Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
2261

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аксари ҳамалҳо бо неруи дучанд аз уҳдаи кори зиёд баромада, ба боварии роҳбарият медароянд ва вазъи молиявиашон беҳтар мегардад. Фаромӯш насозед, ки хастагии аз андоза зиёд боиси асабхаробӣ ва бемориҳои зиёде гашта метавонад. Баробари худро нотоб ҳис кардан табобатро ба таъхир нагузоред. Асаб ва масунияти бадану дилро эҳтиёт кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Нимаи аввали рӯз ба мушкиле гирифтор мешавед, ки танҳо дар танҳоӣ аз уҳдааш баромада метавонед, аз ин рӯ, ба ёрдамчиён умед набандед. Нохушиҳои имрӯз ба саратон меомада аз рӯйи шиносҳои тасодуфӣ ва забонро дошта натавонистани худатон рух медиҳад. Ҳангоми пинҳон намудани коре, ки набояд ба чашми атрофиён афтад, ҳушёр бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз ба ҳар коре, ки бо дасту дили гарм машғул мешавед, бобарор анҷом меёбад. Аз ноомадии баъзе корҳоятон хавотир нашавед, ин муваққатӣ аст, мушкилатон яке пайи дигар рафъ мегардад. Бо шахси дӯстдошта муноқиша карданатон имкон дорад. Агар аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, имкони беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона ва оилавиро пайдо мекунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар гузаштаи худро ба ёд оварда, ашки ҳасрат рехтан гиред, дар корҳоятон муваффақ намегардед. Аз сафари роҳи дур ва сафарҳои корӣ худдорӣ намоед, зеро нақшаҳоятон амалӣ намешаванд. Имкони болоравӣ дар вазифа бе сафар карданатон ҳам ҳал мегардад, агар шумо моҳирона ба дили роҳбарият роҳ ёбед. Ҳунару маҳорати худро шарм надошта нишон диҳед. Миёнаи рӯз тафтиши ногаҳонӣ имкон дорад, омода бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Бо вуҷуди он ки худро бардаму бақувват ҳис мекунед, ба саломатӣ бепарвоӣ зоҳир накунед. Айни замон рагҳои хунгарду устухонҳоятон заиф гашта, имкони бемор шудан ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмини банду буғумҳо ва дандон, пайдо шудани дарди сахти сар эҳтимол дорад. Охири рӯз дар ягон кор ташаббус нишон надиҳед, зеро дучори монеаҳо гашта, нафарони воломақомро бар зидди худ месозеду обрӯятон мерезад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ҳодисае, ки дар ҷойи коратон рух медиҳад, шуморо аз банди фикрҳои мағшуш раҳо бахшида, шодиву нишот ба дилатон роҳ меёбад. Барои бемор нашудану аз ҷароҳат бардоштан эмин мондан бояд хеле эҳтиёткор бошед. Дар ин давра эҳтимоли бемор шудани ҷигар ва асаби сурин вуҷуд дорад. Барои он ки бо дӯстдоштаатон наздиктар шавед, кӯшиш намоед, ки аз тамоми мушкилаш бохабар бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз бар муқобили бадӣ бо бадӣ ҷавоб надиҳед, вагарна вазъият бар зиди шумо мегардад. Нимаи дуюми рӯз аз кори якрангу бемаънӣ дилгир мешавед, атрофиён шуморо дарк карда наметавонанд, бо кори табъи дилатон машғул шуда наметавонед. Муноқишаи рӯирост дар ин маврид беҳуда аст. Кӯшиш намоед, ки ба фишори руҳӣ гирифтор нашавед, вагарна бемор шудани рӯдаи рост имкон дорад. Аз утоқҳои ҳавояш вазнин дурӣ ҷӯед, дар ин рӯзҳо шушҳоятон ба ҳавои бештар ниёз дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аввали рӯз аз рафтори аҳли хонавода, ҳамкорон, ҳатто ҳайвоноти хонагӣ ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ сахт асабӣ мешавед. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Нимаи дувуми рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба саломатии узвҳои пешоббарор диққати бештар диҳед, имкони бемор шудани гурдаҳо, бемориҳои инфексионӣ ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Аз афтидану ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед, хусусан миён ва зонувонро аз зарб хӯрдан нигоҳ доред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар касбу кор муваффақ гашта, роҳбарият аз кори шумо қаноатманд мегардад. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Мутаассифона, бо шахси дӯстдошта нофаҳмӣ рух дода, чанд рӯз бо ҳам ногап мешавед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯйи манбаи нави даромад ҳастанд ё кори худро иваз кардан мехоҳанд, ба мақсад намерасанд. Вазъи молиявии шумо аз дигарон вобастагии зиёд дорад. Ба коре, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз қувваву имкониятҳои худро ба назар гирифта амал кунед. Қабл аз он ки бо кори шубҳаноке машғул мешавед, ҳама чизро ба инобат гирифтанатон шарт ва зарур аст. Тасодуфан дар муноқишаи дигарон ширкат варзида, тамоми гуноҳро ба сари шумо бор мекунанд ё вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкили дигаронро рафъ карданатон лозим меояд. Вохӯрии ошиқона ба таъхир афтида, табъатон бештар хира мегардад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ба сари чанбари мошин нишастанро тавсия намедиҳем, дар роҳ бе муноқиша намеравед. Беҳтараш нерӯи манфиятонро ба фоидаи худ истифода бурда, бо нафаре ки кайҳо ба асабатон мерасид, вохӯрда норозигии худро баён кунед. Агар одати бекор нишастанро надошта бошед, аз сафару саёҳат, муошират ва ҳалли мушкилиҳои пулӣ худдорӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои нафароне, ки бо кори тиҷорату савдо ва сафарҳо машғуланд, рӯзи душвор меояд. Тамоми имкониятҳоятон маҳдуд, зимни робитаҳо душворӣ сар зада, ибрози ақида карданатон мушкил мешавад. Ҳангоми сафар монеаҳо пеш омада, дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ додану гум кардан имкон дорад. Агар вазифаи роҳбариро бар дӯш дошта бошед, кормандони худро барои меҳнати босамар таъриф карданро фаромӯш накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД