Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз мавқеи худро дар касбу кор ва тиҷорат мӯътадил нигоҳ дошта метавонед. Рақобатро шадид насозед, бо одамон робита намоед ва бартариву шахси даркорӣ будани худро собит намоед. Нафароне, ки нияти сафари хориҷаро доранд, барор ҳамсафарашон мегардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи фаъол аст, нерӯи зиёдатон сарф мегардад, вале қувваи сарфнамударо ба зудӣ барқарор карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли бемор шудани узвҳои пешоброн, шуш ва роҳҳои нафас дар назар аст. Камҳаракатӣ сабабгори худро бад ҳис карданатон мегардад, бештар дар ҳаракат бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Агар дар ин рӯз аз ҳад зиёд ба пурхӯрӣ роҳ диҳед, бемор шуданатон аниқ аст. Барои он ки меъдаатон ташвиш надиҳад, хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол карданатон лозим аст. Муносибати ошиқона дар ҳоли парокандагӣ қарор дорад, кӯшиши наҷот додани онро кунед. Каме меҳрубону ғамхор шуданатон зарар надорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи душвор аст, фикру хаёлатон танҳо ба мушкилоти молиявӣ равона мегардад. На танҳо даромади худ, балки буҷаи оилавиро ба низом оварда, қарзҳои худро супориданатон лозим аст. Нафароне, ки барои дӯстдоштаи худ туҳфа харидан мехоҳанд, маблағи зиёд сарф карданашон лозим меояд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз имкони дар касбу кор муваффақ шудан, эҳтиром ва обрӯву нуфӯз ба даст оварданро доред. Агар корро дар коллективи нав оғоз мекарда бошед, ҳунару маҳорати худро нишон доданатон лозим аст. Нафароне, ки бо тиҷорат машғул ҳастанд, корҳояшон барор мегирад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки аз нафарони бо варзиш машғул ва онҳое, ки машрубот истеъмол намекунанду сигор намешаканд, дарси ибрат гиред, то ки ба саломатӣ зарар нарасад. Вақте расидааст, ки тарки одатҳои бади худ намоед. Ба муноқишаҳое, ки ба шумо зарар мерасонанд, роҳ надиҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зодагони мучали мизонро лозим аст, ки дар ин рӯз ба факту далелҳо бовар кунанд, на ба овозаву ғайбатҳо. Ҳатто ба сухани дӯсти худ бовар накунед. Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Тасодуфан дӯстони нав пайдо менамоед. Дар сафар сар задани ҳодисаҳои ногувор дар назар аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯз барои беҳтар сохтани вазъи иҷтимоӣ ва пешравӣ дар касбу кор созгор аст. Аз ҷониби нафарони воломақом дастгирӣ ҳис мекунед. На танҳо истеъдоду муваффақиятатон, балки ғалатҳоятон низ ба чашми атрофиён мерасад. Барои он ки аз хисороти молиявӣ дар амон бошед, эҳтиёткор бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз хурӯҷи бемориҳо ё ҷароҳат бардоштан имконпазир аст. Вале дар баъзеҳо баръакс, беҳтар гаштани вазъи саломатӣ ва болидарӯҳӣ дида мешавад. Ба ҳолати саломатиятон муносибат бо одамон ва хабарҳои гирифтаатон таъсир мерасонанд. Аз муошират бо нафарони бароятон нофорам худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия медиҳем. Агар чунин имкноният надошта бошед, дар осоишгоҳ истироҳат намоед ё вақти бештари худро дар танҳоӣ сипарӣ кунед. Худро бад ҳис карданатон эҳтимол дорад, ба ҳолати сутунмуҳра ва миёну пойҳо диққати махсус диҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Эҳтимоли пеш омадани мушкилоти молиявӣ дар назар аст. Хусусан, агар коргари одӣ бошед, ҳодисаҳои ногуворе сар зада, сабаби парешонии шумо мегарданд. Нафаре шуморо фиреб додан мехоҳад ё барқасдона хабари нодуруст дода, шуморо ба роҳи хато мебарад. Бодиққат бошед ва шитоб накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯз барои саломатии шумо созгор нест. Ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳиятон осебпазир мегардад. Эҳтимоли хуруҷи бемории ҷоғар, дарди сар ва дарди пой дар назар аст. Барои он ки табъатон болида гардад, бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шавед. Дар оила хароҷотатон зиёд мегардад.