Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2020
2578

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз рӯйдодҳои гуногун зиёд рух медиҳанд, ки аксари онҳо шуморо ба ҳайрат меоранд. Ниқобатонро аз рӯятон гиред ва бо ҳама якранг бошед. Танҳо ба нафарони наздики худ эътимод кунеду халос. Агар пулҳои худро пинҳон кардан мехоҳед, беҳтараш онҳоро дар бонк гузоред.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар ҷойи коратон мушкилоти ғайричашмдошт ба миён меояд. Барои рафъи мушкилиҳои пешомада аз кӯмаки ёру дӯстон ва наздикон истифода кунед. Дар байни ҳамкорон эҳтиёткор бошед. Қисме аз онҳо бо шумо мефахранду қисми дигарашон ба шумо ҳасад мебаранд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки давраи шукуфоии шумо фаро расидаву ҳама соҳаҳои ҳаётатон рангоранг мешаванд. Новобаста аз он ки шумо мехоҳед ё на, ин суханҳо диққати шуморо ҷалб хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки намунаи дигарон бошед, то онҳо ба шумо пайравӣ кунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҷойи коратон шуморо дашном медиҳанд, аммо ба ин чашм напӯшед. Роҳбарият бояд саъйу кӯшиши шуморо ба назар бигиранд. Шумо низ бори дигар нуқтаи назари худро ба самти дуруст равона кунед, пушаймон нахоҳед шуд. Ба ёд оред, ки киро хафа карда будед. Аз ӯ узр пурсед, сабук мешавед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо ҳақ надоред, ки истироҳат кунед, зеро хавфи аз даст додани тиҷорат вуҷуд дорад. Фаромӯш накунед, ки танга ду тараф дорад. Яъне, ҳар корро аз ду паҳлӯ дида баромадан даркор. Дар интихоби дӯст боэҳтиёт бошед, то дар ҳама ҳолат ба онҳо бовар карда тавонед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз худатон тани танҳо ба муқобили кулли душманонатон ҷангида наметавонед. Ин барои шумо каме душвор аст. Ба худтаърифкунӣ сар накунед, ин ба фоидаи кор нест. Аз чизҳое истифода кунед, ки рангҳои дурахшону ба чашм аён дошта бошанд. Ба эҳсосот дода нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз гуфтушунидҳо хуб мегузаранд ва натиҷаи дилхоҳатонро ба осонӣ ба даст меоред. Бо дӯстони пешинаатон вохӯрда, сари як пиёла чой суҳбат мекунед ва аз онҳо маслиҳатҳои муфид мегиред. Мувозиби ҳар калимае бошед, ки аз даҳонатон мебарояд. Ба ҳар яки онҳо шумо ҷавобгар ҳастед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки дар байни ҷамъият бошед ва бо дигарон ҳамкориро фаъолона ба роҳ монед. Бо наздикони худ ҷанҷолу хархаша накунед, онҳо бе ин ҳам ғамгин ҳастанд. Оромиро ихтиёр кунед ва асабатонро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шумо пурра хушбахт буда наметавонед. Гуфтушунидҳои ҷолиб шуморо интизоранд ва эҳтимол, натиҷаи хуб низ ба даст оварда метавонед. Наздикони худро имрӯз хушбахт кунед, то ҳадде, ки хонаатон аз садои хандаи тифлонатон пур шавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои бастани шартнома ва ба даст овардани натиҷаи хуб рӯзи бобарор аст. Бо дӯстони пешина тамос нагиред ва вохӯриҳоро низ ба таъхир гузоред. Ба гузаштаи худ нигоҳ накунед. Ба оянда бингаред ва ба пеш ҳаракат кунед, то ба мақсади ниҳоӣ бирасед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз аз наздикони худ дур бошед, зеро онҳо бо муноқишаҳояшон шуморо асабӣ мекунанд. Таҳаммулпазир бошед. Барои барқарор кардани баъзе муносибатҳо айёми мувофиқ аст. Барои ҳалли баъзе мушкилиҳоятон фурсат пайдо карда наметавонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки фикри дигаронро ҳам гӯш кунед ва баъзеи онҳоро ба назар бигиред. Аз нӯшидани қаҳва худдорӣ кунед ва зиёдтар об нӯшед. Баъзе дӯстон аз бовариатон мебароянд. Ин сабаб мешавад, ки дар оянда эҳтиёткор бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД