Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2712

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз чеҳраи аслии худро на танҳо ба шарикони тиҷоратӣ, балки ба атрофиён низ нишон диҳед. Ба фиребу найранг роҳ надиҳед. Аз харидорӣ намудани хӯрокаву моли арзон худдорӣ намоед, вагарна ба даст овардани моли бесифат имкон дорад. Агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, кори хайрро ба таъхир нагузоред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ҳаёти шахсии нафароне, ки ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, аз худашон вобастагӣ дорад. Аз олами афсонаҳо берун оед. Ба нафаре, ки шуморо сидқан дӯст медорад, диққат диҳед. Ҳангоми харид кардан сарфакор бошед, пулҳоятонро пинҳон кунеду ба касе қарз надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз дилатон навигариву таассуроти тоза мехоҳад. Ҳушёриро пеша намоед, хатари ҷароҳат ёфтану муноқиша карданатон зиёд аст. Аз харидани ҳайвоноти калон худдорӣ намоед. Бо варзиш машғул шуданро низ тавсия намедиҳем. Ба коре, ки боиси рашки дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ҳангоми суҳбат бо одамон аз гуфтани сирру асрори дигарон худдорӣ намоед. Гуфтанӣ нестем, ки мисоли китоби кушода бошед, вале аз атрофиён канораҷӯӣ ҳам накунед. Пӯхтакориятон боиси пешравии корҳо ва ба даст овардани маблағи хуб мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба чизҳои майда- чӯйда диққат надиҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯз барои оиладор шудан, никоҳ кардан ва бастани шартномаҳо номусоид аст. Нафарони воломақом кӯмаку дастгирӣ мекунанд, вале дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух дода, табъатон хира мегардад. Аз хӯрдани ширинӣ ва сафарҳои дур худдорӣ намуда, ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз тибқи маслиҳати дӯстон амал карда, бештар гӯш кунеду хомӯш истед. Ҳангоми гирифтани ҳаққи хизмат мушкилиҳо сар мезананд. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед, вагарна дубора табобат кардану маблағи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Сунбулаҳои муҷаррад бояд бахти худро дарёбанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз аз даст додани маблағи зиёд, дилмондагӣ дар муҳаббат ва руҳафтодагӣ дар касбу коратон имкон дорад. Дилмонда нагардед, ҳамааш аз худатон вобастагӣ дорад. Барои аз мушкилиҳои ба саратон омада раҳоӣ ёфтан, тамоми гапу хабари фаҳмидаро нағзакак санҷиданатон лозим аст. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз ғайбату бадгӯии бадхоҳон эҳтиёт шавед, вагарна обрӯятон мерезад. Дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ва харидани манзил ба якравӣ роҳ надиҳед, ба маслиҳати шахси бароятон наздик гӯш диҳед. Одамчаспиву ӯҳдабароиятон хуб аст, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. На ҳар сурати зебо сирати зебо дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз корҳои майда- чӯйда асабатонро хароб карда, имкони ба доми ҳаннотону фиребгарон афтиданатон вуҷуд дорад. Робитаатонро бо нафарони даркорӣ мустаҳкам созед, пешравии корҳоятон аз ҳамин нафарон вобастагӣ дорад. Барои амалӣ нашудани орзуҳоятон аз дӯстдоштаатон домангир мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар масъалаҳои ошиқона матонату устуворӣ нишон диҳед. Дар ин рӯз тӯйи арӯсӣ ва дигар маъракаҳо хеле хуб анҷом меёбанд. Аз пайи ба даст овардани бойигарӣ нашавед. Барои харидорӣ намудани асбобҳои техникӣ рӯзи хуб нест. Қайчӣ задан ё ранг кардани мӯй тавсия дода намешавад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Саломатиятон андаке нохуб мегардад, хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Дар сурати нотоб гаштан сари вақт ба беморхона равед. Мулоқоти ошиқонаатон бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудед, хуб мегузарад. Барои харидани хонаву савдои яклухт рӯзи мусоид аст. Сафарҳо бобарор мешаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз харидану таъмири асбобҳои техникӣ ва тағйир додани имиҷро маслиҳат намедиҳем. Мувофиқи боду ҳаво либос пӯшед, вагарна бемор мешавед. Аз гуфтори беҳуда худдорӣ намуда, пул қарз нагиред. Дар масъалаҳои пулӣ бо дӯстон додугирифт накунед. Ба касе дарди дил накунеду гапи хонаро ба берун набароред.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД