Ҳамал (21 март-20 апрел)
Субҳи имрӯз душвору серташвиш меояд, вале баъдан вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли дар ҷои коратон рух додани муноқиша вуҷуд дорад. Ба баҳсу мунозираҳо ҳамроҳ шуданатон имконпазир аст. Дар хона низ нофаҳмӣ рух медиҳад, вале вазъият ислоҳшаванда аст. Ошиқон муноқиша мекунанду оштӣ мешаванд. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Барои он ки дар масъалаҳои пулӣ ғалат накунед, аз рӯи нақша амал намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи хубест барои рушди тиҷорат ва вохӯриҳои корӣ. Мушкилиҳои пулиро рафъ карда метавонед. Дар ин рӯз бо нафароне, ки қаблан созиш карда наметавонистед, муносибатҳоятонро хуб месозед. Барои рафъ намудани бехобӣ лимӯчой бо асал нӯшиданатон лозим аст. Нисбати наздикон бепарвоӣ карданатон боиси бад шудани муносибат мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Мушкилоти баногаҳ сарзада нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Бо вуҷуди душвориҳо асаби худро ором нигоҳ дошта метавонед. Дар муносибат бо наздикон кӯшиш намоед, ки аз ҷангу ҷанҷол худдорӣ намоед. Бештар дар ҳаракат бошед, барои машқи бадан вақт ёбед. Бештар меваву сабзавот истеъмол намоед. Мушкилиҳои сарзадаро рафъ намуда, соҳиби маблағи хуб мегардед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Хабарҳои ногуворе мешунавед ё хабареро аз дигарон пинҳон карданатон лозим меояд. Мушкилиҳои сарзадаи касбӣ на танҳо таваҷҷуҳи зиёд, балки маблағи иловагиро талаб мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ ба рафтори беандеша роҳ надиҳед. Дар сурати пай бурдани аввалин нишонаҳои зуком дарҳол чораҳои фаврӣ андешед, вагарна табобат хеле тӯл мекашад.
Асад (23 июл-23 август)
Ба ҳар кори муҳиме, ки даст мезанед, муваффақ мегардед. Зимни муносибат бо атрофиён хушгуфтору меҳрубон бошед, кинояву дағалгуфториятон боиси ранҷиши нафарони зиёде мегардад. Асаби худро эҳтиёт кунед. Қабл аз хоб сайругашт намуда, асалчой нӯшед. Агар оиладор бошед, нисбати ҳамсафари ҳаётӣ хеле бодиққат бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо аз пайи як манбаи даромад шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи хеле бобарор аст. Аз пулу вақти худ дуруст истифода бурда метавонед. Нофаҳмиеро, ки миёни шумову дӯстдоштаатон сар мезанад, рафъ менамоед. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо аз бемориҳои пайдошуда раҳоӣ меёбед. Ҳатман аз фурсат истифода бурда, назди мутахассиси ботаҷриба равед. Дар масъалаҳои молиявӣ низ бурд насиби шумост.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мушкилиҳои рӯзҳои пеш аз худ дарак дода, ҳеҷ имкони аз он гурехтанро намеёбед. Дар нофаҳмие, ки миёни ҳамкорон ва роҳбарият рух медиҳад, бо сабру таҳаммул бурд мекунед, вагарна кор ба муноқишаи ҷиддӣ мерасад. Мушкилиҳоро ба дил наздик қабул насозед. Бештар ба бемории устухонҳо ва банду буғум диққат диҳед. Бо либоси гарм гардед, зеро ҳар лаҳза шамол хӯрданатон имконпазир аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи серташвишу душвор аст. Маҳз дар ҳамин шабу рӯз бояд иродаи худро нишон дода, аз рӯи принсип амал намоед. Агар ба доми иғвогарон наафтед, аз мушкилоти зиёде эмин мемонед. Барои он ки бемориҳои музмин хурӯҷ накунанд, бояд нисбати саломатӣ боэҳтиёт бошед. Ҳангоми ба сафар баромадан шитоб накунед, вагарна чизеро фаромӯш ё ғалат мекунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба таблиғи дигарон дода нашавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи ором буда, ягон хабари ногаҳонӣ дар назар нест. Барои рафтан ба мағозаву бозор ва харидкунӣ рӯзи мусоид аст. Ба мавзеҳои дилхушӣ ва ҷойҳои серодам рафтанатон боиси хушҳолӣ мегардад. Аз хӯроки равғанин ва тунд худдорӣ намоед, узвҳои ҳозимаи шумо ниёз ба танаффус доранд. Бештар маҳсулоти ширӣ истеъмол намоед. Дар масъалаҳои пулӣ уҳдадориҳои ҷиддиро ба дӯши худ нагиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, вале агар эҳтиёткориро пеша намоед, аз беморӣ эмин мемонед. Аз ҷойҳои шамолдаро ва рутубат дурӣ ҷӯед. Сайругашти дарозмуддат барои шумо нест. Нофаҳмиву хафагиҳоеро, ки бо наздиконатон вуҷуд дорад, бо суханони пурмуҳаббат ва туҳфаҳо рафъ карда метавонед. Дар масъалаи молиявӣ як қадам ба пеш рафта, вазъи молиявиро беҳтар месозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Аз ҳама гуна ҳарфу рафтори беандешае, ки боиси ранҷиши наздиконатон мегардад, худдорӣ намоед. Ба бозору мағоза рафтану харид карданро тавсия намедиҳем. Кӯшиш намоед, ки ягон ҳодисаи асабхаробкунанда ва фишори руҳӣ рух надиҳад. Худро эҳтиёт карда, аз бемориҳо эмин мемонед. Дар масъалаҳои молиявӣ вазъият бе дахолати шумо низ роҳи худро меёбад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагии худро пайдо месозед. Дар назди худ нақшаҳои наҷиб гузошта, ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Ҳангоми сайругашт эҳтимоли пешпо хӯрдану афтиданатон дар назар аст. Дар муносибатҳои оилавӣ якравӣ накунед, имрӯз ҳақ ба ҷониби шумо нест. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.