Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2021
3897

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳушу хаёлатон ба шахси дӯстдоштаатон банд мешавад. Барои ба сартарошхона рафтану сару либоси нав харидан рӯзи хуб аст. Мушкилиҳои молиявӣ, корӣ ва оилавӣ ҳалли худро меёбанд, ба шарте ки ба рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна саломатиатон бад мешавад. 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба коре, ки баъдан боиси пушаймониатон мешавад, даст назанед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, беҳтараш ба сафари роҳи дур набароед. Дар муносибатҳои ошиқона нақшаҳоятон барор мегиранд, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Нафарони бемор ҳангоми хӯрдани доруҳояшон бодиққат бошанд.  

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон амалӣ намешаванд. Хусусан, дар масъалаҳои молиявӣ маблағи дилхоҳро ба даст оварда наметавонед. Аз дарди рӯдаву меъда азият кашиданатон эҳтимол дорад. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона шумо бояд ҳамоне бошед, ки дар аввал будед. Ба асабоният роҳ надиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз яку якбора ба саратон ҳодисаҳои ногувор меоянд. Душманонатон дубора дар ҳаққи шумо тӯҳмату ғайбат паҳн мекунанд. Давоми рӯз бо нафарони рӯҳан носолим рӯ ба рӯ хоҳед шуд. Кӯшиш кунед, ки аз нигоҳи аввал дарҳол ошиқ нашавед ва нафари ба дилатон наздикро нағзакак омӯзед.  

Асад (23 июл-22 август)

Ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед, бинобар ин, имрӯз диққати худро пурра ба масъалаҳои молиявӣ равона созед. Асадҳои муҷаррад пас аз нисфирӯзӣ бахти худро пайдо карда метавонанд. Нафарони оиладор аз рашк азоб мекашанд. Танқидро ба дил наздик қабул накунед. Эҳтимол, ҷароҳат мебардоред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз агар маблағи калонро аз даст додан нахоҳед, пас эҳтиёткор бошед. Нисбати наздикон ва дӯстдоштаатон пуртоқат бошед, зеро ҳар як сухани шумо боиси ранҷиши онҳо шуда метавонад. Аз ҷойҳои серодам ва аз онҳое, ки боиси асабхаробиатон мегарданд, худро дур гиред. Шом хабари хуш мешунавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва аз даст додани маблағе, ки интизораш будед, вуҷуд дорад. Агар хоҳед, ки дар ҳолати хашму асабоният муносибататон бо дӯстон ва шахси дӯстдоштаатон вайрон нашавад, худро ба даст бигиред. Нӯшидани қаҳва ва чойи талхро тавсия намедиҳем.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар умум рӯзи бобарор аст. Имрӯз дар баъзе лаҳзаҳои мушкил ба хости дили худ амал карда, аз макру ҳиллаи душманон эмин мемонед. Ба корҳое, ки маблағи хуб ваъда медиҳанд, ҷасурона машғул шавед. Пиёдагардӣ дар ҳавои тоза ва ҳаммоми гарм ба саломатиатон фоидаи калон мерасонад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо вуҷуди кордониву чаққониатон, имрӯз муваффақиятро ба даст оварда наметавонед. Дар масъалаҳои пулӣ ба ҳар майда-чӯйда диққат диҳед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, вале имрӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Мушкилиҳои мавҷуда дар муносибатҳои ошиқона ҳалли худро меёбанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз диққати худро ба коре ҷамъ карда, маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Ба муноқишае, ки дар оилаатон рух медиҳад, дахолат карданатон лозим меояд. Мушкилиҳо таъсири худро ба саломатиатон низ мерасонанд. Худро аз бемориҳои сироятӣ ва шамолкашӣ эҳтиёт кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои рафъ сохтани мушкилиҳои ҳуқуқӣ рӯзи хуб аст. Аз нафарони фиребгару найрангчӣ худро эҳтиёт кунед. Хатари ба доми ҳаннотон афтидан ва гум кардани як миқдор маблағ вуҷуд дорад. Саломатӣ ташвишатон намедиҳад. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳру муҳаббати бештарро мехоҳад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо вуҷуди серкор буданатон, дар вақташ хӯрок хӯреду истироҳат кунед. Баъзе ҳутҳо бо кӯмаки дӯстонашон худро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун мекунанд. Сар задани баҳсу нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон имкон дорад. Нафаре аз аъзои оилаатон бемор шуда, ташвишатон дучанд мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД