Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз мушкилиҳои пешомада наҳаросед. Танбалӣ кардану кори имрӯзро ба фардо гузоштанро маслиҳат намедиҳем. Бурдбории молиявиатон аз корчаллонии шумо вобастагӣ дорад. Асабонияти пайдошударо рафъ кардан душвор мегардад. Аз пайи мустаҳкам сохтани вазъи саломатӣ шавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ҷодаи касбу кор муваффақиятро интизор бошед. Дар ҳаёти саврҳои ошиқ мушкилоти зиёде сар мезанад. Дар ҳолати асабонияту инҷиқӣ ба меҳмонӣ рафтанро тавсия намедиҳем. Дар масъалаҳои молиявӣ бошад, пешравиҳо дида мешавад. Аз пайи ташвиши рӯзгор саломатиро фаромӯш насозед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бо сабаби ҷамъ шудани мушкилиҳои зиёд, рӯзи вазнин меояд. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, туҳфа қиматбаҳо тақдим кардан мехоҳед. Агар вазъи молиявиатон имкон медода бошад, харидани туҳфаро ба таъхир нагузоред. Дар мушкилиҳои ба саратон омада, ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар масъалаҳои молиявӣ хеле эҳтиёткор бошед, эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Танҳо ба ҳамкорони дилпур бовар кунед. Эҳтимоли бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Лимӯчой бо асал на танҳо хобатонро бароҳат, балки хастагиро рафъ месозад.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи серташвиш аст, рафти ҳодисаҳои имрӯзро тағйир дода наметавонед. Бе дастгириву кӯмаки дӯстону наздикон аз ӯҳдаи коре баромада наметавонед. Аз бепарвоиву серкориятон шахсе, ки дӯсташ медоред, меранҷад. Бехобиятон бо сабаби нооромии асабҳо ва ташвиши зиёд аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар назди нафароне, ки пайваста гуноҳу камбудии шуморо меҷӯянд, аз комёбиҳои касбу кор ва маоши худ ҳарф назанед. Маблағи пулиеро, ки ба даст меоред, овоза накунед. Агар ошиқ шуда бошед, дӯстдоштаи худро аз даст надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои муносибатҳои ошиқона созгор аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар масъалаҳои молиявӣ аз тамоми роҳу воситаҳои дастрас истифода бурда, муваффақ шуда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат шитоб карданатон лозим аст, вагарна ёрро аз даст дода, сахт рӯҳафтода шуда, чанд муддат ба худ омада наметавонед. Бемории меъда баногаҳ хуруҷ намуда, иштиҳоро гум мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бобарор аст, комёбиҳои корӣ камбудиву ғалати рӯзҳои пешинро рафъ месозад. Мушкилиҳои молиявие, ки аз рӯзҳои пеш боқӣ мондаанд, яку якбора роҳи ҳалли худро меёбанд. Дар муносибат бо шахси дӯстдошта ҷонфидо бошед, муҳаббататон ҳатман қадр карда мешавад. Ба бемории роҳҳои нафас диққати хоса диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз орзуву хаёлҳои дастнорасро аз сар дур созед. Дар ҷодаи муҳаббат ба шахсе ошиқ шавед, ки ба қадри ишқатон мерасида бошад. Саломатиятон хуб аст, вале ба ҳар ҳол ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед. Зуком тамоми нақшаҳоятонро барбод медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Маблағи худро барои хариди беҳуда сарф накунед. Шубҳаву гумонҳое, ки нисбати шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад, бо маслиҳати дӯсти беҳтарин рафъ сохта метавонед. Кӯшиш намоед, ки аввалин нишонаҳои бемории зукомро табобат намуда, ба реша давондани беморӣ имкон надиҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи хеле бобарор аст. Аз тамоми имкониятҳо барои худ фоида ба даст меоред. Бо осонӣ рақибонро мағлуб намуда, душманонро дар ҳоли ногувор мегузоред. Ба бемории гурда ва дарди миён фориғболӣ накарда, зуд аз пайи табобат шавед. Маоши худро яку якбора сарф накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи чандон бад нест, аз таҷрибаи дигарон сабақ гирифта, барои худ бозёфтҳои нодире мекунед. Нафаре аз меҳрубонии шумо истифода бурдан мехоҳад. Ҳангоми фориғ аз кор наздикони худро фаромӯш насозед. Меҳрубонии шумо дили дӯстдоштаатонро бештар гарм месозад.