Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи серташвиш ва пур аз рӯйдод аст. Дар ин рӯз барои ҳама шахси даркорӣ мешавед. Дӯстону хешовандон дар ҳалли мушкилашон аз Шумо мадад мепурсанд. Беҳтараш ба ободонии хонаву дари худ машғул шуда, нисбати саломатӣ низ беаҳамиятӣ зоҳир накунед. кунҷи танҳоиро ихтиёр накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи хеле бобарор аст. Саврҳои оиладор чун ҳамеша барои беҳбудии вазъи молиявӣ заҳмати зиёд мекашанд. Хаёлҳои хосро аз сар дур созед, вагарна кор бо муноқишаву бад шудани вазъи саломатиатон анҷом меёбад. Нисбати наздикони худ боинсоф бошед. Хатогиҳои худро ба гардан гирифтанро омӯзед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз рафтори номардонаи яке аз дӯстонатон табъатонро хира месозад, аз ин лиҳоз ба онҳо бовар накунед. Тағйиротҳои ногаҳонии тақдирсоз имкон доранд. Ба баҳсу мунозира ва ибрози ақида роҳ надиҳед. Нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаи нохуш зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Вазъи молиявиатон нохуб аст, аз ин лиҳоз дар масъалаҳои пулӣ таваккал накунед. дар ҷойи кор тағйир ёфтани вазифаатон аз худи Шумо вобастагӣ дорад. Имрӯз аз истеъмоли хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед. Хоби имшаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мегардад.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи вазнину хеле душвор аст. Оромиро нигоҳ дошта натавонистанатон боиси ҷангу ҷанҷол ва нохуб гаштани вазъи саломатиатон мегардад. Агар имкон дошта бошед, чандлаҳза дар соҳили дарёча ё ҳавзи об нишаста, хастагиро рафъ намоед. Қаҳва ё ҳаммоми гарм низ манфиат дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир натанҳо боиси асабхаробӣ, балки камбудиҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар сари қаҳру ғазаб ба хатогиҳои нав роҳ доданантон имкон дорад, аз ин хотир, саросема нашавед. Бегоҳирӯзӣ вазъият хубтарт мешавад. Барои дили дӯстдоштаатонро ба даст овардан хотирашро бо тӯҳфае шод намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои худ шуғли аҷибе пайдо мекунед. Ба наздиконатон пурра бовар накунед, яке аз дӯстон дилатонро сахт меранҷонад. Аз ҷангу моҷаро худдорӣ намоед. Боэҳтиёт бошед, нимаи дуюми рӯз хатари ҷароҳат бардоштану рух додани ҳодисаи нохуш зиёд аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи хуб аст, вале фаъолнокии аз ҳад зиёд тавсия дода намешавад, зеро муваффақият ҳар лаҳза метавонад аз даст равад.зимни робита бо ҳамкорон аз ғайбату бадгӯӣ худдорӣ намоед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Баъзе душманон дар ниқоби дӯст бар зидди Шумо кор мекунанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои рафъи мушкилиҳои касбӣ рӯзи бобарор аст. Аз ҳамин рӯз сар карда, қалбатон моломоли ишқу муҳаббат мегардад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ оварда,табъатон хеле хуш мешавад. Як занги телефонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифтанро омӯзед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳама ҳолат эҳтиёткориву ҳушёриро рияо намоед. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, асабӣ мешаведу худро хаста эҳсос мекунед. Нобарории тасодуфӣ вазъи иқтисодиятонро бад месозад. Каме пиёда сайругашт кардан хобатонро бароҳат месозад. Хатои худро ба дӯши дигарон бор накунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ин рӯз барои робитаҳои корӣ чандон мусоид нест. Ҷаласаву вохӯриҳои кориро ба нақша нагиред. Бо шарикони кориву ҳамкорон забон ёфтан душвор мегардад. Аз субҳи содиқ нафаре табъатонро хира месозад. Барои ба ғалат роҳ надодан ба маслиҳати дӯстон гӯш дода, кӯмакашонро қабул кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи мусоидест барои васеъ сохтани доираи фаъолиятҳо ва аз таҷрибаҳо панд гирифтан. Лоиҳаи корие ки кайҳо аз пайи амалӣ карданаш будед, натиҷаи хуб медиҳад. Бурдбории Шумо аз наздикону атрофиёнатон вобастагӣ дорад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.