arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
2377

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Зиракиву ҳушёриро дар ин рӯз аз даст надиҳед, аз нафарони шубҳанок эҳтиёт шавед. Ба пешниҳодҳои дилфиреб бовар накунед. Барои меҳнати худ маблағи арзандаро талаб кунед, зеро эҳтиёҷатон ба пул зиёд мегардад. Нафарони ошиқ барои суҳбати ошкоро бо дӯстдоштаи худ ҷуръат пайдо мекунанд. Нафароне, ки дар охири моҳи март ба дунё омадаанд, фикри иваз намудани ҷойи корро аз сар дур сохтанашон беҳтар аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз истироҳатро фаромӯш намуда, мунтазам бо кор машғул мешавед. Меҳнататон самараи нек дода, вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Охири рӯз ба дӯстону шиносҳоятон қарз надиҳед, вагарна муносибатҳоятон бад мегардад. Миёнаи рӯз ҷои нави кориро пешниҳод мекунанд. Охири рӯз бо аҳли оила ё шахси дӯстдоштаатон муноқиша имкон дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аксари нафарони дар бурҷи ҷавзо тавлидёфта ба сафар мебароянд. Гирифтани тӯҳфа аз дӯстдоштаатон туҳфа имкон дорад. Нафароне, ки дар ҳоли интихоб намудани шахси барояшон писанд қарор доранд, ба садои қалб гӯш дода, хато намекунанд. Аз бардоштани ҷароҳат эҳтиёт шавед, барои он ки ба ҳолатҳои ногувор гирифтор нашавед, аз асабоният худдорӣ намоед. Охири рӯз аз фишори руҳӣ эҳтиёт шавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи пур аз рӯйдодҳои аҷиб аст. Дар ҷодаи касбу кор навигариҳои судманд имконпазир аст. Кӯшиши аз худ фаришта сохтанро накунед, ҳар қадар самимӣ бошед, ҳамон андоза аз мушкилиҳо эмин монда, аз ҳолатҳои ногувор раҳоӣ меёбед. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйиротҳои хуш рух медиҳанд, нафаре қарзашро бармегардонад, ба нафаре ҳамкории бобарор пешниҳод мекунанд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин ҳафта корҳоятон зиёд мегардад, вале аз серкорӣ наҳаросед, тамоми мушкилиҳои шумо муваққатӣ ҳастанд. Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқонаатон навгонӣ дида намешавад, мушкилоти молиявӣ рӯзҳои истироҳат рафъ мегарданд. Сабру таҳаммул ва дурандешӣ боиси пешравии корҳоятон мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои ба мағозаву бозор рафтану харид кардан мусоид аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба танқиду эроди атрофиён аз ҳад зиёд диққат надиҳед. Хусусан, нисбати танқиди ҳамкорон ва роҳбарият бепарво бошед. Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқона шахси дӯстдоштаатон тамоми пешниҳодҳоятонро дастгирӣ мекунад. Манфиатҷӯӣ накунед, баъзан гузашт карданатон лозим аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аз имкониятҳои хубе, ки феълан фароҳам меояд, истифода баред. Ҳама гуна меҳнати дастаҷамъона бобарор мешавад, вале нафароне, ки мустақилона амал менамоянд, ноумед намегарданд. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, дар ин рӯзҳо хароб шуданашон осон аст. Мутаассифона, масунияти баданатон суст гашта, хатари ҷароҳат бардоштан ва бемории дил дар назар аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Бо нафароне, ки шуморо дар мақсадҳои худ истифода бурдан мехоҳанд, робитаро қатъ намоед. Ин маслиҳат ба шумо лозим меояд. Дар ин рӯз бо тиҷорат машғул шуданро тавсия намедиҳем. Муносибатро бо наздикон ва шахси дӯстдоштаатон хуб ба роҳ монда метавонед. Муҳимаш назди худ мақсад гузоред, он гоҳ коратон барор мегирад. Ба саломатии гурдаву меъда диққати хоса диҳед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз танбалиро аз худ дур сохта, бо кор машғул шавед. Ҳар қадаре бисёр кор кунед, натиҷааш ҳамон андоза босамар мегардад. Аз ҳад зиёд худро хаста нагардонед. Дар масъалаҳои ошиқона бепарвоӣ накунед, вагарна пушаймон мешавед. Маблағи дар даст доштаатон барои ниёзҳои рӯзгор басанда аст. Хароҷоти пулӣ ба хотири ободонии хонаву дар хуб аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ҳатто ҳамкорони ҳасудхӯратон ба қобилиятҳои хуби кории шумо қоил мешаванд. Миёнаи рӯз маблағи пулӣ ба даст меоред, кӯшиш намоед, ки онро беҳуда сарф накунед. Дар ҷодаи муҳаббат вазъият душвор мегардад. Хусусан рӯзи панҷшанбе кӯшиш намоед, ки шахсияти касеро паст назада, хоҳишу дархости шахси дӯстдоштаро ба эътибор гиред.  Аз душманону бадхоҳон эҳтиёт шавед, хусусан мардони ошиқ рақиб пайдо карданашон имкон дорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дархосту ниёзҳои худро дар мадди аввал гузоред, он гоҳ мушкилиҳоятон зуд рафъ мегарданд. Маслиҳатҳои судманди худро аз дӯстону ҳамкорон дареғ надоред. Рӯзи душанбе аз пайи мушкилиҳои молиявии худ шавед, вақтро беҳуда нагузаронед. Рӯз барои бо корҳои пулӣ машғул шуданатон мусоид нест. Дар ин рӯз ба меҳмонӣ даъват мешавед ва сафарҳои кӯтоҳмуддат имкон дорад. Шахсеро, ки дӯст медоред, бо сабабҳои номаълум аз шумо дурӣ меҷӯяд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Яъсу ноумедиро аз худ дур созед ва барои камбудиву ғалатҳои содирнамуда худро азоб надиҳед. Дар ин ҳафта пешравии корҳо аз табъи болидаи шумо вобастагӣ дорад. Ба монеагузории атрофиён, душманон ё бахилии ҳамкорон диққат надиҳед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нимаи дувуми рӯз ба хонаатон меҳмон меояд. Барои он ки бемориҳои ногаҳонӣ шуморо аз пой наафтонанд, ҳушёриро пеш намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД