндаи нек шумо бояд чунин рафтор намоед. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад. Ба дӯстдоштаатон муҳаббати бештареро ҳадя созед.