Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2777

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муошират бо дигарон камбудиҳо ба назар мерасанд. Пеш аз қабули қарорҳои ниҳоӣ дар масъалаҳои ҷиддӣ бо мутахассисон машварат кунед. Ҳамалҳои танҳо имрӯз низ нимаи дувуми худро пайдо карда наметавонанд, аммо агар ба ҷустуҷӯ бароянд, эҳтимол бахташон омад мекунад.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар майнаи шумо саволҳои бешумор пайдо мешаванд, ки зудтар аз пайи ҷавоб ёфтани онҳо шуданатон лозим аст, вагарна фикронии зиёд ба саломатиатон зиён мерасонад. Ба чорабинии фароғатие даъват мешавед. Ҳамкоратон бо хабари ғайричашмдоште шуморо ба ҳайрат меорад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Беҳтараш дар ин рӯз бо онҳое, ки ба шумо писанд нестанд, гуфтугӯ накунед. Дар ҳама ҳолат худро ба даст бигиред, то нофаҳмӣ ба вуҷуд наояд. Дар суҳбат бо дигарон ором бошед ва тарзе рафтор кунед, ки гӯё инсони ором ҳастед. Нимаи дувуми рӯз даромади иловагӣ хотири шуморо шод мегардонад.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз шумо мушкилиҳои ба миён меомадаро пай бурда, аз пайи ислоҳашон мешавед. Барои ҷавоб додан ба як саволи муҳим саросема нашавед. Ҳатто атрофиён маҷбур кунанд ҳам, шитоб накунед. Дар ҷои кор тамоми маҳорати худро нишон диҳед ва вазифаи навро соҳиб шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Ситораҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз нисбати наздиконатон меҳрубонтар бошед. Бо тӯҳфа ва суханҳои пурҳарорат хотири онҳоро шод намоед. Дар муносибатҳои ошиқона низ меҳрубону романтик буданатон лозим аст. Барои корҳои беҳуда харҷи барзиёд накунед, вагарна шуморо инсони сабукфикр гумон мекунанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо дӯстдошта ва ё шахси калонсоли оила ҷанҷол карданатон аз эҳтимол дур нест. Аз зиндагии дигарон ибрат гирифтанро омӯзед ва дар бораи нақшаҳои ояндаи худ ба дигарон нақл накунед. Дар ҷои кор миёни ҳамкорон моҷаро бармехезад ва шумо бояд ба ёрӣ шитобед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳои муҷаррад имрӯз имкон доранд, ки ба вохӯрии ошиқона бираванд. Кӯшиш кунед, ки ҳатто душвортарин вазъиятро танҳо паси сар кунед, чун дӯстону наздикон ҳар кори шуморо бар зидди худатон истифода карда метавонанд. Бемориҳои кӯҳна дубора хуруҷ карда, вазъи саломатиатонро бад мекунанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар давоми рӯз бештар об нӯшед ва ба ҷои субҳонаву хӯроки нисфирӯзӣ, меваҷоту сабзавотҳои мавсимиро истеъмол намоед. Шомро дар хона сипарӣ накарда, ба ҳавои тоза бароед ва қадам занед. Мардҳо аз нӯшидани ҳаргуна машрубот худдорӣ кунанд, вагарна бемор шуданашон аз эҳтимол дур нест.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо ҳар як аъзои оилаи худ рафтори ҷиддӣ дошта бошед, зеро вақти он расидааст, ки сиёсати худро дар хона нишон диҳед, то онҳо аз гуфтаи шумо берун амал накунанд. Ба нафарони ношинос бовар накунед, фиреб хӯрданатон мумкин аст. Субҳ барвақт аз хоб хезед, то ба ҳама корҳоятон фурсат пайдо карда тавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар давоми рӯз муносибататон бо роҳбарият хубтару аз пештара беҳтар мешавад. Фурӯтан бошед, зеро ин одати беҳтарин аст. Ба худ эътимод доштанатон сабаб мешавад, ки ба ҳадафҳои худ бирасед. Маоши худро яку якбора харҷ карда, то охири моҳ гӯшҳо зери тоқӣ нагардед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯз барои шиносоиву вохӯриҳои ошиқона неку бобарор аст. Аз он ҳамкоронатон эҳтиёт шавед, ки нав ба кор омадаанд. Барои мутолиаи китоби дӯстдошта низ рӯзи хуб аст. Ҷаҳони ботинии худро равшантар карда метавонед. Занҳоро лозим аст, ки аз ғайбату бадгӯӣ дур бошанд ва ин одати худро барои ҳамеша тарк кунанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои оғози тиҷорат рӯзи бобарор аст, зеро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки корҳоятон барор мегиранд. Доираи тиҷорати худро васеътар карданӣ бошед, бештар кор кунед. Фарзандатонро, ки чанд муддат ба мактаб нарафта буд, дубора ба мактаб баред ва идора кардани кӯдаки хурдсолро омӯзед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД