Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона имкони пешравӣ доред, аммо кӯшиш кунед фикри худро аз назари шахси дӯстдошта болотар нагузоред. Аз ҳад зиёд тартиботро риоя кардани шумо метавонад муносибататонро бо наздикон душвор созад. Оиладорон метавонанд бо шахсони нав шинос шаванд, вале ҳадди муносибатро риоя кунед, то боиси рашки ҳамсар нашавед. Имрӯз ҳангоми интихоби ғизо эҳтиёткор бошед ва аз хӯрокҳои ношинос худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз кӯшиш кунед ба атрофиён камтар эрод гиред, танқиди зиёд метавонад муносибатҳоро сард кунад. Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои муҳим бо наздикон эҳтиёт кунед, то баҳс ба муноқиша табдил наёбад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои расмӣ эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд дорад. Аз қарз гирифтан ё додан ва харидҳои калон худдорӣ кунед. Корҳои ҷисмонии вазнин низ имрӯз бароятон мувофиқ нестанд. Агар ба харид равед, беҳтараш нафареро ҳамроҳ гиред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дар ҷамъомадҳо ва байни одамон будан метавонад ба шиносоии нав ва ҳатто пайдо шудани муносибати ошиқона мусоидат кунад. Агар ба ёрии наздикон ниёз доред, аз онҳо кумак пурсед ва худатон низ дар вақти зарурӣ ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунед. Дар рӯзҳои наздик ҳаҷми кор зиёд мешавад, бинобар ин шартҳои кори иловагиро пешакӣ бо роҳбарият мувофиқа кунед. Барои пайдо кардани шарики корӣ вақти муносиб аст, вале ба шиносҳои нав зуд бовар накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар миёни шумо ва шахси дӯстдоштаатон нофаҳмӣ ё баҳсе ба вуҷуд омада бошад, зиёд ғамгин нашавед. Ин давраи душвор метавонад муносибататонро боз ҳам мустаҳкам кунад. Оиладорҳо эҳтимолан лаҳзаҳои романтикӣ ва вохӯрии гувороеро аз сар мегузаронанд. Дар кори нав метавонед қобилиятҳои худро хуб нишон диҳед. Агар дар давоми рӯз худро бад ҳис кунед, ба ин ҳолат беэътиноӣ накарда, ба мутахассис муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар эҳсос кунед, ки муносибати ошиқонаатон дигар маънои пештараашро надорад, пеш аз қабули қарор хуб андеша кунед. Шояд баъдтар ба интихоби худ шубҳа кунед. Агар наздикон шуморо танқид кунанд, ба суханони сахт бо хашм ҷавоб надиҳед. Вохӯрӣ бо одамони бонуфуз метавонад барои ояндаи корӣ муҳим бошад, аз ин рӯ худро хуб нишон диҳед. Имрӯз эҳтимоли пайдо кардани манбаи иловагии даромад вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, барои хароҷоти нолозим шитоб накунед ва нерӯи худро беҳуда сарф насозед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз масъалаҳои ошиқона дар ҷои аввал намеистанд, бинобар ин беҳтараш диққатро ба дигар корҳои муҳим равона кунед. Фишори рӯзҳои гузашта метавонад шуморо асабонӣ кунад, аммо хашматонро ба сари наздикон холӣ накунед. Агар ният доред мустақилона кор карданро оғоз кунед, пеш аз қабули қарор аз мутахассисон маслиҳат гиред. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед. Шахсоне, ки фишори хун доранд, бояд саломатии худро назорат кунанд ва аз изтиробу кори зиёди равонӣ худдорӣ намоянд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз шахси дӯстдошта метавонад ба шумо эҳсосоти хуб ва рӯҳияи болида бахшад. Агар ҳоло ҳамсафари худро пайдо накарда бошед, ноумед нашавед. Оиладорон эҳтимолан дар бораи беҳтар кардани шароити манзил фикр мекунанд ва шояд ба интихоби муҳим рӯ ба рӯ шаванд. Шумо метавонед қобилиятҳои худро дар корҳои гуногун хуб нишон диҳед, вале имкониятҳои худро аз ҳад зиёд баҳо надиҳед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед ва хароҷоти нолозимро маҳдуд кунед. Ба истироҳат низ вақти бештар ҷудо намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ояндаи наздик эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки эҳсосоти шуморо хуб мефаҳмад. Барои эҳсосоти нав худро омода созед. Аммо хабари нохуш метавонад имрӯз ба оромии оилавӣ таъсир расонад, аз ин рӯ кӯшиш кунед бо хирад рафтор кунед. Қобилияти дуруст баён кардани фикрҳо ба пешрафти корӣ мусоидат мекунад. Роҳбарият метавонад ба фаъолияти шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад ва ҳатто пешниҳоди кори беҳтар ё ҳамкории фоидаовар пайдо шавад. Аз кори зиёд ва хастагӣ худдорӣ кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз худро нисбат ба рӯзҳои дигар фаъолтар ва хушҳолтар эҳсос мекунед. Дар муносибатҳои шахсӣ бошад, эҳтимол намехоҳед ба осонӣ гузашт кунед. Шояд бо суханони ноодилона ё эроди беасос рӯ ба рӯ шавед, вале беҳтараш оромии худро нигоҳ доред. Бо одамоне бештар вақт гузаронед, ки барои рушди кору нақшаҳоятон муфид буда метавонанд. Барои расидан ба ҳадафҳо меҳнат кунед ва вақти худро дуруст ба нақша гиред. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли ҳолатҳои хатарнок вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаёти шахсии шумо тағйирот ба амал омаданаш мумкин аст ва эҳтимол худатон низ аз пеш ба он омода будед. Аз фиреб эҳтиёт шавед, махсусан ҳангоми муносибат бо дӯстони камшинос ё одамони нав. Агар эҳтимоли иваз кардани ҷойи кор вуҷуд дошта бошад, вазъро хуб омӯзед. Имрӯз эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт, аз ҷумла барои таъмир, харидани техника ё баргардондани қарзҳо вуҷуд дорад. Ба саломатии худ ҷиддӣ муносибат кунед ва пеш аз оғози ҳар гуна табобат бо мутахассис маслиҳат намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз эҳсосоти қавӣ ва шиносоии ғайричашмдошт метавонанд ҳаёти шахсии шуморо рангоранг кунанд. Барои ба тартиб даровардани корҳои ҷамъшуда вақт ҷудо кунед, эҳтимол ҳангоми тозакорӣ ашёи гумкардаатонро пайдо намоед. Агар ҳамкорон ба ёрии шумо ниёз дошта бошанд, дастгирӣ кунед. Ин муносибатро дар муҳити корӣ беҳтар мекунад. Эҳтимол хоҳиши бештар сарфа кардани маблағ пайдо шавад, махсусан барои расидан ба ҳадафи калон. Шиносоиҳои имрӯз метавонанд дар оянда нақши муҳим дошта бошанд, бинобар ин дар муносибатҳои нав шитоб накунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар муносибатҳои шахсӣ ташаббусро ба даст гиред. Имрӯз метавонед ба натиҷае бирасед, ки пештар танҳо орзуяшро мекардед. Агар миёни шумо ва наздикон нофаҳмӣ ба вуҷуд омада бошад, онро пинҳон накунед, суҳбати самимӣ метавонад ҳама чизро равшан созад. Корҳои вобаста ба муассисаҳои давлатӣ имрӯз хуб пеш мераванд. Дар фаъолияти корӣ бояд бештар заҳмат кашед, вале натиҷа ва даромади хуб ба даст овардан мумкин аст. Саломатӣ низ шуморо ташвиш намедиҳад ва нерӯи кофӣ барои корҳои рӯзмарра хоҳед дошт.