Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2022
27.07.2022
Mahina
2503

Ҳамал

Дар ин рӯз зиёд шудани нерӯро эҳсос мекунед. Агар ба хоҳишу амри дил гӯш дода амал намоед, дар ҳама кор бурд мекунед. Дар бораи бадкирдории душманон хабаре шунида, руҳафтода мегардед. Барои ҳамалҳои калонсол ҳама гуна робита бо атрофиён оқибатҳои ногувор пеш меорад. Дар ҷодаи муҳаббат ба рашк роҳ надиҳед.

Савр

Дар ин ҳафта дилатон аз рух додани мушкиливу нофаҳмиҳо дарак медиҳад. Чунон моҳирона душвориҳоро паси сар мекунед, ки атрофиён дар ҳайрат мемонанд. Нисбати нафароне, ки шуморо ба таври маънавӣ дастгирӣ мекарданд, боилтифот бошед. Аз саломатиятон шиква намекунед, нерӯятон дучанд ва табъатон хуш мегардад.


Ҷавзо

Дар ҳаёти шахсиятон аз рафтору кирдори шумо бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Барои он ки ба ғалатҳои пешина роҳ надиҳед, ҳама чизро нағзакак ба эътибор гиред. Дар ҷодаи молиявӣ аз маслиҳати ҳуқуқшиноси ботаҷриба ё муҳосиб истифода баред. Дӯстони нав пайдо мекунед, вале дӯстони деринро фаромӯш насозед.


Саратон

Агар шумо муҷаррад бошеду тамоми вақти худро ба кор бахшида бошед, вақте расидааст, ки барои ҳаёти шахсии худ вақт ҷудо намоед, вагарна умре танҳо мемонед. Аз нишон додани ҳунару маҳорати худ наҳаросед. Барои рафъ намудани бемориҳои ҷиддӣ саратон бояд аз ташхиси пурра гузарад.

 


Асад

Дар ин рӯз ба амалҳои хатарноке, ки дӯстон шуморо талқин менамоянд, роҳ надиҳед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Корҳои хонаро фаромӯш насозед. Дар ҷодаи муҳаббат ба худхоҳӣ роҳ надиҳед, ки умре танҳо мемонед. Бонувони калонсол бояд аз ҳама гуна робитаҳо худдорӣ намоянд. 

Сунбула

Дар ин рӯз пешниҳодҳои зиёди ҳамкорӣ мегиред. Сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад. Ҳам пул кор мекунеду ҳам бо шахси аҷибе шинос мешавед. Ҳангоми рондани мошин боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли нохуб гаштани саломатии сунбулаҳои калонсол дар назар аст.


Мизон

Дар ин рӯз аз ҳама гуна амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Агар ба рухсатӣ баромадан хоҳед, зудтар корҳоятонро ба сомон расонед. Даромади хуб боиси аз буҳрон баромаданатон мегардад. Азбаски аз уҳдаи сарф кардани маблағи калон мебароед, ин мушкилӣ шуморо ба шигифт намеорад.


Ақраб

Дар ин рӯз нисбати одамон қаллобиро раво набинед, хусусан агар эшон дар лаҳзаи дилхоҳ ба шумо кӯмак расонидан хоҳанд. Нафарони фаъолу мулоҳизакор дар корҳояшон пешравӣ мебинанд. Ақрабҳои фарзанддор бояд диққати худро ба фарзандонашон равона созанд.


Қавс

Дар ин рӯз бештар бо одамони некрафтору некандеш робита намоед, то ки зиндагии якрангатонро тағйир диҳед. Нафароне ки меҳнати зиёд мекунанд, бояд истироҳати бофароғати худро таъмин намоянд. Агар маблағи пайдонамудаи худро барои оилаву фарзандон сарф намоед, бурд мекунед.


Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба имконияту қувваи худ нигоҳ карда амал намоед. Аз ҳама гуна пешниҳод фоида ба даст намеоред, ҷидду ҷаҳди зиёд бошад боиси коста гардидани вазъи саломатиятон мегардад. Дар муносибататон бо шахси дӯстдошта душвориҳо сар мезананд.

Далв

Барои тағйир додани вазъи оилавӣ босабру ботаҳаммул бошед. Вохӯрии тасодуфӣ барои далви муҷаррад тақдирсоз мегардад. Шумо аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед, ки ин хоси шумо нест. Вохӯриҳои наву аҷиб ба муносибатҳои ошиқона мубаддал мегарданд. Хобҳоятон пешгӯикунанда мешаванд.

 

Ҳут

Дар ин рӯз табъатон болида гашта, қарзатонро бармегардонед ва бо дӯстони деринатон вомехӯред. Рӯзи хубест барои ташхиси тиббӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ. Муносибатҳоятонро бо шахси дӯстдошта тағйир дода, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад. Ибодат кардану оббозӣ боиси беҳтар гаштани ҳолати руҳиятон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД