new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2023
2217

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирии наздикону пайвандон умед баста метавонед. Бо ҳар сабаби ночиз хавотир нашавед. Кори ҷисмонӣ ё варзиш руҳатонро болидаву саломатиятонро беҳтар месозад. Агар як лаҳзаи холӣ ёфтед, аз танҳоӣ ҳаловат бардоред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз нисбати ақидаву пешниҳодҳо бодиққат бошед. Нисбати наздикони худ ботаҳаммул бошед. Ҳар қадаре бо мушкили дигарон бештар машғул шавед, ҳамон андоза имкони рафъ намудани мушкилоти шахсии худро пайдо мекунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар сурати дуруст ба нақша гирифтани вақт кори зиёдеро ба анҷом расонида метавонед. Эҳтимоли рух додани хафагиву нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Барои он ки нафареро наранҷонед, худро ба даст гиред. Ба шахси дӯстдоштаатон имкон диҳед, ки шуморо эрка кунад. Ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ба вазъияти пурмоҷаро ва нафарони фитнангез ҳамроҳ нашавед. Нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Эҳтимол бо шиносҳои деринаатон вохӯрда, аз дидорашон табъатон хира мегардад, аз ин лиҳоз, тавре рафтор намоед, ки гӯё касеро надида бошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо нафарони соҳибвазифа баҳсу муноқиша карданро тавсия намедиҳем. Рӯзи хубест барои мулоқотҳои ошиқона, изҳори муҳаббат ва ба нақша гирифтани тӯю маъракаҳои арӯсӣ. Ҳангоми машқҳои варзишӣ боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед. Дар доираи нафарони ношинос бодиққат бошед, фикр карда гап занед. Барои сафарҳои дур, харидкунӣ, бастани ақди никоҳ чандон рӯзи бобарор нест. Аз асабоният худдорӣ намоед, вагарна гирифтори бемориҳо мегардед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Дар робита бо наздикон ва ҳамсояҳо нофаҳмӣ имкон дорад. Барои мустаҳкам сохтани мавқеи худ бояд ташаббус ва истодагарӣ нишон диҳед. Эхтимоли дар роҳ пайдо кардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронида, нерӯятонро барқарор месозед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли рух додани мушкилоти пулӣ вуҷуд дорад. Ба кӯмаки молиявии дӯстон ниёз пайдо мекунед. Аз гирифтани қарз наҳаросед ва хавотир нашавед, ин мушкилии мувақатӣ аст. Ба наздикӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҳамфикр набудани ҳамсар ва наздикон руҳафтода нагардед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Эҳтимол қавсҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки дар оянда бо ҳам издивоҷ мекунанд. Бо дӯстони дерин вохӯрда, табъатон болида мегардад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале фориғболӣ накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Чӣ гуна гузаштани рӯзро худатон намефаҳмед. Корҳое, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, беҳтараш ба таъхир гузоред. Хабари шунидаатонро санҷида, ба гапи касе бовар накунед. Ба назди фолбин рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли ба доми ҳаннотон афтиданатон зиёд аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар корҳоятон муваффақият дида мешавад. Ба асабоният дода нашавед, вагарна яке аз наздикони худро меранҷонед. Бо ин сабаб хафагиҳои куҳна рӯ зада, кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Ба хонаи нав кӯчиданро дар ин шабу рӯз маслиҳат намедиҳем.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз тағйиротҳои куллиро интизор нашавед. Беҳтараш нақшаи рӯзҳои минбаъдаро кашед. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ором ҷараён мегирад. Шумо аз таҳти дил истироҳат карда метавонед. Ҳар пешниҳод, ки аз ҷониби нафарони ношинос мегиред, беҳтараш рад кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД