sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3205

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мушкилиҳои молиявӣ, аз қабили сарфи зиёд ва гум кардани пул имкон дорад. Муваққатан бо сабабҳои бароятон номаълум бояд аз сафари дарозмуддат худдорӣ намоед. Тағйиротҳоро дар масъалаҳои молиявӣ оромона қабул кунед, вагарна тамоми рӯз бо табъи гирифта мегардед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ҳаёти оилавиятон софу беғубор мегардад. Агар тамоми рӯзро бо шахсони бароятон наздик гузаронед, табъатон болида мегардад. Аз пайи коре шавед, ки ҳам манфиатбахш бошаду ҳам даромаднок. Вазъи саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз имкони бемор шудану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Кӯшиши ба сари касе фармонфармоӣ карданро накунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои бурранда ва таҷҳизотҳои барқӣ эҳтиёт шавед. Дағалӣ нисбати дӯстдоштаатон боиси муноқиша карданатон мегардад, хушмуомила бошед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳоятон. Аз рафтори дағалона бо ҳамкорон ва садо баланд кардан нисбати роҳбарият худдорӣ намоед. Дар сари эҳсосот ба муноқишаи бароятон нодаркор ҳамроҳ нашавед. Хонаву дари худро аз чизҳои куҳнаву нодаркор тоза кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Аз шиносоӣ бо нафари аҷибу зебо хеле хушбахт мегардед. Хаёлан ояндаи якҷояатонро тасаввур карда, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳангоми робита бо хешу ақрабо одоби муоширатро нигоҳ доред. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯстанатон беҳтар аст. Аз рӯйи имкон бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, аз шарикони пештараашон пешниҳоди корӣ мегиранд. Дарҳол розӣ нашуда, вазъиятро ҳаллу фасл намоед. Фиребу хиёнат имкон дорад. Ба хурӯҷ намудани бемориҳои музмин диққат диҳед. Каме нотоб шуданатон оқибати ҷиддӣ ба бор меорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз имкони бемор шудану ҷароҳат бардоштан ё фишори рӯҳӣ вуҷуд дорад. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки танҳо бо корҳои аз ӯҳдааш мебаромада машғул шавед. Аз таваккал кардану кор бо асбобҳои нӯгтез ва таҷҳизоти барқӣ худдорӣ намоед. Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат андозаро нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи вазнину хатарнок аст. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ медиҳед, ки ин хоси хислати шумо нест. Аз гуфтори дағалу шӯхиҳои тагдор худдорӣ намоед. Бо кори вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Ҳангоми кор бо асбобҳои нӯгтезу бурранда ва шиша боэҳтиёт бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хеле номусоид аст. Хафагиву ранҷиш дар назар аст. Муносибат бо атрофиён сард мегардад, нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Саросемавор ба ягон қарор наоед, роҳи дурустро пайдо месозед. Саломатиятон хуб аст, вале муваққатан бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Корҳои хона аз шумо саъю талоши зиёдро наметалабанд, мушкилии зиёдеро дарҳол рафъ месозед. Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳо рух медиҳанд. Хусусан, бонувон ба навигариҳо омода бошед. Мардҳоро мушкилиҳои оилавӣ ғамгин месозанд. Сабрро пеша намоед, вазъият ба зудӣ беҳтар мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бе ягон сабаб ташвишу изтироб ба дилатон ҷой шуда, аз кори худу атрофиён қаноатманд намегардед. Бадгумониятон имкон медиҳад, ки фиребу хиёнатро сари вақт пай бубаред. Душвориҳои пешомадаро ба дӯши дигарон бор кардану қаҳру ғазаби худро аз наздиконатон гирифтанӣ нашавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи номусоиду хатарнок аст. Аз гуфтори ноҷову дуруштӣ ва шӯхиҳои духӯра худдорӣ намоед. Ба дӯстдорони нӯшокиҳои спиртӣ истеъмоли машруботро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шунидани хабари нохуш оид ба касбу коратон вуҷуд дорад. Ба дӯстдоштаи худ қавлу қасами беҳуда надиҳед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД