Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2022
2457

Ҳамал

Аз субҳи барвақт бо нафарони даркорӣ дар алоқа шуда, корро сар мекунед. Ҳамали муҷаррад яку якбора бо ду нафар шинос шуда, дар интихоби бахт азоб мекашад. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Дар ҳаёти шахсӣ бо дӯстону наздикон мушкилӣ сар мезанад.

Савр

Агар ба мушкили душвории молиявӣ гирифтор шавед, зуд қарз гиред. Дар ҷодаи муҳаббат корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Хусусан нафароне, ки нияти барпо намудани оиларо доранд, аз ҳамин рӯз сар карда, бояд аз пайи тӯй шаванд. Баъди нисфирӯзӣ диққати худро ба мушкилоти молиявӣ равона созед.

Ҷавзо

Рӯзи номусоид аст. Хуб мебуд, ки ҷавзоҳои оиладор ба амалҳои хатарнок даст назананд. Нақшаҳои пештараро мавқуф гузоред. Танҳо бо дилкушодиву саховатмандӣ нисбати атрофиён ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам месозед. Бегоҳирӯзӣ баҳси ногаҳонӣ ба фоидаи шумо анҷом намеёбад.

Саратон

Дар ин рӯз бо нафароне, ки кайҳо боз шинос ҳастеду тамоми сиру асрори худро мегӯед, наздиктар бошед. Аз ҷониби нафароне, ки чандон хуб намешиносед, фиребу амалҳои хатарнок эҳтимол дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ душвориҳои мувақаттӣ имкон дорад. Тамоми диққати худро ба мушкилоти оилавӣ равона созед.

Асад

Даромади хуби пулӣ имкон медиҳад, ки барои хонаи худ ягон чизи даркорӣ харидорӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат ба садои қалби худ гӯш андозед. Муҳаббат қувваи бузург аст, вале он низ метавонад шуморо фиреб диҳад. Мушкилӣ дар муносибатҳои шахсӣ шуморо водор месозад, ки ба қарори қатъӣ биёед.

Сунбула

Рӯзи бебарор аст. Табъатон худ ба худ тағйир ёфта, аз ҷониби рақибон ва душманони пинҳонӣ душманӣ имкон дорад. Дар корҳоятон бештар ба амри дил гӯш диҳед, маслиҳати дӯстон шуморо ба роҳи ғалат мебарад. Мушкилоти ҳаёти шахсӣ шуморо ба амалҳои қатъӣ водор месозанд.

Мизон

Вазифаи роҳбарикунандаеро, ки дар ин рӯз ба шумо пешниҳод мекунанд, рад карда наметавонед. Аз уҳдадориҳои нав ва кори зиёд наҳаросед, шумо аз уҳдаи ҳамааш мебароед. Нафароне, ки тиҷорати худро доранд, бояд фавран аз пайи рушд додани он шаванд. Бори дигар ошиқ шуданро ба шумо маслиҳат намедиҳем.

Ақраб

Дар ин рӯз натиҷаи фаврии заҳматҳоятонро интизор нашавед. Мукофотпулӣ мегиред, вале каме дертар. Дар ҳаёти оилавиятон дар муносибат бо ҳамсафари ҳаётӣ душвориҳо сар мезанад. Агар нағзакак андеша намоед, бо кадом сабаб рух додани муноқишаву низоъро муайян месозед.

Қавс

Тамоми мушкилиҳоро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ карда метавонед. Агар дар ҷои кор таваккал кунед, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеоред. Дар ҳаёти шахсӣ ба рашку ғазаб роҳ надиҳед ва муносибататон бо шахси дӯстдошта хуб боқӣ мемонад. Агар баъди нисфирӯзӣ руҳафтода шуда, ба дилатон яъсу ноумедӣ роҳ ёбад, ба дидорбинии дӯстон равед.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз бояд саломатии худро назорат намоед. Агар фишори хунро назорат накунеду реҷаи хӯрокҳоятонро ба нақша нагиред, ҳатто ҷисми солимтарин бемор мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ имкони дуздии калон дар назар аст.

Далв

Дар ин рӯз ҳама гуна танқиде, ки нисбати шумо мекунанд, дарднок қабул мекунед. Агар дӯсти наздикатон ба шумо дарди дил кунад, сирашро махфӣ нигоҳ доред. Бо нафаре, ки қаблан муносибати ошиқона доштед, суҳбати ҷиддӣ карданатон лозим меояд.

Ҳут

Дар ин рӯз на танҳо паси чанбараки мошин, балки дар байни коргарон низ бодикқат бошед. Нафаре дар фикри ба шумо зарар расонидан аст. Воҳима накунед, балки ба душманатон табассум намоед. Шумо бо маҳорати актёрии худ аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД