Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аксари зодагони мучали ҳамал дар ин рӯз аз сатҳи даромади худ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пайдо кардани даромади иловагии пулӣ айни муддао мегардад. Нафароне, ки ба наздикӣ бемории сироятиро аз сар гузарониданд, дар ин рӯз ба хасташавӣ роҳ надода, дар ҳавои кушод зиёд нагардед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз хоҳиш, супориш ё амри нафареро иҷро карда наметавонед. Андешаронии солим ва мустақилият боиси ногувориҳо мегардад. Барои нависандагону рассомон ва эҷодкорон рӯзи бобарор аст. Ба ғайр аз он ки мурғи илҳоматон пайдо мешавад, боз ба нафаре дил мебандед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Зодагони мучали ҷавзо аз ҳодисаҳои ногуворе, ки дар ҷои корашон рух медиҳад, гурехта наметавонанд. Норозигии худро бе дағалӣ иброз намоед. Аз нафаре, ки бароятон хеле азиз аст, туҳфа ва сухани хушро интизор шавед. Ба ҳолати узвҳои рӯдаву меъда диққат диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Зодагони мучали саратонро лозим меояд, ки нерӯи худро зиёд сарф накунанд, вагарна корҳои зиёде нотамом мемонад. Дар ин рӯз ҳодисаи муҳиме рух намедиҳад. Рӯзи худро бо наздикон хушу гуворо гузаронед. Бонувон ба кошонаи ҳусн рафта, пушаймон намешаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз нафаре пайдо мешавад, ки бо изҳори муҳаббат кардану хирагӣ ҷонатонро ба лаб меорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ошиқи хира имкони ба шумо риштаи дӯстӣ бастанро надиҳед, вагарна умре аз ӯ халос шуда наметавонед. Танқиду эродҳоеро, ки мешунавед, оромона қабул кунед ва пулро боақлона сарф намоед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Аксари зодагони мучали сунбула дар ин рӯз дар бораи атрофиён фикрҳои мағшуш мекунанд. То далелҳои қатъӣ ба даст наоред, фикрҳои худро ба касе нагӯед. Ба моҷарои дигарон кордор нашавед. Ба ғизои худ диққат дода, хӯрокҳои серғизо истеъмол намоеду серҳаракат бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зодагони мучали мизон дар ин рӯз набояд туҳфаи тақдирро интизор шаванд. Ҳамагуна гуфтушунидҳои корӣ ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки шумо касбу кори худро хуб медониста бошед. Агар ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронида бошед, ба хастагӣ роҳ надиҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аксари зодагони мучали ақраб дар касбу кор ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. Кӯмаку дастгирии ҳамкорон ва нафарони муваффақро зуд қабул намоед. Ба дағалгуфторӣ роҳ надиҳед, маблағи калон сарф накунед ва хӯрокеро, ки пӯхта наметавонед, пӯхтанашро ба ӯҳда нагиред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Зодагони мучали қавс дар масъалаҳои молиявӣ дучори мушкилиҳои хурд мегарданд. Ба яке аз аъзоёни оилаи худ пул доданатон лозим меояд. Хабари хуш мешунавед. Нафароне, ки бо омӯзиш машғуланд, аз ҷониби омӯзгорон дастгирӣ эҳсос мекунанд. Дар ин рӯз либосҳои хоксорона ба бар кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Зодагони мучали ҷаддӣ дар ин рӯз аз ҷое маблағи пулӣ ба даст меоранд, ки интизор набуданд. Нафаре туҳфа мегирад, дигаре кӯмакпулӣ, сеюмӣ қарзашро бармегардонад. Хеле муҳим аст, ки пули ба даст овардаро дар ин рӯз сарф накунед. Вақте расидааст, ки дар оилаву ҷои кор тағйирот ворид намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Зодагони мучали далв дар ин рӯз ба баҳсу мунозираи дигарон мароқ зоҳир мекунанд. Ба кори дигарон бинӣ нахалонед, вагарна ба сари худ ҷанҷол меоред. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Барои он ки хастагии зиёдро рафъ намоед, бояд бегоҳирӯзӣ нағзакак истироҳат намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бад қалбатонро ором намегузорад. Бо ин одати худ на дӯст пайдо карда метавонеду на муҳаббати нафареро ба даст оварда. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, аз ҳамкории судманд бурд мекунанд. Бегоҳирӯзӣ дар корҳоятон баъзе монеаҳо пеш меоянд.