Formula novemver 2024
Толеъномаи 26 декабри 2019, панҷшанбе
4291

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз амалӣ шудани тамоми нақшаву ниятҳоятон аз кӯшишу ғайрати шумо ва дастгирии чанд нафари даркорӣ вобастагӣ дорад. Агар аз сирру асрори нафаре воқиф бошед, беҳтараш ба касе лаб накушоед, вагарна аз боварии атрофиён мебароед. Ба дӯстдоштаи худ бештар бовар кунед ва зуд-зуд изҳори муҳаббат ва меҳрубонӣ карданро фаромӯш насозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Ба сафаре, ки кайҳо боз дар нақша доштед, метавонед омодагӣ бинед. Барор ҳамсафари шумо мегардад. Агар ба фиребу дасисабозӣ дода нашавед, вазъи молиявиатон хуб гашта, ҳақи ҳалоли худро соҳиб мегардед. То замоне, ки собиқ дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед, бахти худро пайдо карда наметавонед. Барои ташхис ва табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз корҳои зиёдеро, ки дар ду ҳафта ба анҷом расонида наметавонистед, иҷро мекунед. Фаъолнокии зиёд ба фоидаи шумост, дар ҳама кор ташаббус нишон диҳед. Ба ҷавзоҳои оиладор ишқбозиро тавсия намедиҳем, танҳо нафарони муҷаррад дар ин рӯз метавонанд табъи дил рафтор намоянд. Дар ин рӯз ҳангоми бо нақлиёт сафар кардан эҳтиёткор бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз на танҳо кори худро, балки уҳдадориҳои дигаронро низ иҷро карданатон лозим меояд. Ҳамкорон ё баъзе нафарони хира ба гарданатон бор мешаванд. Агар ба шумо чунин вазъият писанд бошад, ба касе шиква накунед. Рафту аз чунин рафтори эшон розӣ набошед, ҳамаро ба ҷойи худ гузоред, зеро дар хона низ наздиконатон кӯшиши ба гарданатон савор шуданро мекунанд.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Мутаассифона, шумораи чунин корҳо зиёд мешаванд. Ташвишатон зиёд гашта, наздикону ҳамсояҳо аз шумо кӯмак мепурсанд. Масъалаи фурӯши хонаро бо кӯмаки миёнаравҳо ба зудӣ ҳал мекунед. Агар бемории фишорбаландӣ дошта бошед, барои ба назди табиб рафтан таъхир накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо рафъ намудани мушкилоти молиявӣ машғул шавед, вагарна на танҳо азоби бепулӣ мекашед, балки муносибататон бо ҳамсар вайрон мегардад. Камбудиҳои рӯзгор асабҳоятонро пурра хароб месозад. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯйи манбаи нави даромад ҳастанд, дар ин рӯз бурд мекунанд. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, бояд парҳезро ҳатман риоя намоянд.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз дар бораи чӣ қадар даромади пулӣ ё маош гирифтанатон ба касе нагӯед. Муносибати баъзе ҳамкорон бо шумо нохуб гашта, табъатон хира мегардад. Саломатиятон бо сабаби шамол хӯрдан ва хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна бад мегардад. Барои он ки нофаҳмӣ байни шумову дӯстдоштаатон рафъ гардад, гуноҳашро рӯирост гап занед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Ҳар қадаре нисбати мушкилоти майда-чуйда бодиққат бошед, ҳамон андоза ба мақсад наздик мешавед. Дар сафар, таълими фарзандон ва харидани мебели нав маблағи калон сарф мекунед. Барои нағзакак истироҳат кардану ором гаштани асабҳо бегоҳирӯзиро дар муҳити сокиту ором гузаронед. Ба саломатии наздикон бетаваҷҷуҳ набошед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз хоҳиши тағйир додани тамоми ҳодисаҳои атрофро мекунед. Саросема нашавед, вагарна гузаштаро баргардонида наметавонед. Дағалгуфториву танқиди шумо нисбати шахси дӯстдошта боиси ҷудо гаштанатон мегардад. Барои мустаҳкам сохтани ҳолати равонӣ ба мутахассисон муроҷиат кунед ё дорувориҳои таскинбахш истеъмол кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз бояд аз пайи мукаммал сохтани савияи дониши худ гашта, аз ташхиси пурраи тиббӣ низ гузаред. Ҳар дуи ин масъала бояд барои шумо хеле муҳим бошад. Агар бо нафаре қаҳрӣ бошед, барои оштӣ шуданатон рӯзи мусоид аст. Минбаъд низ шумо бояд оқила бошеду гузашт карда тавонед. Сафарҳои дур ва ба мошини шахсӣ ба роҳ баромаданро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар робита бо ҳамкорон пухтакору зирак бошед, он гоҳ мушкили зиёдеро рафъ кардан бароятон муяссар мегардад. Бояд аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада тавонеду барои истироҳат низ вақт пайдо кунед. Дар сурати ибрози ақида намудан, нуқтаи назари дигаронро низ гӯш кунед. Бо шахси дӯстдоштаатон дар масъалаи бисёр нозук гап заданатон лозим меояд.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Омода бошед, мушкилу ташвиши зиёде ба саратон меояд. Маҳз дар ҳамин рӯз аз шахси бароятон наздике, ки метавонад вазъи молиявиатонро беҳтар созад, хушхабар мешунавед. Ҳутҳои муҷаррад нафареро аз нигоҳи аввал дӯст медоранд. Андаке худро нотоб ҳис карданатон нишонаи хастагии зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД