Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2022
2522

Ҳамал

Аз бепарвоиву дурӯягии нафаре руҳафтода мешавед. Бадгӯиеро нисбати худ ва оилаи худ шунида, табъатон хира мегардад. Зимни робита бо ҳамкороне, ки барои ба мақсад расидан ба ҳама кор қодиранд, худро ба даст гиред. Дар ҳаёти шахсӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки беҷуръатӣ ё дудилагӣ зоҳир менамоед.

 

Савр

Барои анҷом додани корҳоятон вақту нерӯи зиёд сарф мегардад. Кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки мушкилиҳои ҳалношударо рафъ намоед. Нисбати молу амволе, ки доред, диққату ғамхории бештар зоҳир менамоед. Мардони мучали савр бояд ба ояндаи худ назари нек дошта бошанд.

 

 

Ҷавзо

Бо дӯстони худ бештар дар робита бошед ва дар ҳолатҳои зарурӣ дасти ёрӣ дароз кунед. Руҳафтодагии шумо бо сабаби дарки он пайдо мешавад, ки баъзе орзуҳоятон амалишаванда нестанд. Бонувони мучали ҷавзо сабабгори муноқиша мешаванд. Бо нафароне, ки дар мучалҳои ҳамал, асад ё қавс тавлид ёфтаанд, бо душворӣ забон ёфта метавонед.

 

Саратон

Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати ёри худ поквиҷдон бошед. Аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед. Ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти як шиносатон рух медиҳад, барои шумо дарси ибрат мегардад. Аз муносибатҳои шумо бо зодагони мучалҳои ҳут, саратон ва ақраб бурдбориву бебарориҳоятон вобастагӣ дорад.

 

 

Асад

Зуд-зуд эҳсоси хастагӣ ё бехобӣ мекашед. Ҳатман барои истироҳати бофароғат ва ғизои солим вақт ҷудо намоед. Бонувони мучали асад аз гап ё рафтори дурӯғини шахсе, ки нисбаташ эҳтиром доштанд, ба ҳайрат меоянд. Мардони мучали асадро бурдборӣ интизор аст.

 

Сунбула

Ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти пайвандонатон рух медиҳад, ба зиндагии шумо низ бе асар намемонад. Эҳтимол на ҳама ба андозае, ки шумо мехоҳед, кор кардан мехоҳанд, вале ба бетоқатӣ, асабоният ва қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Чизҳои шахсии худро аз қабили ҳуҷҷатҳо ё почтаи электронӣ аз чашми дигарон эҳтиёт кунед.

 

Мизон

Кӯшиши ҳодисаҳоро ба хости дили худ тағйир доданро накунед. Маслиҳат ё кӯмаке, ки дар давоми рӯз мегиред, бароятон даркор мешавад. Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, онро ваъда надиҳед. Муноқишаҳое, ки сар мезананд, бо сабаби асабоният ва дудилагии шумо рух медиҳанд.

 

Ақраб

Ҳар хабару овозае, ки мешунавед, бароятон даркор мешавад. Ташвишу хавотириро ба дил роҳ надиҳед. Дар давоми рӯз хабари муҳимеро мешунавед, ки ба вазъи молиявиатон алоқамандӣ дорад ё пул ба даст меоред. Бонувон бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ машғул шуданашон лозим меояд.

 

Қавс

Ҳодисаҳои зиёде, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, шуморо водор месозанд нақшаҳои худро барои рӯзҳои наздик тағйир диҳед. Баҳсу мунозираҳо бо сабаби бетоқатии шумо сар мезананд. Имрӯз барои сафар ва робита бо нафароне, ки аз шумо дур умр ба сар мебаранд, созгор аст.

 

Ҷаддӣ

Дар маъракаву маросимҳои оилавӣ ва ҷашни зодрӯзи наздикон ширкат варзида, табъи худро болида месозед. Бештар бо нафароне дар робита мешавед, ки касбу кори якхела доред. Бонувони мучали ҷаддӣ бо марде аз оилаи худ ё аз доираи хешовандон суҳбати муҳим мекунанд.

 

Далв

Дар ин рӯз бояд хоҳиш ё маслиҳати нафареро, ки ҳамроҳаш кор мекунед, ба инобат гиред. Мушкилоти оилавиятон зиёд мешавад. Қабл аз он ки чизеро ваъда медиҳед, андеша намоед, ки аз уҳдааш мебароед ё не. Бемориҳои сарзада табъатонро хира месозад. Ба ёди нафароне, ки дар қайди ҳаёт нестанд, андуҳгин мегардед.

 

Ҳут

Барои ба анҷом расонидани уҳдадориҳои худ масъулияти бештар бояд эҳсос намоед. Дӯстону пайвандони роҳдур аз шумо кӯмаку дастгирӣ мехоҳанд. Бонувон барои кор ё тиҷорат нерӯи зиёд сарф намуда, бурд мекунанд. Мардони мучали ҳут ҳангоми робита ва гуфтугӯ бо афроде, ки бо тундмиҷозӣ ном баровардаанд, бояд худро ба даст гирифта тавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД