Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳамалҳоро лозим аст, ки дар ин рӯз ғамхори худу наздиконашон бошанд. Тамоми диққати худро ба робитаҳои оилавӣ равона созед. Вақти он фаро расидааст, ки нерӯи худро пурра сарф намоед. Дар вуҷуди шумо ҳисси ростгӯӣ бедор хоҳад шуд, аммо ба суханҳое, ки аз даҳонатон мебароянд, диққат диҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз эҳтимоли зиёдтар хато карданатон вуҷуд дорад. Аммо пеш аз он ки мушкилие сар занад, онро пай бурда, аз пайи ислоҳаш мешавед. Шом танҳо ба сайругашт ва ҷойҳои серодам наравед. Кӯшиш намоед, ки бо нафарони бо худатон ҳамфикр суҳбат кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар ин рӯз нисбати саломатии худ бепарвоӣ накунед. Кӯшиш намоед, ки ба корҳои майда-чӯйда аҳамият надиҳед ва ба ғазаб наоед. Системаи асабатонро эҳтиёт кунед. Гаперо, ки бояд касе надонад, ба ҳама овоза накунед. Бештар об нӯшед, ин ба саломатӣ фоида дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз нисбати наздиконатон каме дағалӣ ва якравӣ карда метавонед. Аз ҳад зиёд нозук нашавед, вагарна бо ин коратон чандин нафаронро аз худ хафаву дилмонда мекунед. Дар бораи вазифаҳои таъхирнопазир зиёдтар фикр кунед. Ба касе кордор нашавед ва аҳли оилаи худро ба ҳолашон гузоред.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз аз пешниҳоди нави тиҷоратӣ эҳтиёт кунед, зеро эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки ба зиндагии шумо дахолат кунанд, аммо агар ин ҳамаро нодида гиред, ба фоидаи шумо хоҳад буд. Аз истеъмоли ширинӣ даст кашед, ин ба шумову саломатии шумо таъсири манфӣ дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бо ҳамкорон, наздикон ва ҳамсояҳо кӯшиш намоед, ки ҷангу ҷанҷол накунед. Яку якбора ба иҷрои чанд кор камар набандед, зеро нерӯи шумо ҳанӯз кофӣ нест. Дар интихоби дӯст боэҳтиёт бошед ва зудбовар нашавед. Шом ба хабаргирии нафаре биравед, ки чанд муддат ӯро надидаед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба шумо кори ҷолиб ва сердаромадро пешниҳод мекунанд. Агар хоҳед, ки муносибататон бо мардум вайрон нашавад, оромона кор кунед. Қасдан ба касе зарар нарасонед, ҳатто ба душманони ашаддиатон. Зиндагӣ худ ҳамаро ҷо ба ҷо мегузорад. Беҳтараш аз пайи амалӣ кардани нақшаҳоятон шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил шуда метавонед. Дигарон пешравиҳои шуморо дида, ҳасад мебаранд, вале агар ба онҳо диққат надиҳед, беҳтар хоҳад буд. Вақти он расидааст, ки истироҳат кунед ва иҷрои корҳои худро ба нафари дигар вогузоред. Саломатиро аз мадди назар дур накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз қавсҳо ишқи деринтизори худро пайдо мекунанд. Парҳез кунед ва ё рӯза бигиред. Ин ба саломатии шумо фоидаи калон дорад. Шомро на дар берун, балки дар хона, дар иҳотаи наздикону пайвандон гузаронед. Ҳамчунин, хабари хуше, ки мешунавед, шуморо беҳад хушҳол мекунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯз барои мустаҳкам кардани робитаҳо мусоид аст. Ба бозор ё мағоза рафта, танҳо чизҳои лозимиатонро харидорӣ кунед. Ба шумо тавсия медиҳем, ки дар ҷойҳои серодам гаштугузор кунед ва табъатонро болида созед. Дар муносибатҳои шахсиву оилавӣ ба эҳсосот дода нашавед ва худро ба даст гиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз рух додани ҷанҷоли начандон калон бо нафарони калонсоли оила имконпазир аст. Аз тақдир шиква карданро бас кунед, зеро зиндагии шумо, ки ба назари худатон он қадар хуб наменамояд, дар назари мардум беҳтарин аст. Бахтатон омад мекунад ва имкон пайдо мекунед, ки идеяҳои худро амалӣ созед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар ин рӯз ба вуҷуд омадани якчанд озмоишҳои ғайричашмдошт дар назар аст. Вақти он расида, ки рӯирост ҳарф зада, ҳаққатонро талаб кунед. Аммо баъзе ҳутҳо ҳаққи худро соҳиб шуда наметавонанд, чун онҳо ба ин кор қодир нестанд. Шом хабари нохуш мешунавед.