Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
2599

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки ғаму ғуссаро аз худ дур созед. Ҳарчанд ин кор мушкил ва баъзан ғайриимкон бошад ҳам, ба шумо фоида дорад. Беҳтараш дар назди худ ҳадаф гузоред ва барои ба он расидан ҷаҳду талош кунед. Шуморо лозим аст, ки сару либоси нав харидорӣ карда, ба намуди зоҳириатон низ каме диққат бидиҳед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз саврҳо мехоҳанд, ки бештари вақташонро бо дӯстдоштаашон паси сар кунанд. Барои нафарони муҷаррад рӯзи бобарор нест, ишқу ошиқиро имрӯз аз худ дур кунед. Ба хӯрокатон диққат бидиҳед ва аз истеъмоли ғизоҳои тезтайёр даст кашед. Оби тозаи чашма барои шумо муфидтар аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Субҳ то шом дар хона нишаста, гузаштаро пеши назар наореду ғами ояндаро низ нахӯред. Тақдири инсон дар дасти худаш нест ва намедонад, ки ӯро фардо чӣ интизор аст. Бинобар ин, ҳар дақиқаи умри худро дар ҳалқаи пайвандон сипарӣ кунед. Даромади иловагӣ дар назар аст. Пеш аз ҳама қарзҳоятонро баргардонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад. Ба назди духтур рафтанатон шарт нест. Табиби ҳар инсон пеш аз ҳама худи ӯст ва пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Парҳез гуфта, ба ҷони худ ҷабр накунед, зеро саломатиатонро аз даст медиҳед. Беҳтараш ба варзиш машғул шавед ва бо ин роҳ аз вазни зиёдатӣ халос шуда метавонед.

Асад (23 июл-22 август)

Вазъи обу ҳаво ба саломатии шумо таъсири бади худро хоҳад расонид. Нафароне, ки гирифтори бемориҳои қанд, фишорбаландӣ ва дил мебошанд, чанд муддат ба маконҳои нисбатан салқинтар сафар кунанд, хуб мешавад. Дарди сар ва беиштиҳоии шумо нишонаи ягон беморӣ нест.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дер боз мехостед, ки нафареро бубинед ва имрӯз ба хостаи худ мерасед. Ҳангоми убури гузаргоҳҳо бодиққат бошед ва рангҳои чароғаки роҳнаморо риоя кунед. Ба баҳсҳое, ки ба шумо умуман алоқамандӣ надоранд, ҳамроҳ нашавед. Тиҷорататон барор мегирад ва шарикони нав пайдо мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз меҳру муҳаббат ва самимияту дӯстдориро ба ҳамсафари ҳаётиатон дареғ надоред. Танҳо ӯст, ки шуморо дарк мекунад ва дар ҳама ҳолат ҳамроҳатон аст. Бо туҳфае дили ӯро шод кунед, корҳо нуран алонур мешаванд. Дар ҷои кор хабаркашӣ карда, худро ба балои азим гирифтор накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Фоҷеае, ки ба сари яке аз наздиконатон меояд, ба рӯҳияи шумо низ таъсири худро мегузорад. Таҳаммулпазир бошед ва ба дилшикастагиву рӯҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Ақрабҳои ошиқ дар роҳи ишқ ба нокомӣ дучор гашта, фиреб мехӯранд. Ба корҳои дигар андармон шуда, аз вазъи саломатиатон бехабар намонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ороиши дохилии хонаатонро иваз кунед, зеро чанд муддат аст, ки ин корро ба сомон расонидан мехоҳеду фурсати муносиб намеёбед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз барои ҳама кор рӯзи бобарор аст. Ҳангоми харидории гӯшт ба сифат ва мӯҳлати истеъмоли он аҳамияти аввалиндараҷа диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳое, ки соҳиби мошини шахсӣ ҳастанд, беҳтараш дар ин рӯз ба сафари роҳи дур набароянд. Биёед, тамоми рӯз аз истифодаи мошини шахсӣ даст кашед, ин ба фоидаи худи шумо хоҳад буд. Беаҳамиятӣ зоҳир накарда, худу наздиконатонро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҷои кор роҳбарият кордониву масъулиятнокии шуморо ба назар гирифта, ба вазифаи баландтар таъйин мекунанд. Бо соҳиб шудани мансаби нав аз худ наравед ва кӯшиш кунед, ки чун қаблӣ сазовори боварии роҳбарият ва аҳли кормандон бошед. Ба саёҳат равед ва фориғ аз кору ташвиши рӯзгор қувваи аз даст рафтаро барқарор намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз тани танҳо аз хона набароед, сар задани ҳар гуна фалокат имкон дорад. Ба омӯхтани донишҳои нав машғул шавед ва ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед. Сафи дӯстонатон зиёд мешавад, вале ба дӯстони ҷадид зуд бовар накунед, то даме, ки ӯро пурра нашиносед. Аз шумо қарз мепурсанд, ба қадри имкон ёрӣ диҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД