Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои нафароне, ки таъмири хонаро сар карданӣ ҳастанд ва барои ба хонаи нав кӯчидан рӯзи бобарор аст. Ба наздиконатон кӯмак расонидану дастгирӣ карданро фаромӯш накунед. Дар ҷодаи муҳаббат на бо маслиҳати дӯстон, балки бо ақидаи худ амал намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин раз фаврану оқилона амал карданатон лозим аст. Агар дар ҷодаи тиҷорат ба ғалат роҳ диҳед, касеро гунаҳкор карда наметавонед. Дар мағоза ё нақлиёти ҷамъиятӣ ҳушёриро пеша намоед, вагарна маблағи калонро гум мекунед. Нақшаву ниятҳоятонро аз ҳамкорон пинҳон доред.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ҷойи кор бо сардоратон баҳс накунед, бо вуҷуди нодуруст будани эродҳои роҳбарият дар ин рӯз хомӯш буданатон хубтар аст. Дар ҳаёти шахсӣ рашки шумо боиси ранҷишу дилсиёҳии зиёд мегардад. Беҳтараш аз дӯстдоштаи худ ибрат гиред, ӯ ба шумо боварӣ дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз вохӯрии наву тақдирсоз имкон дорад. Ба нафаре, ки шинос мешавед, хубтар диққат диҳед, бахти худро пайдо мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ босабр бошеду дар ҳисобу китоб ба ғалат роҳ надиҳед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намуда, машқҳои табобатиро барои сутунмуҳра иҷро намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Табъи хушу болидаи худро бо нафароне қисмат намоед, ки чунин сифатҳоро надоранд. Ҳамкорон ба ҳар як маслиҳату ҳарфатон бодиққат гӯш медиҳанд. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, вале ба пурхурӣ роҳ надиҳед. Бегоҳӣ хабари хуш мешунавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои ба анҷом расонидани корҳои нотамоматон бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Шахси дӯстдоштаатон аз шумо қадамҳои ҷиддиро интизор аст, зудтар аз пайи издивоҷ шавед. Харидани хона ва сафари берун аз шаҳр бобарор анҷом меёбад. Дар масъалаҳои пулӣ ба макру ҳилла роҳ надиҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои баланд гаштани обруву нуфузатон дар маъракаҳои серодам ҳунару маҳорати худро нишон диҳед. Имрӯз бе кор дар хона нашинед. Имкони пайдо кардани кори хуб ва вохӯрдани шахси дӯстдоштаатон зиёд аст. Ҳар як қадами худро дониста гузореду ҳар ҳарфатонро санҷида гӯед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз бояд вазъияти душвори дар коллективатон баамаломадаро рафъ созед. Азбаски миёни ҳамкорон обрӯи хуб доред, ҳамкорон ба ҳарфатон гӯш медиҳанд. Ташвишу изтироб дар оилаатон бо сабаби бетартибии фарзандон рух медиҳанд. Орзуҳоятон амалӣ намешаванд, вале табъатонро болида месозанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Баъди робита бо шахси машҳур ва воломақом қаноатмандӣ эҳсос мекунед. Нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон сабрро пеша намоед, беҳуда ҳақ будани худро собит насозед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Бегоҳирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Роҳбарият заҳматҳоятонро бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мекунад, вале одати дар назди сардор маҳмадоногӣ карданро партоед, вагарна ба рӯихати сиёҳ меафтед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои ғайриоддӣ рух медиҳанд. Бисёр чизҳои муҳиму аҷиб мешунавед, аз ин лиҳоз пешакӣ омода бошед. Маблағи зиёдро аз даст медиҳед, беҳтараш пулро сарфа кунед. Ғаму андуҳро ба дил роҳ надиҳед, шуморо сидқан дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Андаке нофаҳмӣ табъатонро тамоми рӯз хира мегардонад. Бо ҳамкорон каме муноқиша имкон дорад. Коре кунед, ки муноқишаи пайдошуда ба зудӣ рафъ гардад. Нафарони муҷарраде, ки дӯстдошта доранд, бояд аз пайи бунёди оила шаванд, агар имконро аз даст диҳед, шахси арзандаро пайдо кардан бароятон душвор мегардад.