Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
2786

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аз ҳузури шахсоне, ки бароятон писанд нестанд ва ба онҳо чандон боварӣ надоред, дурӣ биҷӯед, вагарна дар зери поятон чоҳ кофта, ба шумо зарари ҷиддӣ  мерасонанд. Дар бобати саломатиятон ҳам эҳтиёткор бошед. Ба фазои ороми оилавиатон чашм расида, гапатон бо ҳамсаратон мегурезад. Шахси гунаҳкор хатояшро фаҳмида, ба зудӣ узр пурсад, хуб, дар акси ҳол чанд рӯз қаҳрӣ мегардед.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Сарвҳое, ки дар курсии роҳбарӣ нишастаанд, бояд аз пайи такмил додани донишу маҳорати худ гарданд, зеро ба ҷойи равғанини онҳо рақибонашон чашм ало хоҳанд кард. Хоҳед, ки кордатон болои равған бошад, шахсони донишмандро дар атрофи худ ҷамъ намоед, он гоҳ коратон пеш рафта, обрӯятон боз ҳам баландтар мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз бояд тамоми корҳои нотамоматонро ба итмом расонед. Даромади калонро интизор нашавед, пул ба даст биёяд ҳам, ба осонӣ боз аз даст меравад. Вақти он расидааст, ки қарзҳои гирифтаатонро ба соҳибонашон баргардонед. Серкорӣ метавонад шуморо сахт хастаю заиф созад. Дар зиндагиятон шахсе пайдо мешавад, ки ҳаёти шуморо куллан дигаргун месозад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз саратонҳо бояд танҳо ва танҳо дар бораи саломатиашон фикр кунанд. Тавсияҳои духтуронро риоя намоед, вагарна ҳолатон табоҳ хоҳад шуд. Корҳои нав шуруъ карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Беҳтараш корҳои нимколаатонро ба сомон расонед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аввали рӯз бозии тақдир шуморо бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад кард, аммо шумо метавонед бо ақли солим ва маслиҳати дўстон аз ин варта раҳоӣ ёбед. Ҳолати молиявиятон бад бошад ҳам, озурда нашавед, самари меҳнататонро шумо дертар хоҳед чашид. Фикри пулро аз сар дур карда, худро бо тамоми ҳастӣ ба кор бахшед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз барои сумбулаҳо бобарор мешавад. Барои оғоз намудани ҳама гуна тиҷорат айёми беҳтарин аст. Эҳтимоли иваз намудани ҷойи зист ё коратон вуҷуд дорад. Вақти дар чунин масъалаҳои ҷиддӣ хулоса баровардан қаблан ҳама бурду бохти ҷойи нав ё кори навро дар тарозуи ақли худ бар кашед, ки шумо аз ин бурд мекунед ё бохт.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Қисми аввали рӯз дар ҷойи коратон масъул бошед, зангҳои телефонӣ ва мактубҳоро бе ҷавоб нагузоред, зеро хурдтарин хато метавонад боиси норозигии роҳбарон гардад. Нахоҳед, ки кафшҳоятонро пеши поятон монанд, содиқона меҳнат кунед. Нимаи дувуми рӯз як хабари хуш мешунавед.Шиносоии наверо шуморо интизор аст, ки метавонад дар ҳаётатон нақши ҳалкунандаро бозад. Ин шиносоии ошиқона нест.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯзро танҳо ба худ бахшед. Ба кошонаи ҳусн рафта, тарҳи мӯю рўятонро дигаргун намоед, гордеробатонро нав кунед, симои тоза ба рӯйи ақрабҳои доно дари муваффақиятҳои нав ба навро боз хоҳад кард. Танҳо аз харидҳои бемаънӣ даст кашед, то ҷайбатон холӣ нашавад. Барои ба даст овардани дили ошиқи ранҷидаатон ба ӯ ягон туҳфаи хурдакак харед. Пулу мол чирки даст аст, вале ёри вафодорро ёфтан душвор.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар оилаатон мушкилиҳои ногаҳонӣ сар мезананд ва шумо дар ҳаллашон хеле бояд заҳмат кашед. Дасту по хӯрда, гаранг шуда намонед, дар дунё ягон мушкиле нест, ки осон нашавад. Ба танҳоӣ аз уҳдааш набароед, аз дӯстонатон мадад пурсед. Як занги телефонӣ метавонад мушкилии шуморо ҳал кунад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз эҳтимол ҳамёни пур аз пул меёбед ё касе аз хешовандонатон ба шумо ягон чизи гаронбаҳо медиҳад. Хоҳед, ки ҳасудон ба саратон бало набиёранд, хапу хомӯш гардед. Беҳуда нагуфтаанд, ки бовар накун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат, нимаи дуюми рӯз баъзе зодагони бурҷи ҷаддӣ буғзи дилашонро ба дӯсташон мекушоянд, то аз ғаме, ки кайҳо боз қалбашонро мефишорад, раҳоӣ ёбанд, аммо содалавҳиашон боиси фош гаштани сир ва рехтани обрӯяшон мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Қисми аввали рӯз аз вохӯрӣ бо дӯстон ва ошиқатон рӯ нагардонед, вагарна пушаймон хоҳед шуд.  Киссаатон ғафс бошад, ба касе, ки бо умеди дасти мадад ба наздатон меояд, ёрӣ расонед. Худованд ҷавоби некиҳоятонро албатта даҳчанд бармегардонад. Муҳим нест, ки шахси мадад мепурсида одами наздики шумост ё бегона, содиқона хайр кунед, савоб мегиреду дар зиндагӣ баракат меёбед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз пурра ба кори идора машғул шуда, аввал ба худ ва баъд ба роҳбаратон ҳисобот диҳед, ки кадом корҳои муфидро ба сомон расондед. Дар сурати натиҷаи хуб додани меҳнататон шуморо ба вазифаи баландтар пешбарӣ карда метавонанд. Кордатон болои равған мешавад, агар содиқона меҳнат намоед. Даромади пулӣ имрӯз  дар назар нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД