Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ситораҳо мегӯянд, ки рӯз барои истироҳату фароғат мусоид аст. Ба корҳои вазнин, ки шуморо хаста мекунанд, даст назанед. Нимаи дувуми рӯз хабари ғайричашмдоште асабҳои шуморо вайрон карда метавонад. Дар шумо хоҳиши гузаштан аз баҳри ҳамаи дӯстон пайдо мешавад, аммо ба эҳсосот дода нашавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки нисбат ба масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Қарорҳои муҳимро худсарона қабул накарда, бо мутахассисони соҳа маслиҳату машварат кунед. Ба пешниҳодҳо дарҳол ҷавоб надиҳед. Бигзор каме фикр карда, ба қарори ниҳоӣ оед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз корҳоеро ба сомон мерасонед, ки дербоз барои ба субут расониданашон фурсат намеёфтед. Шомгоҳон дар маркази диққат қарор гирифта, чандин нафарро ба худ шефтаву мафтун мекунед. Ба шумо изҳори муҳаббат мекунанд ва ситораҳо тавсия медиҳанд, ки онро оромона қабул кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз агар масъалаҳои баҳснокро бо роҳи осоиштагӣ ҳал кунед, ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Бо наздикони худ муросо карданро омӯзед ва баъзе феълу рафтори бади худро тағйир диҳед. Ба зиндагии худ каме эътимод ва қатъият илова намоед. Онҳоеро, ки ҳамеша ҷонибдори шумоянд, қадр кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз шумо хеле серташвиш мешавед. Ҳанӯз аз субҳи барвақт ташвишҳои шумо оғоз мешаванд ва то як поси шаб идома хоҳанд кард. Рӯҳафтода нашавед, ба наздикӣ ҳамааш хуб хоҳад шуд, бо сабр бошед. Муҳимтар аз ҳама боварӣ ба худ мебошад. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ аҳамияти бештар диҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз корҳои таъҷилӣ ба миён меоянд, ки онҳоро на бо саросемагӣ, балки бо ақли солим бояд ҳал кард. Вазъият шуморо ба таври ҷиддӣ рӯҳафтода мекунад, аммо дар ниҳоят натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда, шод мешавед. Кам хоб мекунед ва ин ба саломатии шуморо таъсири бади худро мегузорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз коре карда, мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкамтар кунед. Барои мулоқот ва муошират бо нафарони муҳим вақт ҷудо намоед. Вақти зиёди худро ба корҳое сарф кунед, ки фоидаи бештар меоранд. Ба касе такя карданро тавсия намедиҳем, ба худ такя карданро омӯзед. Шом хабари хуш мешунавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз тиҷорати шумо пеш меравад, новобаста аз он ки чӣ гуна тиҷорат аст. Устуворона ба пеш қадам занед ва сохтани ояндаи худро аз имрӯз шурӯъ кунед. Ақрабҳои оиладор набояд ҳамсари худро танқид кунанд, зеро ӯ азизтарин такягоҳи шумо дар ҳоли ҳозир аст. Аз дарди гурда ва сутунмӯҳра азият мекашед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои қавсҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Барои истироҳат низ айёми хуб аст, хусусан, агар шумо дербоз истироҳат накарда бошед. Ба он ҷое биравед, ки худро ором, озод ва роҳат ҳис кунед. Қавсҳои муҷаррад дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ бояд бодиққат бошанд ва ба саросемагӣ роҳ надиҳанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо роҳбаратон аз пештара хубтар шуда, ҳарду мисли узви як оила мешавед. Имкониятҳоро дуруст ва бамаврид истифода баред. Мушкилие дар назар нест, ба шарте ки худатон мушкилӣ эҷод накунед. Нисбати саломатӣ дар ин рӯзҳои аз меъёр гарм бетараф набошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯз барои далвҳо бобарор буда, чанд кори муҳиматонро ҳаллу фасл мекунед. Барои имзои шартнома ва гуфтушунидҳо низ рӯзи нек аст. Агар ҳис мекунед, ки дар миёни обу оташ мондаед, пас интихоб намоед, ки кадоме бароятон азизтар аст. Дар интихоби дилхоҳ чиз кӯшиш намоед, ки иштибоҳ накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз шуморо ба як ширкати бузург барои кор даъват мекунанд ва наздиконатон аз ин хушхабар хурсанд мешаванд. Баъзе ҳутҳоро хатари дучор шудан ба мушкилоти хурдакаки молиявӣ таҳдид мекунад. Шуморо лозим аст, ки гузаштаро фаромӯш намуда, ояндаро бо диди нав бисозед.