Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳамалҳои аз ҳад зиёд иззатталаб ба вазъияти ногуворе афтида, бо наздиконашон муноқиша мекунанд. Аз ҳад зиёд сергапӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ аз нафари ношиносе туҳфа мегиред. Агар нағзакак андеша намоед, аз кӣ будани туҳфаро муайян карда метавонед. Нӯшидани қаҳва асабонияти шуморо бартараф мекунад.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи олиҷаноб аст, аксари орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Аз чунин комёбӣ ва пешравии касбӣ саратон ба осмон мерасад. Сафари хориҷа бобарор анҷом ёфта, ҳамкорони нави тиҷоратӣ меёбед. Дар ҷодаи муҳаббат аз ҳад зиёд раҳмдил нашавед, вагарна сахт пушаймон мегардед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба худу имкониятҳоятон эътимод дошта бошед. Аз бепарвоиву хатогии шумо дар корҳои молиявиятон мушкилӣ сар мезанад. Дар ҳаёти шахсиятон бошад, ҳама чиз хуб аст, хушбахтӣ ҳамсафаратон мегардад. Шом ба дидорбинии нафаре меравед, ки дербоз надида будед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нармдилиатон нисбати атрофиён боиси он мегардад, ки диққати худро ба лаҳзаҳои муҳими равонӣ равона месозед. Агар ба нафаре боварӣ надошта бошед, бо ин нафар муносибатҳои дӯстона барқарор накунед. Мурофиаҳои судӣ, масъалаҳои мерос ва хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбанд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз бо хонаву оилаатон машғул шавед, корҳоятонро муваққатан ба таъхир гузоред. Аз ҷониби дӯстон бухлу ҳасад имкон дорад, аз ин лиҳоз, ба онҳо мисоли худашон ҷавоб надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои ба театру кино рафтан ё маърака оростан мусоид аст. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Мавқеятон дар ҷомеа чандон хуб нест, бар замми ин, бо дӯсти наздикатон муноқиша имкон дорад. Аз имкон дур нест, ки шумо худатон сабабгори муноқиша гаштаед, аз ин хотир, аввалин шуда, барои оштишавӣ кӯшиш намоед. Дар ҷодаи муҳаббат аз интихоби шумо ояндаатон вобастагӣ дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз як қисми маблағи коркардаатонро барои рухсатии ба нақшагирифта мавқуф гузоштанатон лозим меояд. Тамоми корҳои муҳимро субҳи саҳар ба анҷом расонед, то ки барои истироҳат вақт монад. Кори мизонҳое, ки бо сиёсат, шоу-бизнес ва санъат машғуланд, бобарор мегардад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бояд босабру таҳаммул бошед, ба дағалии дигарон бо дағалӣ ҷавоб надиҳед. Ба лоиҳаҳое, ки аз он фоидаи кам ба даст меояд, даст назанед. Шукри чизи доштаатонро карда, кӯшиши якбора даҳ ангуштро ба даҳон андохтанро накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ охири моҳ даромади хуб мегиред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз қувваи худро барои корҳои муҳимтар сарфа кунед, барои ҳар кори ночиз хаста нагардед. Имкони ба кори хубтар пайвастану ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Дар доираи нафароне меафтед, ки дар амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ кӯмак мерасонанд. Сари қаҳр кореро, ки баъдан боиси пушаймонӣ мегардад, накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо атрофиён нармдилу хушмуомила бошед, нисбаташон танқидро раво набинед. Барои нафароне, ки бо савдои яклухт машғуланд, айёми мусоид аст. Рақибонро ба тарафи худ ҷалб намуда, дар маблағгузорӣ ғалат намекунед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ бароятон қуввату саломатӣ ва табъи хуш мебахшад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз натиҷаҳои моҳи гузаштаро ҷамъбаст мекунед. Шумо хаёлан худро барои кори анҷомдодаатон ва рафъи мушкилоти молиявӣ ситоиш мекунед. Дар ҳаёти шахсии далвҳ ҳама чиз саргуму бемаънӣ буда, эҳтимоли аз дӯстдоштаатон ҷудо шуданатон имкон дорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар ҷойи коратон душвориву монеаҳо зиёд мегарданд, вале бо кӯмаки яке аз ҳамкорони ботаҷриба аз вазъият мебароед. Агар ба танқиди ҳамкоратон оромона гӯш диҳед, ҳамкории судманди якҷоя мекунед. Бештар дар ҳавои тоза гашта, реҷаи хӯроки худро дуруст ба роҳ монед.