Vegapharm
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2634

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо касе муноқиша кардану баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Барои аз даст надодани обрӯву нуфӯзатон хушгуфтор бошед. Вазъи молиявиатон мӯътадил аст, вале сарфа карданатон хуб аст. Дар саломатиятон каме иллат пайдо мешавад, баробари худро бад ҳис кардан ба табиб муроҷиат кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз барои коре, ки ду моҳ қабл иҷро карда будед, ҳаққи хизмат мегиред. Чораҳои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ бобарор анҷом меёбанд. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, бо нафарони бароятон ношинос дарди дил накунед. Хатари фиреб хӯрданатон зиёд аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки муносибататон бо дӯстону наздикон вайрон нагардад. Ошиқ буданатонро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна мавриди мазоқу масхараи эшон қарор мегиред. Дӯсти наздикатон тиҷорати якҷоя пешниҳод мекунад, рад накунед, аммо ҳушёриро ҳам аз даст надиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи серташвишу пур аз рӯйдод аст. Имкони ба сафари роҳи дур баромадану мукофтопулӣ гирифтанатон зиёд аст. Баъди нисфирӯзӣ аз миёни атрофиён кӣ будани душманонатонро пайдо мекунед. Саломатиятон дар ин рӯз хеле хуб аст, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз имкони фиреб хӯрданатон зиёд аст, аз пешниҳодҳои дилфиребе, ки танҳо зарар меоранд, худдорӣ намоед. Дар ҳаёти шахсӣ ягон ҳодисаи хатарнок дида намешавад. Барои рафъи камқувватӣ хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед. Дӯстдоштаатон бо хушхабаре шуморо шод мекунад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои нафароне, ки корашон бо таблиғот, савдо ва тиҷорати хусусӣ алоқамандӣ дорад, рӯзи бобарор аст. Барор ва даромади пулӣ то бегоҳирӯзӣ ҳамсафари шумо мегардад. Сунбулаҳои муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре шинос мешаванд, ки бо як нигоҳ ошиқ гашта, дар фикри оиладоршавӣ мегарданд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Дар давоми рӯз аз хеши дуратон хабари нохуш мешунавед. То бегоҳирӯзӣ ба касе пул надиҳед ва аз касе ҳам пул нагиред. Дарди миён ва сутунмӯҳра бо сабаби шамол хӯрдан аст, дар кутоҳтарин фурсат аз пайи ташхис ва табобат шавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз имкони ҷойи кори сердаромад ёфтанро пайдо мекунед. Тамоми мушкилиҳоро рӯзона рафъ намоед, то ки бегоҳирӯзӣ чизе хотиратонро мушавваш насозад. Нофаҳмии бо ошиқатон рухдодаро бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо фиребу хиёнат рӯ ба рӯ мегардед. Беҳуда сабабҳои чунин рафтор кардани инсони бароятон наздикро наҷӯед, беҳтараш гуноҳашро бубахшед. Ҳаққи хизмати худро гирифта наметавонед. Пайваста дар бораи пул фикр карда, худро бо кори вазнин маҷақ накунед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи беҳтаринест барои нафароне, ки бо шабакаи Интернет сару кор доранд. Тиҷорати шахсӣ барор намеорад, аз ин рӯ, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҷаддиҳои коргар набояд муносибати худро бо роҳбарият вайрон созанд, рӯзҳои наздик бо дастгирии сардор соҳиби вазифаи сердаромад мегардед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба пешниҳодҳои ҷолиби ҳамкорону дӯстон ҷалб нашавед. Агар ба садои қалби худ гӯш андозед, хато намекунед. Дар ҳаёти шахсӣ монеаҳо пеш меоянд, оромона то беҳтар шудани вазъият интизор шавед. Айни замон асабӣ шудан ба шумо зарар дорад, беҳтараш истироҳат кунеду ғами саломатии худро хӯред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз назди худ мақсади аниқ гузореду хаёлан қасрҳои афсонавӣ насозед. Агар имкони хуби пулкоркуниро аз даст диҳед, баъдан пушаймон мешавед. Аз саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, дар ин рӯз ишқбозӣ бароятон барор намеорад, бар замми ин, боиси аз даст додани маблағи калон мегардад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
гулмира 2021-01-04, 20:18
ш. консой
Посух
Ходжиматова Гулмира 2021-01-04, 20:21
Ш. Консой
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
гулмира 2021-01-04, 20:18
ш. консой
Посух
Ходжиматова Гулмира 2021-01-04, 20:21
Ш. Консой
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД