Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки бо наздиконатон хушмуомила бошед. Кӯшиш кунед, ки баъзе муносибатҳоро бо сабру таҳаммул барқарор созед. Нафари баде аз пасатон мешавад. Бо ӯ дағалӣ накунед ва ба хубӣ фаҳмонед, ки миёни шумо ва ӯ чизе вуҷуд дошта наметавонад.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз мулоқотатон бо дӯстони пешинаатон хуб мегузарад, ки боиси болида гаштани хотири шумо мешавад. Мехоҳед, ки ҳамаро ба дасти тақдир ҳавола карда, худро инсони хушбахт шуморед, аммо хато мекунед. Ҳеҷ гоҳ аз худ қаноатманд набошед ва талаботро болои худ зиёдтар кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳед, ки аз гузашта барои худ чизе биомӯзед. Ба он корҳое, ки аввалиндараҷа нестанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир накунед. Агар зиёдтар рушд кардан мехоҳед, пас бо кори андак қаноат накунед. Даромади иловагиро интизор набошед ва хароҷотро камтар кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои корҳое, ки қаблан оғоз карда будед, вохӯриҳои корӣ ва музокирот рӯзи хубу бобарор аст. Аз ҳамон лаҳзае, ки шуморо ба қуллаи мақсуд мерасонад, самаранок истифода баред. Лаҳзаҳои хурсандиро аз даст надиҳед ва истироҳат карда, хастагиатонро рафъ созед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ба як ҳолати ҳуқуқие дучор меоед, ки барои аз он баромадан ба шумо кӯмак лозим меояд. Дар ин ҳангом эҳтиёткор бошед ва аз ҳар кас кӯмак напурсед. Агар ҳаёти шахсии худро тағйир додан мехоҳед, пас камари мустаҳкам бубандед. Ростқавл бошед, мушкилиҳо худ бартараф мешаванд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз муошират бо шиносҳои нав гуворо ва дар баробари ин судманд хоҳад буд. Хешовандонатон ба шумо дар қабули қарори дуруст ёрӣ мерасонанд. Барои хатоҳои дигарон худро гунаҳкор ҳисоб накунед, зеро ҳама вақт дар ҳама ҳолат роҳи росту дуруст вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз агар ба рафти корҳои худ тағйирот ворид карданӣ бошед, метавонед бо дили пур ин корро ба анҷом расонед, зеро мушкилие пеш нахоҳад омад. Бо нафаре вомехӯред, ки фикронии шуморо куллан тағйир медиҳад. Аз пайи табобати фармудаи духтурон шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо бояд нисбати дигарон мулоимтар рафтор карда, меҳрубонии худро нишон диҳед. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон баҳс ё муноқиша накунед. Нафаре дӯсти шумост, аммо дар асл ӯ ҷосус аст. Шахсияташро муайян карда, алоқаатонро бо ӯ барои ҳамеша барканед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз фақат аз фикрҳои худ истифода кунед. Ба маслиҳати каси дигар умуман гӯш надиҳед. Агар аз фикри худ кор карда, муваффақ шавед, боварии дӯстону наздиконро бештар ба даст меоред. Ҳатто одамони бонуфӯз метавонанд, ки ҳамфикри шумо шаванд. Бо нафаре муносибати қатъгаштаро барқарор мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз аз мулоқот бо ҷинси муқобил худдорӣ кунед, зеро ноумедӣ дар назар аст. Таваҷҷуҳи бештари худро ба хонаводаатон равона созед. Гиря карда, худро сабук кунед. Агар танҳо будан намехоҳед, пас бо дӯст ё дугонаатон ба сайру гашт бароед ва ҳавои тоза нафас кашед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз бо гузашти ҳар соат парешонхотириву асабонияти шумо зиёдтар мешавад. Қувваи худро пароканда карда, онро аз даст надиҳед. Ба корҳое машғул шавед, ки муфидтар бошанд. Агар ба гуфтаҳои худ боварӣ надоред, пас зиёд баромад накунед ва хомӯш бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ба эҳсосот дода шуда, саросемавор ҳар гуна қарорро қабул накунед. Шарт нест, барои наҷот додани тамоми ҷаҳон кӯшиш кунед, нигаҳбони оилаи худ бошед, кифоя аст. Барои кӯч бастан ё харидории чизи гаронарзише қарори ҷиддӣ қабул кардатон лозим меояд.