Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3965

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ягон кори дилгиркунандаро ба нақша нагиред. Эҳтимоли муноқиша бо ҳамкорон вуҷуд дорад. Аз шамол хӯрдану хасташавӣ эҳтиёт бошед. Бегоҳирӯзӣ барвақттар ба бистари хоб даромада, истироҳат намоед. Ба корҳое машғул бошед, ки боиси беҳтар гаштани вазъи молиявиатон гашта тавонад.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бобарор аст. Аз дахолати рақибону душманон хавотир набошед, имрӯз ба Шумо зарар намерасонанд. Диққати бештари худро ба бемориҳои роҳҳои нафас равона созед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намуда, хастагиро низ фаромӯш месозед. Дағалгуфторӣ боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Мушкилиҳои рӯзи гузашта, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Рафтори шахси дӯстдошта, боиси хушҳолиятон мегардад.эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Бештар чойи гарм нӯшида, субҳ либоси гарм ба бар кунед.+

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи орому беташвиш аст. Ҳама корро бобарор анҷом медиҳед. Диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ ва роҳҳои нави даромади пулӣ равона созед. Агар заррае дар фикри саломатӣ бошед, зудтар ба назди табиб равед. Бемориеро ки нисбаташ бепарвоӣ зоҳир мекунед, музмин мегардад.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи пурҳодисае аст, ки Шуморо ба ҳаяҷон меорад. Душманон аз заифиятон истифода мебаранд. Аз муноқиша бо нафароне, ки ояндаатон ба онҳо вобастагӣ дорад, худдорӣ намоед. Зимни баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ба қаҳру ғазаб дода нашавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Вазъият яку якбора рӯ ба беҳбудӣ оварда, орзуҳои дерин амалӣ мешаванд. Бо наздикон нофаҳмӣ дида намешавад. Бо шиносҳои нав низ ба хубӣ забон меёбед. Шахсеро, ки сахт дӯст доштаед, ба мулоқоти ошиқона даъват намоед. Дар ин рӯз корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем, беҳтараш сайругашт намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз кам будани имкониятҳои худ рӯҳфатода нашавед. Беҳтараш аз шиносҳои пешина кӯмак пурсед. Барои онки муносибатҳоятон бо наздикон вайрон нагардад, бояд босабр бошед. Ба дӯстдоштаи худ дурӯғ гуфта, ӯро сахт меранҷонед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба касе бовар накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи чандон беташвиш нест. Ҳодисаҳои манфие ки дар ин рӯз рух медиҳад, ба ҳаёти шахсиатон бетаъсир намемонад. Бо наздикони худ муноқиша мекунед, бо нафарони калонсол гапатон мегурезад. Аз хариди калон худдорӣ намоед. Оббозӣ дар ҳаммоми гарм ба саломатиатон таъсири мусбӣ мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи орому беташвиш аст, ягон ҳодисаи муҳиму тақдирсоз рух намедиҳад. Дар масъалаҳои ошиқона аз ҳад зиёд ташвиш накашед, рӯзҳои наздик ҳодисае рух медиҳад, ки тамоми камбудиҳоро фаромӯш месозед. Машқи бадан дар ҳавои тоза ба манфиати саломатиатон хоҳад буд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хеле бобарор аст. Аз рӯзи мусоид истифода бурда, мушкилоти касбиро рафъ ва дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Бо варзиш машғул шуда, бештар дар ҳаракат бошед. Эҳтимоли тӯҳфаи ногаҳонӣ гирифтанатон дар назар аст. Бештар ба мушкилии наздикон ва шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст, барои онки ба ғалат роҳ надиҳед, бояд хеле бодиққат бошед. Камтарин ғалат боиси мушкилиҳои зиёде мегардад. Эҳтимоли сар задани мушкилоти молиявӣ, хароҷоти беҳуда дар назар аст. Нисбати наздикон танқидро раво набинед, аз ҳарфҳоятон сахт меранҷанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Таъсири ногувори рӯзи гузашта фаромӯш гашта, имрӯз нафаси осуда мекашед. Рӯзи хубест барои табобати бемориҳо бо истифода аз давоҳои халқӣ. Агар худатон саббагори муноқишаҳои оилавӣ нагардед, мушкилие дида намешавад. Табъатон хуш набошад ҳам, рӯҳафтодагиро эҳсос намекунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД