Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бо он нафароне, ки дер боз қаҳрӣ будед, оштӣ мешавед. Онҳоро ба хонаатон даъват кунед ва сари як пиёла чой суҳбат ороед. Барои оростани дастурхон ҳар чизи заруриро харидорӣ кунед. Ба хотири ба даст овардани як чиз, чизи дигарро бояд аз даст дод. Кӯшиш кунед, ки зиндагии худро тағйир диҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои ногувори зиндагиатонро фаромӯш ва дар бораи ояндаи дурахшон фикр кунед. Масалан, барои фаромӯш кардан ба истироҳат равед. Агар ҷои рафтан надошта бошед, дар муҳити хона худро ором кунед ва барои рӯзи оянда қувваи кофӣ ҷамъ намоед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз шумо бояд аз корҳое, ки ба анҷом расониданашон мушкил аст, дурӣ биҷӯед. Ба корҳои нисбатан сабуктар машғул шавед. Даромади ногаҳонӣ дар ин рӯз шуморо хушҳол месозад, аммо сарфакориро фаромӯш накунед. Агар кори муҳим надошта бошед, пас рӯзро бо истироҳат паси сар кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шуморо бо хушгуфториву сохтакорӣ ба дом афтониданӣ мешаванд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ қурбонии чунин нафарон нашавед. Эҳтимол, ин кор ба ҳолати рӯҳии шумо таъсир мерасонаду ошуфтаҳол мегардед. Имрӯз мустақил бошед ва мушкилиҳоятонро бе маслиҳати дигарон ҳаллу фасл намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки бо дигарон муносибати дағалона накунед. Барои амалӣ кардани чанд нақша шумо бояд эҳтиёткор ва хушмуомила бошед. Маҳз ҳамин тавсия сабаби бобарор анҷом ёфтани корҳои шумо шуда метавонад. Ҳар лаҳзаро моҳирона ва самаранок истифода баред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз шумо корро бо рӯҳияи болида шурӯъ мекунед. Овозаи шумо то дуриҳо паҳн мешавад ва ин ба корҳоятон дар ҳама соҳа кӯмак мекунад. Гуфтугӯ бо роҳбарият, мизоҷон ва шарикон ба хубӣ ва осонӣ паси сар мешавад. Агар бо хориҷиён ҳамкорӣ доред, пас дар корщоятон норасоиҳо ба вуҷуд меоянд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз муваффақиятҳоятон сабаб мешаванд, ки шумо ба дигарон писанд оед. Танҳо имрӯз дар интихоби дилхоҳ чиз на фикри худ, балки фикри дигаронро гӯш кунед ва аз рӯйи гуфтаи эшон амал намоед. Аз харидории чизҳои нолозим худдорӣ кунед, зеро ин на ба фоида, балки бар зарари шумо хоҳад буд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шуморо зарур меояд, ки реҷаи рӯзи худро вайрон кунед. Яъне, дар хона ҳамроҳи наздикон бошед ва аз он корҳое, ки рӯзҳои гузашта мекардед, имрӯз даст кашед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст. Дар масъалаи тиҷорат эҳтиёткор бошед ва вақти бештари худро барои дилхушӣ сарф накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки на танҳо ба ақлу шахсияти худ, балки ба баъзе сирру асрори номуайян низ такя карданатон лозим меояд. Дар миёни мардум бошед ва ба онҳо пайравӣ кунед. Дар масъалаҳои шахсӣ ва корӣ кӯшиш кунед, ки диққати дигаронро камтар ҷалб созед. Ин ба фоидаи шумо аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз чеҳраи худро он қадар ҷолиб созед, ки диққати ҷинси муқобилро ба худ ҷалб карда тавонед. Дар заминаи ин амал чанд кори дигаратон бо рӯҳияи болида пеш меравад. Барои истироҳату табобат ва интихоби либос рӯзи бобарор аст. Кӯшиш кунед, ки дар ин рӯз ҳар гуна меваҷотро истеъмол накунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, то аз корҳои вазнин канор биравед. Беҳтараш дар байни одамон бошед ва фикрҳои ноҷоро аз саратон дур созед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки истироҳат кунед. Барои харид рӯзи хуб аст. Дар интихобу хариди маводҳои косметикӣ ва атр бодиққат бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз дар фазои мусоид муошират бо дигар одамон барои шумо осонтар мешавад. Дар байни мардум бо нафароне вомехӯред, ки дер боз надида будед. Барои ҳалли мушкилиҳои на он қадар калон шуморо лозим аст, ки танҳо табассум кунеду халос. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи мувофиқ аст.