Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ МАЙИ СОЛИ 2024
2381

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бад қалбатонро ором намегузорад. Бо ин одати худ на дӯст пайдо карда метавонеду на муҳаббати нафареро ба даст оварда. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, аз ҳамкории судманд бурд мекунанд. Бегоҳирӯзӣ дар корҳоятон баъзе монеаҳо пеш меоянд. Эҳтимол шуморо лозим меояд, ки фавран таҷҳизоти рӯзгор харидорӣ намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Зодагони мучали савр дар ин рӯз ба баҳсу мунозираи дигарон мароқ зоҳир мекунанд. Ба кори дигарон бинӣ нахалонед, вагарна ба сари худ ҷанҷол меоред. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Барои он ки хастагии зиёдро рафъ намоед, бояд бегоҳирӯзӣ нағзакак истироҳат намоед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Зодагони мучали ҷавзо дар ин рӯз аз ҷое маблағи пулӣ ба даст меоранд, ки интизор набуданд. Нафаре туҳфа мегирад, дигаре кӯмакпулӣ, сеюмӣ қарзашро бармегардонад. Хеле муҳим аст, ки пули ба даст овардаро дар ин рӯз сарф накунед. Вақте расидааст, ки дар оилаву ҷои кор тағйирот ворид намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Зодагони мучали саратон дар масъалаҳои молиявӣ дучори мушкилиҳои хурд мегарданд. Ба яке аз аъзоёни оилаи худ пул доданатон лозим меояд. Хабари хуш мешунавед. Нафароне, ки бо омӯзиш машғуланд, аз ҷониби омӯзгорон дастгирӣ эҳсос мекунанд. Дар ин рӯз либосҳои хоксорона ба бар кунед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Аксари зодагони мучали асад нафареро, ки хеле зиштхӯ аст, мағлуб меоянд. Дар касбу кор ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардед. Аз кӯмаку дастгирии ҳамкорон ва нафарони муваффақро зуд қабул намоед. Ба дағалгуфторӣ роҳ надиҳед, маблағи калон сарф накунед ва хӯрокеро, ки пухта наметавонед, пухтанашро ба уҳда нагиред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз набояд туҳфаи тақдирро интизор шаванд. Ҳама гуна гуфтушунидҳои корӣ ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки шумо касбу кори худро хуб медониста бошед. Агар ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронида бошед, ба хастагӣ роҳ надиҳед. Бегоҳирӯзӣ ба маблағи пулӣ ниёз пайдо мекунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Аксари зодагони мучали мизон дар ин рӯз дар бораи атрофиён фикрҳои мағшуш мекунанд. То далелҳои қатъӣ ба даст наоред, фикрҳои худро ба касе нагӯед. Ба моҷарои дигарон кордор нашавед. Ба ғизои худ диққат дода, хӯрокҳои серғизо истеъмол намоеду серҳаракат бошед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз нафаре пайдо мешавад, ки бо изҳори муҳаббат кардану хирагӣ ҷонатонро ба лаб меорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ошиқи хира имкони ба шумо риштаи дӯстӣ бастанро надиҳед, вагарна умре аз ӯ халос шуда наметавонед. Танқиду эродҳоеро, ки мешунавед, оромона қабул кунед ва пулро боақлона сарф намоед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Зодагони мучали қавсро лозим меояд, ки нерӯи худро зиёд сарф накунанд, вагарна корҳои зиёде нотамом мемонад. Дар ин рӯз ҳодисаи муҳиме рух намедиҳад. Рӯзи худро бо наздикон хушу гуворо гузаронед. Бонувон ба кошонаи ҳусн рафта, пушаймон намешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Зодагони мучали ҷаддӣ аз ҳодисаҳои ногуворе, ки дар ҷои корашон рух медиҳад, гурехта наметавонанд. Зимни робита ба яке аз ҳамкорон нофаҳмӣ сар мезанад. Норозигии худро бе дағалӣ иброз намоед. Аз нафаре, ки бароятон хеле азиз аст, туҳфа ва сухани хушро интизор шавед. Ба ҳолати узвҳои рӯдаву меъда диққат диҳед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз хоҳиш, супориш ё амри нафареро иҷро карда наметавонед. Андешаронии солим ва мустақилият боиси ногувориҳо мегардад. Ҳодисаҳои ногувори дигарро дар ин рӯз интизор нашавед. Барои нависандагону рассомон рӯзи бобарор аст. Ба ғайр аз он ки мурғи илҳоматон пайдо мешавад, боз ба нафаре дил мебандед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Аксари зодагони мучали ҳут дар ин рӯз аз сатҳи даромади худ изҳори нигаронӣ мекунанд. Бо сабаби набудани маблағи пулӣ ба воҳима меафтед. Пайдо кардани даромади иловагии пулӣ айни муддао мегардад. Нафароне, ки ба наздикӣ бемории сироятиро аз сар гузарониданд, дар ин рӯз ба хасташавӣ роҳ надода, дар ҳавои кушод зиёд нагардед ва корҳои вазнини ҷисмонӣ накунед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД