Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳтимол вохӯрии ошиқона ё саёҳати гуворо дошта бошед, ки хотираи дарозмуддат мебахшад. Дар оила оромӣ ҳукмфармо шуда, ҷанҷол кам мегардад. Агар гуноҳатонро ба рӯятон гӯянд, аз суҳбат гурехтан лозим нест. Шахсияти шумо обрӯ пайдо мекунад. Барои худ харид карда, табъатонро болида созед. Аммо аз хастагии ҷисмонӣ эҳтиёт шавед.
Савр (20 апрел-20 май)
Дар ҷодаи муҳаббат эҳтиёт кунед, шояд шахси дӯстдоштаатонро аз ҳад зиёд идеалӣ мебинед. Имрӯз вақти мусоид барои оромона анҷом додани корҳост. Ба ҷуз вазифаҳои худ, мушкилиҳои хешовандонро низ ҳал кардан лозим мешавад. Аз одамоне, ки бо рафторашон асабатонро хароб мекунанд, дурӣ ҷӯед. Ҳама бо фикри шумо розӣ нестанд, инро дар хотир доред. Пулро бодиққат сарф кунед. Имрӯз эҳтимоли сар задани дарди тахтапушт зиёд аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Барои нигоҳ доштани муҳаббат ба созишу гузашт кардан омода шавед, то ҷанҷол паст гардад. Волидонро фаромӯш накунед, онҳоро даъват кунед ё зиёфат ташкил кунед. Имрӯз имкони пайдо кардани дӯстони наву боэътимод доред. Шансҳои хуб барои муомила бо пули хориҷӣ вуҷуд доранд. Умуман, бахт шуморо ҳамроҳӣ мекунад. Ба худ истироҳат диҳед. Аз корҳои душвор ва машқҳои вазнин худдорӣ намоед. Ғизои солим саломатиро беҳтар месозад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Агар муҷаррад бошед, шояд муҳаббати нав пайдо кунед, вале саросема нашавед. Имрӯз асабиву дағал мешавед, пас эҳтиёт бошед. Ба қоидаҳои умумӣ риоя кунед, то бо атрофиён муноқиша сар назанад. Шояд бо мушкилоти кӯҳна рӯ ба рӯ шавед, аммо онҳо зуд ҳал мешаванд. Имкони ҳал шудани масъалаҳои молиявӣ вуҷуд дорад, ҳатто қарзи кӯҳна бармегардад. Агар саратон бисёр дард кунад, ба дору умед набандед, ба духтур муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шахси дӯстдошта ба дастгирии шумо сахт ниёз дорад. Агар муҳаббат ва ғамхорӣ нишон диҳед, муносибатҳо боз ҳам зебо мешаванд. Шумо ҳам дар кор ва ҳам дар хона қадрдонӣ мешавед. Метавонед мушкилоти вазнинро ҳал карда, ҳатто орзуи деринаро амалӣ созед. Шомро барои омӯзиш сарф кунед. Рӯз барои сафару саёҳат мусоид аст. Маълумоти муҳимро оҳиста ҷамъоварӣ кунед. Имрӯз оромӣ аз фаъолият беҳтар аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаҳо босуръат мегузаранд, барои муносибатҳои ошиқона вақти бештар ҷудо кунед. Барои корҳои рӯзмарра низ давраи мувофиқ аст. Эҳтимоли сафарҳои нобаҳангом вуҷуд дорад, ки ба шумо таҷрибаи хуб медиҳанд. Дар муносибат бо дӯстон ва кори молиявӣ эҳтиёт шавед, қарз додан мушкил меорад. Имрӯз саломатӣ заиф мешавад, хастагӣ ва дарди сар имкон дорад. Аз корҳои вазнин худдорӣ намуда, ба истироҳат аҳамият диҳед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Агар шарики зиндагӣ надошта бошед, ба одамони наздиктар аҳамият диҳед, муҳаббат метавонад аз он ҷо оғоз шавад. Дар оила меҳру муҳаббат асоси ҳама чиз аст. Ба наздикон ғамхорӣ кунед ва ҷавобашро мебинед. Имрӯз соҳибкорон метавонанд бо санҷишу нофаҳмиҳо рӯ ба рӯ шаванд, эҳтиёт бошед. Шояд касе аз шумо чизеро пинҳон дорад. Хабарҳои ғайричашмдошт метавонанд ба манфиати шумо бошанд. Барои бемориҳои музмин беҳбудии назаррас эҳсос мешавад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар муҳаббат нофаҳмӣ ва ҷанҷол мумкин аст. Эҳсосотро назорат кунед ва сухани худро боэҳтиёт бигӯед, то вазъият бад нашавад. Имрӯз беҳтараш бо корҳои хона машғул шавед. Имрӯз ҳама чизро бо назари манфӣ мебинед. Бо вуҷуди ин, имкон доред масъалаҳои молиявиро зуд ҳал кунед, зеро шахсони таъсирнок шуморо дастгирӣ мекунанд. Аз истифодаи мошини шахсӣ худдорӣ намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар ҷодаи муҳаббат бо мулоимӣ рафтор кунед. Агар ситамгар бошед, муносибати ошиқона вайрон мешавад. Оиладорҳо метавонанд бо корҳои хона ва боғ машғул шаванд. Неруятонро дуруст тақсим карда, корҳои вазнинро ба дӯш нагиред. Шояд қарзи кӯҳна пардохт шавад ё вазъи молиявӣ беҳтар гардад. Барои муваффақият ростқавлӣ ва интизом зарур аст. Хоб ё истироҳати кӯтоҳ асабҳоро ором мекунад ва қувват мебахшад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз вақти холии кам доред, аммо муносибатҳои оилавӣ диққати зиёд мехоҳанд. Ба суханони баъзе наздикон ва дӯстон бовар накунед, шояд онҳо самимӣ набошанд. Эҳтимол, бо намояндагони мақомоти тафтишгар рӯ ба рӯ шавед. Дар масоили саломатӣ аз ғизои носолим парҳез кунед, эҳтимол ба бемории меъда дучор шавед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Муносибатҳои ошиқонаи шумо рушд мекунанд, вале одати пайваста дар ҳама кор камбудӣ ҷустан метавонад зарар оварад. Кӯшиш кунед, бо наздикон муносибатро вайрон накунед, зеро зуд пушаймон мешавед. Шояд одамони атроф ба корҳои шумо дахолат кунанд, вале шумо тавони муқобилият кардан доред. Барои рафъи хастагӣ масҳ ва асалчой кумак мерасонанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат оромтар бошед, зеро шитоб метавонад иштибоҳ оварад. Дар давоми рӯз ихтилофҳои хурд имкон доранд, пешакӣ нақшаи рӯзро мувофиқа кунед. Неруятон кам мешавад, аз ин рӯ масъалаҳои мураккабро субҳ ҳал намоед. Имрӯз дар касбу кор беҳбудӣ эҳтимол дорад, шояд мукофот ё иловапулӣ гиред. Дар муносибат бо дигарон ором бошед, то асабҳоятон осеб набинад. Барои фишорбаландон боэҳтиёт будан лозим аст.